Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ


НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР БОЗТОБИ ҶОЙГОҲИ МАЪНАВИИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР ОРИЁНОИ ТАЪРИХӢ
Балхи бомӣ зодгоҳи Мавлавист,
Машриқи сад офтоби маънавист.


Бо илҳом аз тасмими Пешвои фарҳангдӯсти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ, мехоҳам тавассути мақолаи мазкур ҷойгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва заминаҳои таърихии зуҳури ин ҳакими шинохтаи ҷаҳониро ба арзи қатрае аз баҳри беканори фалсафӣ барои хонандагон бозгӯ намоям.
Роҳи навиштанро барои ин мақола суханони волои Президенти мамлакат ҳамвор намуд, ки гуфтаанд: «Агар имрӯз аз Каҳкашони дурдаст тамос бигиранд ва фавран бихоҳанд, ки ду китоби намунае барои муаррифии шахсияти миллии мо барояшон бифиристем, гумон дорам «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоноро метавон ихтиёр кард».
Воқеан, тасмимҳои Ҳукумат бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи дипломатияи фарҳангӣ, ки онро коршиносон комёбии «неруи нарм»-и сиёсати хориҷии Тоҷикистон медонанд, боиси он шуд, ки ҷашнҳои ҳувиятсози миллии мо амсоли 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2500-солагии шаҳри Хуҷанд, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 5500-солагии Саразм, Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар расму оинҳо шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда, барои муаррифии тоҷикон ҳамчун миллати таърихан соҳибтамаддун заминаи мусоиди фароҳам оварад.
Дар ин радиф танҳо соли 2025-ум 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали Қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон), бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ, эътирофи шаҳри Панҷакент ба сифати «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» бо саъю талошҳои бесобиқа ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Овардани кафи хоке аз оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон – Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад ба Ватан аз ҷумлаи иқдомҳои таърихӣ ва мондагори Сарвари давлат мебошад, ки аз хотираҳо ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд.
Ва ниҳоят қарори Президенти кишвар дар бораи бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанберо метавон нуктаи такягоҳии масъалаҳои таърихӣ ва таърихнигории муосири тоҷик унвон кард.


ШИНОХТИ ТАЪРИХӢ ВА ИМРӮЗИИ МАВЛОНО: АЗ ИНСОН БУДАН ТО ИНСОНШИНОСӢ
Дар ҳамин радиф арҷгузории Пешвои миллат ба хидматҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз чанд дидгоҳ афзалият дорад, зеро таъсирпазирӣ аз Мавлоно ва осори ӯ дар ботини ҳар як сокини хиттаи таърихии Балх эҳсос мегардад, ки беш аз ҳама дар таҳаммулпазирӣ, садоқат, инсондӯстӣ ва созандагӣ муаррифӣ мешавад. Гӯё, ки Мавлоно тоҷикони имрӯзаро мухотаб қарор додааст, ки дар пешбурди кору пайкор бар ақлоният ва донишу фарох такя кунанд.
Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207 – 1273) шоир ва файласуфи тоҷику форс ва ифтихори кулли ориёнажодон, ки бо нигоштаҳои волои ҳакимона ва дидгоҳи дақиқаш ба мақоми олам ва одам аз ҳамасронаш фарқ менамояд, дар қарни ХХI вуҷуди инсонҳои асили ҷаҳонро тасхир кардааст. Назарияи «Сулҳи кулл»-и Мавлоно, ки роҳҳои бурунрафти масъалаҳои калонмиқёси ҷаҳониро раҳнамун шудааст, сармашқи кишварҳои сулҳҷӯст.
«Маснавии маънавӣ» серхонандатарин китоб ва роҳнамои инсонҳои бедордил новобаста аз мансубияти миллӣ ва гароишҳои салиқавӣ гаштааст. Мавлоно олимест мумтоз ва адибест инсоншинос, ки ҳарчанд ба гуфтаи шоир «Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб, Нест пайғамбар, вале дорад китоб», нуктаи арши аълои васфи ӯст, пуштивонаи ғании илмию фалсафии осораш боз ҳам ниёз ба пажӯҳиши иловагӣ дорад.
