26 – 28-уми июн дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор шуд. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, раисони як қатор шаҳру навоҳии вилоят, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори омма дар ин чорабинӣ иштирок карданд.
Дар доираи барномаи сафар, нахуст раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳокими вилояти Алмаато Марат Султонгазиев мулоқот анҷом дод. Дар оғози мулоқот раиси вилояти Хатлон таъкид кард, ки муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Қазоқистон дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи сарварони ду давлат сол ба сол таҳким ёфта, ҳамкориҳои байни минтақаҳо дар ҳоли рушд аст.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Давлаталӣ Саид омодагии вилояти Хатлонро барои роҳандозии содироти мунтазами лимӯ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои Қазоқистон таъкид кард.
Сипас, Давлаталӣ Саид бо ҳокими шаҳри Алмаато Дархан Сатибалди мулоқоти расмӣ анҷом дод, ки дар ин дидор баргузор гардидани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар шаҳри Алмаато ҳамчун рӯйдоди муҳими иқтисодиву фарҳангӣ арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ ва густариши ҳамкориҳои байни соҳибкорони ду ҷониб аҳамияти калон доранд.
Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Алмаато бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷикон, ҳамватанон ва соҳибкорони бурунмарзӣ вохӯрӣ анҷом дод. Ҳадафи асосии ин дидор баррасии фаъолияти ҳамватанон, мубодилаи таклифу пешниҳодҳо ва роҳандозии муколамаи озоду судманд буд.
27-уми июн дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳокими шаҳри Алмаато Дархан Сатибалди оғоз гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади муаррифии имкониятҳои содиротии вилояти Хатлон, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин ҷалби сармоя ва пайдо намудани бозорҳои нави фурӯши маҳсулоти ватанӣ, роҳандозӣ шудааст.
Дар намоиш-фурӯш зиёда аз 1050 тонна маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Алмаато пешниҳод гардид. Аз ҷумла, пиёз, картошка, лаблабуи сурх, карам, шалғам, помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, тарбуз, харбуза, олу, дигар навъҳои меваю сабзавоти тару тоза ва, инчунин меваҳои хушки хушсифат, ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуданд.
Намоиш-фурӯш ду рӯз идома кард, ки аз кори он сокинону меҳмонони шаҳри Алмаато қаноатманд гардида, барои ташкили он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сипос гуфтанд ва хостори он шуданд, ки чунин иқдомҳо бештар роҳандозӣ шаванд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”