Баргашт Чоп кардан

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН


3-юми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ба шаҳри Теҳрон ворид шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол гирифтанд.
Мулоқоти Пешвои миллат бо Масъуди Пизишкиён
3-юми июл дар шаҳри Теҳрон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми дӯсти Эрон дар робита ба шаҳодати собиқ Раҳбари олии кишвар Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ изҳори таслият карданд.
Зимни суҳбат аз раванди рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ шуд.
Фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳамчун василаи муҳими робитаҳои иқтисодиву тиҷорӣ таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки ҳаҷми табодули молу коло миёни ду кишвар дар панҷ соли ахир ҳашт баробар афзуда, соли 2025 қариб ба 500 миллион доллари ИМА наздик шуд. Зимнан, изҳори бовар шуд, ки барои расондани ин нишондод ба 1 миллиард доллар дар ояндаи наздик тамоми имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд.
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, роҳсозӣ, ҳамлу нақл, сайёҳӣ ва тандурустӣ муҳим шумурда шуд.
Зимни баррасии масоили амниятӣ изҳори умед гашт, ки раванди сулҳу созиш ва афзалият додан ба роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли низоъҳо дар минтақа устувор хоҳад монд.
Дар фароварди мулоқот бори дигар алоқамандии ҳар ду ҷониб ба тавсеаи беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари дӯсту бародар таъкид гардид.


Иштироки Сарвари давлат дар маросими эҳтиром ва видоъ бо Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ
3-юми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд.
Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуданд.