Баргашт Чоп кардан

ВАТАНДОРӢ


НОШУКРӢ ҲАРФИ АВВАЛИ ХИЁНАТ АСТ!!!
Оне, ки ваҳдат сутуни истиқлоли миллии мост, ҳақиқати собитшуда аст. Аммо боз ҳам батакрор бояд гуфт, ки он ҳамчун сарчашмаи саодати миллӣ на осон, балки ба қимати ҷони ҳазорон ҷавонмарди ҷавонмарг ба насли имрӯзу оянда ба мерос монд. Ҷавонони ғолибан аз 25 то 35-сола, ҷавононе, ки мисли ҳамсолони имрӯзияшон зистан мехостанд, орзуи камоли фарзанду тамошои сартарошони онҳоро дар дил мепарвариданд ва табиист, ки таманнои хизмати падару модар дар пиронсолияшонро доштанд. Вале ин ва дигар орзуву ҳавасҳои худро ба хок бурдаву ормонӣ шуданд.
Ба хотири наҷоти давлату миллат аз нобудӣ, ба хотири истиқрори сулҳ ва барқарории ҷомеаи конститутсионӣ, ба хотири имрӯзу ояндаи ману мо. Ва то имрӯз ҳарчанд доғи фарзанд аз қалбашон зудуда нашудааст, қаҳрамонволидони онҳо бо шукронаву заҳмати самимӣ болои бинои пешрафти ин Ватани маҳбуб бо имкону қудрате, ки доранд, хиште болои хишт мечинанд, то ҷонфидоиҳои ҷигаргӯшаҳояшон барабас набошад. Бо садоқати худ ба ин давлат ва ин Ҳукумат гӯё эҳтиромашонро ба интихоби фарзандони қаҳрамон собит кардан мехоҳанд. Шахсан аз забони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мардумӣ ва Қаҳрамони миллиамон, шунидаам, ки бо такрор аз шуҷоату нангу номуси фарзандони шаҳид ёдовар шудаву бо таассуф гуфтаанд: «То имрӯз як падар ё як модари фарзандони ҷоннисори Ватан ба хоҳише назди ман наомадааст. Ҳар боре ки худам бо сафарҳои корӣ дар наздашон будам, ба ҷуз аз шукргузорӣ ҳарфи дигаре аз забони онҳо нашунидаам. Ана ин аст ватандорӣ, ана ин аст ватансозӣ, ана ин аст садоқати воқеӣ ва ана ин аст нангу номуси ҷавонмардӣ…».
Албатта, давлату Ҳукумат дар доираи тавонмандие, ки доранд, подоши ҳар хизмати анҷомдодашударо ҷуброн кардаву ба фарзандони содиқи Ватан ба таври ҳамешагӣ арҷ мегузоранд. Аммо сухан сари садоқати воқеии инҷониб ба Ватан меравад, ки фарзандони фидоӣ бо нархи ҷонашон онро собит сохтаву месозанд. Ба худу ба хизмати худ нарх намемонанд, мансабу сарвату дороӣ талаб намекунанд, ҳатто дар бораи корнамоиҳояшон ёдрас шуданро ба худ раво намебинанд. Худрову ҳастии худро бетамаъ ва беғараз ба ҳамин Ватан ва ба ҳамин миллат мебахшанду таваккал бар Худо мекунанд. Фарзанди асиланд онҳо, фарзандоне, ки ҳар ваҷаби ин хоки муқаддас баробари Модар барояшон арзиш дорад, ҷигаргӯшаҳои воқеии Ватананд.
Ва аммо баъд, фарзандони дигаре низ ҳастанд, ки ба осиёби пешрафти ин давлат 1 дона ҷав мерезанду баробар ба сад ман гандум миннат мекунанд. Хоса аксаран онҳое, ки то синни нафақа, баъзан ҳангоми бознишаста буданашон низ, чанд соли дигар соҳибмансабанду ба қавле, кордашон болои равған. Давр меронанд, худрову решапайвандони худро месозанд, то ҳадде, ки бо ҳашамати авлодӣ давлатеро мемонанд даруни ин давлат. Аламовараш ин аст, ки ғолибан касе пай намебарад барои кадом хизматҳо?! Чаро як соҳибмансаб барои болоравии имиҷи коргоҳу соҳаи бар дӯш доштааш, ки тавъам ба обрӯи Ҳукумат аст, як кори чашмрасе анҷом надода, то ин ҳад худписанд мешавад?! Даҳ вазир иваз мегардаду як Президент билохира мушкили тамоми соҳаҳоро бартараф месозад, сад раис нав мешаваду як Президент деҳоту марказҳои ноҳияҳоро баҳористон мекунад, вале як Роҳбаре, ки боз ҳам пеши мардуми одӣ аз мошин пиёда мешавад, ҳамоно худи Президент аст.
