Баргашт Чоп кардан

1 ИЮЛ. РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА


Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар замони муосир» чорабинии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ кормандони соҳаро табрик гуфта, таъкид сохт, ки суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар сиёсати давлатии Ҳукумати ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон, бахусус насли калонсоли мамлакат, бо мусоидату дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосса Роҳбари давлат, тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. 

Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, иброз дошт, ки бо ҳидояту ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолон, маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба зиёд шуд. 16-уми феврали соли 2026 барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид гардида, минбаъд 1-уми июл ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа расман таҷлил мегардад. Басо рамзист, ки 30-юмин солгарди таъсисёбии Агентӣ ва таҷлили Рӯзи касбии кормандони соҳа ба Ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост омад.

Бо таъкиди мавсуф баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани шароити кории кормандони соҳа яке аз ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур, дар 30 соли фаъолияти фонди нафақа беш аз 20 бинои нав барои сохторҳои Агентӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар фароварди чорабинӣ собиқадорони соҳа Саъдулло Қудратуллозода, сардори раёсати назорати таъину пардохти нафақа ва андӯхтҳои нафақавӣ, Шариф Шомадзода, сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Кӯлоб, бо нишони сарисинагии Аълочии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва 16 корманди фаъоли Агентӣ бо сипоснома ва мукофоти хотиравӣ қадр гардиданд.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»