Баргашт Чоп кардан

“БЕҲТАРИН КИТОБХОН”. ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ


Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, ҷалби аҳолӣ ба китобхона, ташаккули фарҳанги мутолааи китоб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллию фарҳангӣ ва рушди дӯстию ҳамдилӣ миёни хонандагон, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин китобхон”-и Китобхонаи миллӣ баргузор мегардад.


Озмун дар як давр ва ду гурӯҳи синнусолӣ (то 18-сола ва аз 18-сола боло) дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ғолибон 4-уми сентябри соли 2026 дар Рӯзи китоб эълон мешаванд.
Дар Озмун аъзои фаъоли Китобхонаи миллӣ: хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз таҳсилоти олии касбӣ, магистрантҳо, аспирантҳо, докторантон, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ иштирок карда метавонанд.
Зимни баҳогузорӣ миқдори дархости китоб ва асарҳои хондашуда, инчунин, шумораи китобҳои бохудгирифта аз рӯйи дафтарчаи хонандагӣ-абониментӣ ба эътибор гирифта мешавад. Ба ашхосе, ки дар чорабиниҳои китобхона иштироки фаъолона доранд, бартарӣ дода мешавад.
Ғолибони се соли охири озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҳуқуқи иштирок дар Озмунро надоранд.
Барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми ҳар ду гурӯҳ мутаносибан моноблок, ноутбук ва планшет тақдим мегардад.
Падару модароне, ки фарзандони то 14-солаашон дар Озмун ғолиб мегарданд, бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонда мешаванд.


Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”