Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба қабули Қатъномаи СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ҳамоиши илмӣ ва фарҳангӣ доир гашт.
Таъкид гардид, ки ҷонибдории пешниҳоди Роҳбари давлати мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ боз як нишонаи эътирофи нақши созандаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи сулҳ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.
Қатънома имкониятҳои навро барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи сулҳпарварӣ ва таҳкими фарҳанги сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам меорад.
Мулоқоти вазири нақлиёт бо ҳайати Корея
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии директори иҷроияи департаменти ҳамкориҳои байналмилалии Ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Юн Ҳак Сун мулоқот намуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ва Корея солҳои охир ҷиҳати рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар тамоми самтҳо, аз ҷумла бахши нақлиёт, тадбирҳои судманд роҳандозӣ карданд.
Ҷонибҳо аз рафти корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуданд. Айни замон бо дастгирӣ ва кумаки техникии Корея 4 лоиҳа дар соҳаи нақлиёт татбиқ мешавад.
Дидори сафирони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар Кувайт
5-уми июл сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар ин кишвар, шоҳзода Султон ибни Саъд ибни Холид оли Сауд, ки ҳамзамон раиси корпуси дипломатии муқими Кувайт мебошад, вохӯрд.
Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, аҳамияти таҳкими ҳамкориву ҳамоҳангӣ миёни намояндагиҳои дипломатии муқими Кувайт ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.
ҶСК “Бодом” 50 номгӯ маҳсулот истеҳсол хоҳад кард
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сохтмони як қатор иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ идома дорад.
Аз ҷумла, корҳои таҷдиду навсозии корхонаи истеҳсоли оҳани ҶСК «Бодом» идома дошта, бо насби таҷҳизоти муосири воридшуда аз Чин истеҳсоли беш аз 50 номгӯ маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳо шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки корхона аз се сехҳои рехтагарӣ, кафшергарӣ ва механикӣ иборат буда, иқтидори коркарди он 50 тонна оҳанро ташкил медиҳад. Марҳалаи аввали корхона соли ҷорӣ ба истифода дода шуда, то 100 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад.
Дар Душанбе вазъи омодасозии кадрҳо дар соҳаи металлургия баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар мавзуи «Вазъи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самти металлургия» ҳамоиш доир гашт.
Зикр шуд, ки масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаи металлургия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки захираҳои маъдан ва ашёи хоми мамлакат имкон медиҳад, ки дар оянда як қатор корхонаҳои металлургияи ранга ба кор дароварда шуда, тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёт ва афзоиш додани иқтидори содиротии мамлакат таъмин шавад.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданҳои фоиданок, аз ҷумла, тилло, нуқра, сурб, руҳ, сурма, мис, ангишт, мебошад. Коркарди онҳо дар дохили мамлакат метавонад ба афзоиши арзиши иловагӣ, баланд гардидани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат намояд.
Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар пойтахт идома дорад
5-уми июл дар Боғи фарҳангу фароғати «Ирам»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлоли вилояти Суғд баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву адабӣ манзури иштирокдорон гардиданд.
Намоишро муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода ва дигар меҳмонону масъулон тамошо намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар пойтахт ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳар рӯзи шанбе баргузор мешаванд.