Вижагии асари Мавлоно бар ақидаи ғолиби аксари олимон ва пажӯҳишгарон ин аст, ки ҷузъи навоварӣ ва навгонӣ бахши аъзами онро ташкил медиҳад (1), хонандаро ба кашфи як дунёи саршор аз ҷаҳду талош мебарад (2), шигифтӣ ва ҳисси кунҷковиро меангезад (3), (4), мухотабро хаста намесозад (5), иштиёқи инсонро барои хондан, корҳои созанда ва нафъовар таҳрик мекунад (6), аз ҳошияравиҳои ноҷо дар он парҳез шудааст (7), сохтори шеър ва вожаҳо қолабшиканона ва боназокат шакл меёбанд (8), барои дигарон ҷозиба меофаринад (9) ва аз ҳама муҳимаш тавоноӣ ва иқтидори зеҳнии андешидан ва амал карданро боз мегардонад (10).
Ҷалолиддини Балхӣ офтоби маърифат ва ҳикмату адаби тоҷикон аст, ки шуҳрат ва таълимоти ӯро ҷаҳониён барои шахсиятсозӣ, шинохти оламу одам ва роҳҳали масъалаҳои ҳаётӣ пазируфтаанд. Рисолати ӯ, ки аз ибораҳои мактаби худсозӣ маншаъ мегирад, паёми равшан ва гиро «Ҳар касеро бозсозӣ боядо, Гар насозӣ худшиносӣ наоядо!» ба иштиёқмандони илму маърифат медиҳад.
Адабиёти форсӣ-тоҷикӣ бо вуҷуде, ки зиёда аз ҳазор сол арзи вуҷуд дорад, боз ҳам дар амри рақобатпазир будан бо адабиётҳои пешрафтаи ҷаҳон, бинобар пуштивонаи ғании маънавӣ ва пойгоҳи фалсафӣ бовиқор дасту панҷа нарм мекунад, ки дар ин росто нақши Ҷалолиддини Балхӣ басо бузург аст.
Посухи Мавлоно ба маҷро ва моҷароҳои ҳаётӣ дақиқкорона ва бунёдан илмӣ будааст. Меҳвари андешаварзиро дар ҷустуҷӯйи масири худӣ ва огоҳии фалсафӣ ташкил медиҳад, ки пайомадҳои ногуворро зина ба зина бар бунёди илми пешрафта ва ақлгароии таърихӣ рафъ ва бартараф менамояд.
Ҷавҳари аслӣ ва калидии ҳикмати ҳаёт ва фалсафаи Мавлоно ҳамчун илм инсон будан аст, инсони воқеӣ, ки орӣ аз хислатҳои манфӣ, бо иродаи маҳками равшан нигоҳ доштани чароғи ҳамешабедори зиндагист.
Паёми равшан ва возеҳи Мавлоно ба хонандаи закӣ ин аст, ки танҳо бо талошҳои воқеӣ, иродаи безавол, руҳи шикастнопазири фалсафӣ метавон ба сарманзили мақсуд расид.


АЗ БАЛХИ БОСТОНӢ ВА ДАВРАИ МАВЛОНО ТО БАЛХИ ИМРӮЗ
Таърихшиноси маъруфи тоҷик Насрулло Убайдулло бо истинод ба ақидаи муҳаққиқ В. Бартолд зикр менамояд, ки “... фарҳанги волои мардуми Мовароуннаҳр ва Хуросон дар тули таърих борҳо аҷнабиёни омадаро тасхиру тобеъ намудааст. Барои тақвияти фикри худ ӯ (В. В. Бартолд) шаҳри Балхро чун мисол оварда менависад, ки баъди аз нав барқарор гаштани ин шаҳр ҳокими араб шаҳри Боруконро нест намуда, аҳолии онро ба Балх овард. Ин яке аз ҳодисаҳои нодир дар таърихи исломӣ аст, ки ғосибон ба хотири эҳёи шаҳри тоисломии Балх шаҳри худро вайрон намуданд”.
Муаллифи ин сатрҳо чандин дафъа аз макони зисти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва хонаводааш дар атрофи шаҳри Балх дидан кардааст ва бинобар зарурати корӣ ҳайатҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла хабарнигорони телевизиону радиои тоҷикро ҳамроҳӣ намудааст. Моҳи сентябри соли 2007 дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон адабиётшиносони шинохта Худоӣ Шариф ва Алимардони Амрияздон иштирок намуда, бо суханронии олимонаи худ ба маҳфил зинат бахшиданд. Ин дастоварди муҳими «неруи нарм»-и дипломатияи тоҷик буд.


ХОНАҚОҲИ МАВЛОНО ВА МАРҚАДИ ДИГАР БУЗУРГОНИ ТОҶИК ДАР БАЛХ
Дар ин қисмати мақола сухан аз мавқеи ҷойгиршавии хона ва хонақоҳи Мавлоно меравад, ки барои пажӯҳишгарони таърихи адабиёт муфид мебошад. Шаҳри Мазори Шарифро ҳамчун пойтахти Бохтар ва Бухдии қадим модари шаҳрҳо, «умма-ул-билод», «умма-ул-қуроъ», «шаҳри вилоятмаоб» ва маъвогоҳи шоири оламшумул Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ медонанд. Дар 20 км дуртар аз ҷануби шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх ноҳияи ҳамноми Балх ҷойгир аст, ки дар маркази маъмурии он қалъаи қадима бо чор бурҷи айёрон дар атрофаш, оромгоҳи шахсиятҳои машҳур ва шинохтаи адабу ирфони тоҷик низ макон ёфтаанд.
Фарзияи илмие, ки бар тақвият ва пажӯҳиши иловагӣ ниёз дорад, асосгузори шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх будани Абумуслими Хуросонӣ аст, ки дар шароити деҳаи дурдасти Хуросон Хоҷа Ҳайрон эъмор ёфтани ин шаҳр далели ин гуфтаҳост.
Оромгоҳи шоири зиндаёд Робиаи Балхӣ (асри Х) – модари шеъри порсӣ ва ҳамзамони Одам-уш-шуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар ҳамин ҳудуд ҷойгир аст. Ба гуфти мардуми маҳал қабри орифи тавоно Хоҷа Муҳаммади Порсо дар маркази маъмурии Балх маскан гирифтааст. Вале пажӯҳиши мо нишон дод, ки ин далел ниёз ба дурустсанҷиро дорад. Зеро Хоҷа Муҳаммади Порсои Бухороӣ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, ҳамеша дар Бухоро зиндагӣ кардааст ва ба андешаи М. К. Зинҷонӣ, ӯ ҳангоми сафари дувумаш бар асари беморӣ даргузаштааст ва пайкари ӯро дар Мадина ба хок супурдаанд. Ба гуфтаи ин муҳаққиқ, пас аз марги Хоҷа Муҳаммади Порсо писараш Хоҷа Абунасри Порсо, ки худ аз пирони номдори тариқати нақшбандия буд, бо фарзандонаш ба Балх рафт ва он ҷо зиндагӣ кард. Дар ин шаҳр фарзандони Хоҷа Абунасри Порсо хонадони муътабар ва соҳибномеро бо номи порсоиён ба вуҷуд оварданд. Аз ин рӯ, бо эҳтимоли зиёд ин оромгоҳ на ба худи Хоҷа Муҳаммади Порсо, балки мутааллиқ ба писараш Хоҷа Абунасри Порсо ё яке аз наберагонаш бояд бошад.
Дар масофаи 2,5 километр аз самти рости маркази Балх дар деҳаи Хоҷа Баҳовуддин хонақоҳи падари Мавлоно Хоҷа Баҳовуддини Валад ҷойгузин аст, ки макони илму фарҳанг, тадрис ва роҳнамоии аҳли иштиёқмандон ва пайравони тариқат будааст.
Бинои баландиаш тахминан 10 метр бо равзанаҳои барҳаво аз чор тараф дар гӯшаи заминҳои обии мардуми маҳали Балх ҷойгир мебошад. Аз як гунбази калон ва чор гунбази хурд иборат мебошад. Бино бо хишти хом сохта шуда, танҳо ҳарими онро аз газанди боду борон сақфи оҳанӣ маҳфуз нигоҳ медорад. Даромадаш ба андозаи се метр ва баландиаш низ ба ҳамин андоза мебошад. Дар атрофи бино умуман маҳале, ки хонақоҳӣ мебошад, қамишзори калон аст, ки касе ин ҷоро дид, ба фикр фурӯ меравад, ки мисраъҳои нахустини «Маснавии маънавӣ» «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад» баргирифта ва мутаассир аз муҳити зисти Мавлоно будааст.
Ҳине ки аз маркази маъмурии Балх ба сӯйи хонақоҳ ва хонаи Мавлоно меравед, дар гардиши роҳе, ки ба сӯйи хонақоҳ аст, аз тарафи чапи роҳ байти Мавлоно бо ранги осмонӣ дар тиккаи оҳанин сабт шудааст:
Наъраи ҳойу ҳуйи ман, аз дари Балх то бар Рум,
Асл куҷо хито кунад, Шамси ману худойи ман.
На он қадар дуртар аз хонақоҳи Баҳовуддин Валад маъбади Навбаҳор ҷойгир мебошад, ки соли 2004 аз ҷониби Институти таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ дар ин ҷо таҳқиқот гузаронда шуд. Маъбади Навбаҳорро ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безавол бо иқтибос ба абёти “Гуштоспнома”-и Дақиқӣ ин тавр тасвир кардааст:
Чу Гуштоспро дод Луҳросп тахт,
Фуруд омад аз тахту барбаст рахт.
Ба Балх гузин шуд бад-он Навбаҳор,
Ки яздонпарастон бад-он рӯзгор.
Мар он ҷойро доштандӣ чунон,
Ки мар Маккаро тозиён ин замон.
Ба ривояте, ки байни мардуми Балх роиҷ аст, вақте дар маъбади Навбаҳор оташ меафрӯхтанд, бо истифода аз усули рамзҳои давраи оромӣ ва ҷанг дар гирду атроф то ба шаҳри Тирмиз паёми он мерасид ва мардумро аз ҳар гуна ҳодиса ва пайомадҳои хуш ва ногувор хабардор мекард. Хишти пухтаи Навбаҳор ҳамсон бо хишти Қалъаи Ҳулбук мебошад, ки таъсирпазирии ҳунарҳои ду қаламрави тоҷикнишинро дар эъмори иншооти муҳим бозгӯ менамояд.
Ба гуфтаи балхиён, хонақоҳи Султонулуламо Баҳовиддин Валад падари Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ то ҳамин аҳд дар Балх вуҷуд дошт, ки дучори тилисми таассуб ва бадбинӣ гардид. Акнун дар имтидоди хиёбони Куния гузари Баҳовуддин Валад махрубаҳои «Хонаи Мавлоно» боқист, ки интизори эҳё ва бозсозиро мекашад.
Эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун шохаи бузурги дарахт ва нахустунсури тамаддунии тоҷикон нақши зиндагисозӣ, фарҳангпарварӣ, миллатмеҳварӣ ва шахсиятмадории наслҳои гуногунро дар Ориёнои таърихӣ бар дӯш доштааст ва бо мурури замон нишонаи соҳибмаърифатӣ, ҳушмандӣ, пешсафӣ, фарҳехтагӣ ва донишмандии дорандагони онро таҷассум мекунад. Соҳибони забони куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷикӣ ба қавли Ҳофиз чун «Булбул ба шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ, Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ» рисолати инсонсозӣ, равшанфикрӣ ва талқини ҷавҳари биниши илмандӯзиро ба дигарон манзур медоштанд, то ки ҷаҳли мураккаби афкорӣ ва таассуби камёфти рафторӣ бар ақлҳо мусалат нагардад.


Умед НАЗАРОВ,
номзади илмҳои таърих