Баргашт Чоп кардан

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. ХУҶАНД НАМУНАИ ИБРАТ


Хуҷанд. Шахсан шоҳидам, ки маркази ҳунарҳои мардумии «Бодил» имрӯз танҳо як устохонаи дӯзандагӣ дар шаҳр нест, балки боргоҳи эҷодиест, ки дар он ғоя, тарроҳӣ, интихоби нақшу нигори миллӣ ва омода намудани маҳсулоти тоза сурат мегирад. Ҳамаи тарҳҳо бо омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ва истифодаи унсурҳои миллӣ омода мешаванд.
Роҳбари марказ дизайнер ва муҳандис-тарроҳ Зебунисо Бобоева мебошад, ки худ дастпарвари филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, пеш аз оғози фаъолияти мустақили соҳибкорӣ зиёда аз даҳ сол дар Донишгоҳ ба донишҷӯён аз фанни муҳандисӣ ва тарроҳӣ дарс гуфтааст. Ин таҷрибаи омӯзгорӣ имрӯз ба ӯ имкон медиҳад, ки на танҳо маҳсулоти босифат офарад, балки таҷрибаи худро ба дигарон низ омӯзонад.
Дар марказ панҷ нафар фаъолияти доимӣ дорад. Аммо доираи фаъолияти «Бодил» ба ин маҳдуд намешавад. Имрӯз зиёда аз понздаҳ нафар занону духтарони хонашин аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо марказ ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо пас аз гирифтани супоришҳо маҳсулотро дар хона омода намуда, сипас, ба марказ месупоранд.
Зебунисо Бобоева мегӯяд:
– Ҳар кас вобаста ба равияи ҳунараш аз мо корро қабул мекунад, дар хона иҷро менамояд ва баъд ба марказ месупорад. Ҳамин тавр мо тавонистем дастаи бузурги ҳунармандонро ташкил кунем.
Ҷолиби диққат аст, ки ин шабакаи ҳамкорон танҳо шаҳри Хуҷандро дар бар намегирад. Имрӯз бо марказ ҳунармандон аз Панҷакент, ноҳияи Деваштич ва дигар минтақаҳои кишвар низ ҳамкорӣ доранд. Ин раванд нишон медиҳад, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ метавонад ба ташкили ҷойҳои нави кор, бахусус барои занони хонашин, мусоидат намояд.
Фаъолияти марказ дар солҳои охир марҳалаи нави рушдро паси сар кард. Соли 2023 маркази ҳунарҳои мардумии «Бодил» соҳиби гранти Бизнес-инкубатор гардид. Бо дастгирии ин грант таҷҳизоти муосири чорсараи гулдӯзӣ харидорӣ шуда, фаъолияти истеҳсолӣ аз муҳити хона ба маркази алоҳида интиқол дода шуд. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки истеҳсолот васеъ гардида, занону духтарони бештар ба фаъолияти ҳунармандӣ ҷалб карда шаванд.
Имрӯз «Бодил» номгӯйи васеи маҳсулоти миллӣ истеҳсол мекунад. Аз ҳамёнҳои хурд ва рӯйпӯшҳои миз сар карда, то болиштҳои ороишӣ, тагсарӣ, сумка ва ҳатто мебели мулоим бо унсурҳои миллӣ барои фармоишгарон омода мешаванд.
Яке аз хусусиятҳои ҷолиби фаъолияти «Бодил» муносибати масъулона нисбат ба муҳити зист мебошад. Дар ин марказ қариб ягон порчаи матоъ партофта намешавад. Аз ҳамаи боқимондаҳои матоъ маҳсулоти нави хурд истеҳсол карда мешавад. Зебунисо Бобоева дар ин хусус чунин мегӯяд:
– Мо ягон қисми матоъро ҳамчун партов намепартоем. Ҳамаашро истифода мебарем. Маҳсулоти мо сад фоиз бепартов мебошад. Ин усули кор на танҳо сарфакорона аст, балки ба рушди «иқтисоди сабз» ва истеҳсоли маҳсулоти экологӣ низ мусоидат мекунад.
Маҳсулоти марказ имрӯз харидорони худро, асосан, миёни меҳмонони хориҷӣ пайдо кардааст. Ҳамчунин, бо як қатор мағозаҳои шаҳри Душанбе ҳамкории доимӣ ба роҳ монда шудааст. Бо рушди технологияҳои рақамӣ марказ фаъолияти худро дар фазои онлайн низ густариш додааст. Имрӯз маҳсулоти «Бодил» тавассути Alif Shop пешниҳод шуда, ҳамзамон мағозаи онлайн дар платформаи LAK-LAK низ омодаи фаъолият мебошад.
– Мо ҳамеша барои ҳамкорӣ омодаем. Агар барои ягон бренд тарҳи махсус таҳия кунем, дигар онро барои каси дигар истифода намебарем. Ин сиёсати кории мост, – мегӯяд Зебунисо Бобоева.
Фаъолияти маркази мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки ҳунаромӯзӣ танҳо омӯзиши дӯхтан ё гулдӯзӣ нест. Ҳунаромӯзӣ роҳи рушди шахсият, соҳибкасб шудан, ба даст овардани даромади мустақил ва баланд бардоштани эътимоди инсон ба неруи худ мебошад. Барои садҳо занону духтарони тоҷик омӯзиши ҳунар метавонад имконияти таъсиси тиҷорати шахсӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии оиларо фароҳам оварад.


Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”