Эй онҳое, ки аз хубии ин абармард соҳиби ному нон шудаед, ақаллан, ними ӯро Инсон бошед! Махсусан, дар соҳаҳои иҷтимоӣ 30 соли охир 1 вазир мустақилона 1 коре, амале, барномае роҳандозӣ насохт, ки аз пушти ӯ 1 нафар ба Ҳукумат аҳсант гӯяд. Аз шароити корӣ то тарбияву таъмини кадрҳоро дар дохилу хориҷ фақат ҳамин як Президент бар дӯш доштаву мушкилкушоӣ мекунанд.
Эй ношукрон, чандин нафар аз он ҷавонони ғӯрамарг дар роҳи давлатсозӣ ба яқин шояд шаҳри Душанбе – пойтахти Ватанеро, ки барояш ҷон бохтанд, надида буданд. Шумо ончунон азхудрафта шудаед, ки дигар Душанбе бароятон тангӣ мекунаду дар ҳавливу хонаҳои баландошёнаатон дилатон намефарояд. Давродаври Душанбе дигар зеботарин гӯшаҳои беруназшаҳриро ҳам моли худ сохтаву лаби дарё ба роҳат меравед. Боз ҳам Х номаълум барои кадом хизматҳои инфиродиятон.
Дар тасаввурам намеғунҷад, ки чарову барои чӣ бояд бинолед, бад гӯед ва ношукр бошед?!
Сухан, балки панди гӯшнавози Пешвои маҳбубамон аст, ки бо такрор таъкид месозанд: «Ман ба шумо бовар карда, ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин мекунам, вале обрӯро бо фармони Президент дода намешавад. Ба мардум такя карда, кор кунед, мардум эҳтиром мекунад…».
Мебахшед, баъзан 5 – 8 сол дар идораҳои давлатӣ кор мекунед, мардум як тараф истад, зердастонатон ному насабатонро пурра намедонанд.
Эй худписандон, шумо дар давраи тиллоӣ роҳбар будеду ҳастед. Сарваре чун Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо мардуми ҳаммарзу ҳамзабон, балки кишварҳои дигари пештоз орзу доранд. Боз ҳам номаълум барои кадом хизматҳо унвону ҷоизаҳои давлатӣ чун борони раҳмат бар саратон мерезад. Як шоирнамо дар 50 соли фаъолият 5 шеъри беҳтар аз дигарон навишта, қариб ки баробари Қаҳрамон қадрдонӣ мешавад, вале чун дар як зиёфати расмӣ бедаъват монд, найи ҳамеша ҷӯру омодаашро бардоштаву худро ба нола мезанад. Хайр, шоирон инсонҳои эҳсосиянд мегӯянд, шумо чӣ??!
Даст болои сина монда, як бор аз худ пурсед, он чи барои давлат додем, магар бештар аз ёфтаҳоямон аст?! Эй инсонҳо, зиндагии имрӯзаи моро онҳое лоиқтар буданд, ки барои фарорасияш алайҳи тири душман мардонавор сина сипар карданд, ҷон бохтанд. Вақте ба Ҳукумату сарвараш эҳтирому эътиқод карданд, ки ба арзиши хасе аз он баракат надида буданд. Шумо бошед, бо дороиҳое чун амирони Бухоро фардои аз вазифа рафтанатон, каждумвор ба пушти Ҳукумат неш мезанед.
Фаромӯш накунед, оне, ки чанд нафар ба ҷурми хиёнат ба Ватан аз шумори ходимони давлатии пешин дастгиру муҷозот шуданд, ҳанӯз охири кор нест. Ману мо ҳам агар баъди рафтан аз вазифа ҷое лаб ба шикваву бадгӯӣ мекушоему лаҷоми ношукрӣ раҳо месозем, бояд ҳатман муҷозот шавем.
Ба фикри шахсии ман, ношукрӣ ҳарфи аввали хиёнат аст. Фақат бо ҳамин як далел, ки ношукриҳои мо эътиқоду эътимоди чанде аз насли имрӯзу ояндасозро ба давлату Ҳукумат метавонад коста гардонда бошад. Бинобар ин, бисёр мехоҳам, ки дар кодекси ҷиноятии мо моддае бо мазмуни «ҷазо барои ношукрӣ» чун нақш дар санг ҳаккокӣ шавад.
Ё шумо андешаи дигар доред?