Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳё ва рушду ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ соли 2018-ро дар баробари рушди соҳаи сайёҳӣ рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Дар пайи ин иқдоми созанда, ки ангезаи муассири таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа ба ҳунару ҳунармандӣ гашт, боз се соли дигар тамдид кардани он тасмим гирифта шуд, ки раванди мазкурро идомаи мантиқӣ ва устуворӣ бахшид. Маҳз ба ҳамин шарофат ҳунарҳои ба гӯшаи фаромӯшиафтода ва дар ҳоли нобудшавӣ қарордошта, дубора эҳё гардида, рӯ ба рушд ниҳоданд. Имрӯзҳо сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар намунаи касбу ҳунари якдигарро аз худ карда, дар пешбурди рӯзгорашон истифода мебаранд. Ин дар навбати худ ба ҳифзи анъана ва суннатҳои қадимаи мардумӣ, ғановати маънавию фарҳангӣ, ташаккули фазои ягонаи ҳунармандӣ, муаррифии миллати соҳибтамаддуну соҳибҳунар мусоидат менамояд.
ЭҲЁ ВА ВУСЪАТИ ҲУНАРМАНДӢ
Дар ин давра бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ, ташаккул ва дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул ва рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия ва ба тасвиб расид. Алҳол тибқи Барнома, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис ёфтаанд, ки ба рушди инфрасохтор ва дастгирии ҳунармандӣ шароти мусоид фароҳам меоранд.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳунар-мандон тавассути 104 мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил шуда, ба харидорон пешниҳод мешавад. Рушди ҳунарҳои мардумӣ бевосита ба ташаккулёбии бозори меҳнат ва таъмини шуғли аҳолӣ таъсири самарабахш мерасонад.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ айни ҳол дар кишвар 6672 ҳунарманд фаъолият дорад.
МАРКАЗИ ЯГОНАИ ФУРӮШИ МАҲСУЛИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАМЕРАСАД
Сафарбек Ҷобиров, директори Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки ҳунармандони мо дар тамоми намоишгоҳҳои дохил ва берун аз ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Айни ҳол омодагии мо барои иштирок дар Фестивали байналмилалие, ки аз 16 то 18 июни соли равон дар шаҳри Бухоро мегузарад, идома дошта, дар он 12 ҳунарманд ширкат меварзад.
– Муҳите, ки моро иҳота кардааст, барои ҳунармандони беҳтарин бисёр мувофиқ аст. Танҳо бояд саъю кӯшиш кард, – мегӯяд С. Ҷобиров.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо танҳо як камбудӣ мавҷуд аст, он ҳам набудани маркази ягонаи фурӯши молҳои ҳунарҳои мардумӣ. Гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки дар меҳмонхонаҳо фаъолият мебаранд ва мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мавҷудбуда аз ҷониби тоҷирону соҳибкорон таъсис ёфтаанд. Бинобар ин, ҳунарманд бевосита маҳсули дасти худро ба фурӯш бароварда натавониста, онро ба соҳибкор ё тоҷир пешниҳод месозад ва худаш паси парда мемонад.
ҚАДРИ ҲУНАРИ ДАСТӢ ҚАРИБ, КИ АЗ БАЙН РАФТААСТ
Доро Ниёзов, кандакор, наққош аз шаҳри Душанбе, иброз медорад, ки имрӯз тараққиёт ба дараҷаи кайҳонӣ пеш меравад. Ҳозир асбобҳое, ки дар соҳаи ҳунармандӣ истифода мешаванд, компютерӣ шуда истодаанд. Мо ҳам мекӯшем, ки ҳунарҳои миллии тоҷикиро ба сатҳи нави рушд расонем. Бо ин мақсад, ҳунарҳои Осиё ва Аврупоро омезиш дода, кор мекунем. Гарчанде чунин омезиш додан бисёр мушкил аст. Барои он ки маҳсули ҳунари шумо ба ягон кас писанд ояд, пеш аз ҳама, бояд кӯшиш кард, ки он ба худат маъқул шавад.
– Ман бештар нақшҳои Ватикан, Италия, Ҳиндустонро бо ҳунари худамон муқоиса мекунам. Баъдан, каме аз ин ва каме аз он гирифта, боз андаке аз худ омехта намуда, дар кори хеш истифода мебарам, – мегӯяд Доро Ниёзов. Алҳол мо ба тарзи классикии таъмири хонаҳо (евроремонт) усули нақшу нигори миллӣ дар деворҳоро дохил кардаем. Дар фанераҳои 7-8-сантиметра нақшу нигори дастӣ мекашем. Яъне, усулҳои муосири таъмири хонаҳоро бо нақшу нигори қадимаи миллӣ омезиш медиҳем, то ҳунарҳои гузаштагонамон аз байн нараванд.
