Баргашт Чоп кардан

БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”


ИФТИХОР
Пораҳо аз силсилаи “Ғурури тамаддун”
ва достони “Пайғоми Ориён”


Чунон Ҳумои шавкати ҳазорасра миллатам,
Ба хоку хун фитодаро ба зери пар кашидаам...
Чу чашмаҳои сангбар дарун-дарун гириста,
Чу кӯҳсори пирях ба пои худ чакидаам...


Кушодаам канори худ ба душманони ҷони худ,
Ба бурданон ҳазорҳо ғарибро кашондаам.
Ятими дарбадар ҳама ба паҳлуям нишондаам,
Шакар ба ҷои ашки тар ба ҳар яке чашондаам...


Дуогирифтае манам зи Модари ватанписар,
На шом дар бари худу на бегаҳу на дар саҳар...
Ба олами равониям ҳамеша кардаам сафар,
Ки то зи асли миллати бузург ёбамаш хабар...


Кунун ҷаҳон шинохта Суруди миллати маро,
Ки дар танини шавкаташ бидид тоқати маро.
Саодате надидаам чу бахти халқи ҷовидон,
Садоқате бувад Ватан ба ҷон муҳаббати маро!

Маяфкан аз сар афсарат, аё бузургхалқи ман,
Ки Парчами Ватан бувад нигоҳдори сарбасар!
Нишон магир синаам, ватанфурӯши бедиёр,
Кунун Нишони давлатам ба ҷони ман бувад сипар!


Ватан кунун барои мо саодати ҷаҳон бувад,
Зибаски бахти халқи ман барои ҷовидон бувад!
Назокати салоҳро ба чеҳраҳо шукуфта бин,
Ки баъд аз ин ҷавон бувад Ватан,
Чу ман ҷавон бувад!


НОМАИ ОРИЁНФАР
Он мулки бузурге, ки маро буд, куҷо шуд?
В-он фарри худоӣ зи само буд, куҷо шуд?!
Он ҳафт маконе, ки ҳама хиттаи гул буд,
Бо ситта яке мулки Худо буд, куҷо шуд?!


Аз чор тараф чораи андешаи бадкеш
Чӯрӣ шуда, чун чӯки дурӯғин ба ман овехт.
Дорои маро дор кашиду ба дирам кушт,
Хорои маро хор намуду ба ҳарам рехт.


Аз чор тараф кам буду аз поину боло
Авзои ҷаҳон кор пароканда гузаштанд.
Гар мурғи ҳақе буд ба ҳар шохаи пурбор,
Бо дасти талаф куштаю пар канда гузаштанд.


Яъҷуҷ яланҷуҷи маро сӯхту бигрехт,
Маъҷуҷ ба садди ҳади мо омаду бишкаст.
Ин ҳадзадагон гарчи бирафтанд, валекин
Бурданд ба яғмо сару ақлу ҳунару даст.


Ҳайфам на зи ганҷина бувад, балки зи мардум,
К-имрӯз зи тақдир ҳама гашта муҳоҷир.
Ҳайф ояд аз он бархи пароканда ба дунё,
К-имрӯз зи тақсир ҳама гашта мусофир…


Эй номарасон, дар ҳама олам ба фарохӣ
Чун тухмаи мо нест фузунтар ба шумора!
Доию тату тоҷику курдӣ ҳама орист,
Як идда шимолию ҷанубӣ ба канора…


Имрӯз фузунтар зи ҳама давру замона,
Бояд ки ҳама орӣ ба ор ояду хезад...
Бархостанаш шӯришу ҷангу аламон не,
Бар ҷаҳли фурӯмондаи худ то биситезад.


Бояд ҳама бархостанаш зӯри дифоъ бод,
Аз ҳамҳамаю дамдама ворастани армон...
Ҷамъияти худро бишинос, эй ҳадафи нанг,
То ҳар қадамат сабз шавад бо фари имон!


Алҳол ҷаҳон пойгаҳи санҷиши ақл аст,
Дар марзи фурӯмонда зарур ақли мунаввар!
Дар сарвари худ ёб ҳамон хислати сомон,
Пас ҷониби фардо бинамо дасти музаффар!


Имрӯз ба ҳам омаданӣ ҳамнафасӣ нест,
Имрӯз ба ҳам омада, ҳамсохтае бош!
Дунё нигарон аст, бибин бар дигарон ту,
Аз хеш раҳо гашта, сарафрохтае бош!


НОМАИ КАЮМАРС
Дар маҳаллаи Пуличуқури Хуҷанд мазори Каюмарси Одам мавҷуд аст


Хуҷанд, эй вусъати ёди парешонам!
Ту ҳоло чандсола?!
Ҳеҷ кас ҷуз ман намедонад!
Агар ин номаро бо мушти хоки худ набигзорам,
Туро таърихи дӯшин ҳеҷ гаҳ рӯшан намехонад,
Зи даври рафта як арзан намемонад…


Хуҷанд, эй охирин шаҳри куҳан дар хиттаи тоҷик!
Хуҷанд, эй муттакои будани ин халқ!
Ду-се донишгадо синни туро гуфтанд: бисту панҷ садсола!
Надонистанд, оваҳ, ту бад-ин дунёи пурафсона ҳамсиннӣ.
Ту бо ман ҳамтаборӣ, ҳамбари Сайрию ҳамнола…
Надонистанд, оваҳ, мабдаи умри дусад даврон
Ту ҳастӣ дар миёни ҷумла кишварҳои ориён…


Замони мову Шис буд рӯзгори мардумон якранг,
Набуд авранг, гандум буду обу ду табақ аз санг,
Ҳама осӣ, вале дар осиёб оҳанг.
Ва Шисро чанд авроқи парешоне –
Садои осмон буду фари фарҳанг,
Вале як тӯда фарҳангии пур аз ҳанг…


Хуҷанд, эй ҳамсабақ дар мактаби таърих!
Ту ҳоло чандсола?!
Ҳеҷ кас ҷуз ман намедонад!
Аҷаб, дар айни даврони нумӯи ту
Китоби ҳастиятро ҳеҷ кас сидқан намехонад!
Ҷавонӣ?
Ё ки пири сад-дусад садсоларо дида?!
Ба ҷуз оинаи дарё
Касе рӯшан намедонад…


Аз ҳафт макон манзур ҳафт кишвари ориёӣ аст.
Сайр шакли дигари номи дарёи Сир ва аслан ҳамин тавр буда.


Аҳмадҷон РАҲМАТЗОД,
Шоири халқии Тоҷикистон