Муассисаи олии таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) на танҳо дар пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкории мамлакат саҳми арзанда мегузорад, балки дар татбиқи ташаббусҳои инноватсионӣ дар самти «донишгоҳи сабз» низ намунаи ибрат мебошад. Ин муассисаи бонуфуз бо истифода аз технологияҳои муосир ва таваҷҷуҳ ба масъалаҳои экологӣ, дар роҳи ташаккули муҳити солиму пойдори таълимӣ ва зист дар Донишгоҳ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад.
Дар доираи сиёсати устувори худ, ДБССТ тадриҷан ба истифодаи манбаъҳои барқароршаванда, аз қабили энергияи офтобӣ ва шамолӣ, рӯй оварда, системаи идоракунии партовҳоро такмил медиҳад. Ин иқдомҳо на танҳо сатҳи самаранокии энергетикиро баланд мебардоранд, балки таъсири манфии фаъолияти Донишгоҳро ба муҳити зист коҳиш дода, намунаи амалии масъулияти экологиро барои дигар муассисаҳои таълимӣ пешкаш менамояд. Ҳамзамон, дар ДБССТ барномаҳои таълимӣ ва тадқиқотӣ бо мавзуъҳои ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор густариш ёфта, донишҷӯёнро ба андешидани чораҳои амалӣ дар самти экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ҳидоят мекунанд.
ДАСТОВАРДҲОИ АСОСӢ ВА МАҚОМИ ДОНИШГОҲ
Яке аз рӯйдодҳои фараҳбахш дар соли равон ин аст, ки ДБССТ ҳамоҳангсози миллии шабакаи UI GreenMetric World Universiti Rankings дониста шуд. Ин мақом ба Донишгоҳ имкон медиҳад, ки «иқтисоди сабз»-ро фаъолона рушд диҳад, стандартҳои экологиро дар инфрасохтор ва раванди таълим татбиқ кунад ва ҳамчун маркази асосии кишвар оид ба амалисозии ташаббусҳои экологии донишгоҳҳо баромад намояд. Гирифтани ин шаҳодатномаи байналмилалӣ эътирофи дастовардҳои Донишгоҳ дар пешбурди устувории экологӣ ва «ташаббусҳои сабз» мебошад.
Ёдрас мешавем, ки ин шаҳодатнома 15-уми апрел ҳангоми ифтитоҳи саммити ректорони «донишгоҳҳои сабз», ки дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: сабз, рақамӣ, ҳушманд» дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, супурда шуд. Ҳуҷҷатро доктор Висну Ҷувоно, роҳбари UI GreenMetric дар Донишгоҳи Индонезия, ба профессор Убайдулло Асосрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, тақдим намуд.
ПАЖӮҲИШГОҲ БАРОИ ТАТБИҚИ «ТАШАББУСҲОИ САБЗ»
Бояд гуфт, ки Донишгоҳ барои омӯзиш ва татбиқи «ташаббусҳои сабз» дорои Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва «иқтисоди сабз» мебошад, ки дар таҳияи роҳҳои ҳалли инноватсионӣ нақши муҳимро мебозад. Пажӯҳишгоҳ яке аз марказҳои пешрафтаи тадқиқотӣ буда, ба омӯзиш ва таҳияи стратегияҳои рушди устувор, ки барои беҳтар кардани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва сифати зиндагӣ нигаронда шудаанд, машғул мебошад. Фаъолияти Пажӯҳишгоҳ ба якчанд самти асосӣ, аз ҷумла «иқтисоди сабз», рушди устувор, сайёҳии устувор, инноватсия ва «технологияҳои сабз» равона шудааст. Пажӯҳишгоҳ бо ҷалби олимон, мутахассисон ва донишҷӯёни боистеъдод, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ташаккули сиёсати давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни ба рушди устувор равонашуда саҳми арзанда мегузорад. Фаъолияти он на танҳо ба пешрафти илм, балки ба бунёди ояндаи устувор ва шукуфоии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
НАСБИ НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ – ИҚДОМИ МУҲИМ ДАР ТАШАККУЛИ «ДОНИШГОҲИ САБЗ»
Маврид ба зикр аст, ки ДБССТ ҳамчун ҳамоҳангсози миллии рейтинги байналмилалии UI GreenMetric татбиқи принсипҳои рушди устувор, «иқтисоди сабз» ва технологияҳои инноватсиониро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти хеш меҳисобад. Дар ҳамин асно, чанд рӯз пеш ДБССТ аз ифтитоҳи неругоҳи офтобии фотоэлектрикии иқтидораш 150 кВт дар бинои маркази малакаҳои касбии назди Донишгоҳ хабар дод.
Неругоҳи офтобӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти «иқтисоди сабз», истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин, амалисозии Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи Бонки осиёии рушд бунёд шудааст. Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ имкон медиҳад, ки қисми муайяни эҳтиёҷоти Донишгоҳ бо неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъмин шавад ва саҳми муассиса дар коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва ҳифзи муҳити зист боз ҳам бештар гардад. Тибқи ҳисобҳои техникӣ, иқтидори истеҳсолии он солона зиёда аз 205 ҳазор киловатт-соат неруи барқро ташкил медиҳад. Насби неругоҳи офтобӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи ташаккули «донишгоҳи сабз» ва баланд бардоштани мавқеи Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»