Моро ба озмуну намоишгоҳҳои байналмилалӣ даъват мекунанд ва кӯшиш менамоем, ки дар онҳо маҳсулоти аз ҳунари дастӣ омодакардаро пешниҳод созем, зеро бештар арҷгузорӣ ва қадршиносӣ мешаванд. Маҳсули ҳунарҳои дастӣ дар хориҷа нисбат ба кишвари мо арзиши зиёд дорад. Масалан, дар Испания беҳтарин скрипкасозҳое ҳастанд, ки як скрипкаи дастисози онҳо аз 100 то 150 ҳазор евро арзиш дорад. Дар ҳоле ки нархи скрипкаи дар завод истеҳсолшуда 20-25 евро мебошад. Ё дар Италия мӯзадӯзе ҳаст, ки як пойафзоли дӯхтаи ӯ 4-4,5 ҳазор евро нарх дораду фармоишаш барои шаш моҳ, аллакай, тайёр аст. Мутаассифона, ҳоло дар мо меҳнати дастӣ ба таври зарурӣ қадр намегардад. Ҳолате мешавад, ки як сандуқча месозаму дар намоишгоҳҳо нархи пастеро барои он муайян мекунам, масалан 400 сомонӣ, ки мардум онро гарон мехонанд. Дар ҳоле ки баъзан вақт барои омода сохтани як сандуқча 20-25 рӯз сипарӣ мешавад, то он ба талаботи бозор ҷавобгӯ гардад.
БО ВУҶУДИ ИМТИЁЗҲОИ ПЕШБИНИШУДА, КАМБУДИҲО ДАР ИН САМТ МАВҶУДАНД
Хурсандиовар аст, ки чор сол боз ҳам дар сатҳи ноҳияву шаҳрӣ ва ҳам ҷумҳуриявӣ озмуни ҳунарманди беҳтарини сол гузаронда мешавад. Ин рақобатро байни мардуми эҷодкор ба вуҷуд оварда, шавқу рағбати онҳоро ҷиҳати навҷӯӣ, созандагиву офарандагӣ бедор сохтааст. Дастгириҳои пайвастаи давлат ва имтиёзҳои пешбинишуда имкони хуби рушди ҳунармандиро фароҳам оварданд, вале ҳоло ҳам камбудиҳо дар ин самт мавҷуданд. Ҷиҳати пешбурди фаъолияти ҳунармандӣ ва рушди он дар кишвар такмилу тақвияти заминаи ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ ва таҳияи механизми амалисозии он, рушди инфрасохтори соҳа, мукаммалсозии системаи бақайдгирии ҳунармандон, дастрасии онҳо ба қарзҳои имтиёзнок ё фоизҳои пасттар, дастгирии ҳунармандон ҷиҳати воридшавии онҳо ба бозори байналмилалӣ, таъмини дастрасӣ ба ашёи хом, технологияҳои навтарин, тарғибу ташвиқи маҳсули ҳунарҳои миллӣ аз ҷониби коршиносону мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ мешаванд.
ХУЛОСА
Иқдомеро, ки Пешвои миллат баҳри ҳифзу гиромидошти ҳунарҳои мардумӣ анҷом доданд, воқеан, шоёни таҳсин аст. Ташаббусҳои Сарвари давлат буданд, ки ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гашта, ҳунари мардуми тоҷик ба ҷаҳониён ошно шуд. Акнун ҳунарҳоро такмил додан ва ба замон мутобиқ сохтан лозим меояд. Ҳунармандон, аз як ҷониб, нигоҳдорандаи таҷрибаи чандинасраи аҷдодони мо ва, аз тарафи дигар, офарандаи зебоӣ мебошанд. Дар ҳамин ҳол, ҳунармандӣ як зумраи муайяни одамонро бо ҷойи кор таъмин карда, ба рушди соҳаҳои сайёҳиву иқтисодиёт мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, агар аз ҷониби ҳамаи алоқамандони соҳа баҳри беҳбуд бахшидани вазъи ҳунармандиву ҳунармандон, таваҷҷуҳ ба мушикилоти онҳо ва роҳҳои ҳалли он бештар мешуд, ба мақсад мувофиқ мебуд.
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”