Баргашт Чоп кардан

ХӮРОКВОРӢ. ДАР ГАРМИИ ТОБИСТОН ЧӢ ГУНА СИФАТРО ҲИФЗ КУНЕМ?


Мусаллам аст, ки фасли тобистон дар мамлакат ҳаво гарм мешавад. Баланд шудани ҳарорат раванди вайроншавии маҳсулотро метезонад ва хавфи пайдоиши бактерияҳои хатарнокро низ зиёд мекунад.


Дар тақвияти андешаи мавриди назар Диловар Раҳимов, мутахассиси пешбари нозироти савдои Агентии “Тоҷикстандарт”, изҳор дошт, ки дар ҳақиқат дар фасли тобистон суръати вайроншавии маҳсулот ду баробар меафзояд. Бинобар ин, ба тамоми фурӯшандагони мағозаҳо, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои кишвар риояи қатъии қоидаҳои нигоҳдории маҳсулотро тавсия медиҳем. Дар ин раванд назорати муҳлати воридот ва истифодаи онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Низоми ҳарорат омили муҳимтарин дар ҳифзи сифати маҳсулот ба шумор меравад. Фурӯшандагон барои нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ бояд қоидаҳои зеринро ба таври ҳамешагӣ иҷро кунанд. Маҳсулоти зудвайроншаванда – гӯшт, шир, қаймоқ, панир, ҳасиб ва маҳсулоти қаннодии дорои крем бояд танҳо дар таҷҳизоти хунуккунанда (яхдонҳо) дар ҳарорати аз 0°C то +6°C нигоҳ дошта шаванд. Маҳсулоти яхкардашуда, аз ҷумла гӯшти яхкардашуда, моҳӣ, маҳсулоти нимтайёр ва яхмос бояд дар сармодонҳо (морозилник) дар ҳарорати аз -18°C ва аз он пасттар нигоҳ дошта шаванд.
Назорати ҳарорати яхдон дар ин давра ҷиҳати нигоҳдории дурусти маҳсулот нақши муҳим мебозад. Дар дохили ҳар як яхдон ва сармодон бояд ҳароратсанҷ (термометр) мавҷуд бошад. Кормандони мағоза вазифадоранд, ки нишондоди онро ҳар рӯз камаш ду маротиба тафтиш кунанд.
– Сармодонҳоро аз ҳад зиёд бо маҳсулот пур накунед, зеро ин гардиши ҳавои хунукро вайрон менамояд. Ях кунондан ва дубора об намудани маҳсулот (хусусан, гӯшт ва моҳӣ) қатъиян манъ аст. Яке аз хатоиҳои маъмул дар нуқтаҳои савдо ин якҷоя нигоҳ доштани маҳсулоти хом ва тайёр аст, ки боиси ифлосии байниҳамдигарӣ (кроссконтаминатсия) мегардад. Маҳсулоти хом, аз қабили гӯшти хом, моҳии хом, тухм ва маҳсулоти барои истеъмол тайёр – ҳасиб, панир, хӯришҳо, нон, бояд дар яхдонҳои алоҳида нигоҳ дошта шаванд. Агар яхдон якто бошад, маҳсулоти хомро дар рафҳои поёнӣ ва маҳсулоти тайёрро дар рафҳои болоӣ ҷойгир кунед. Баъзе маҳсулот, масалан моҳии шӯр ё қаламфури булғорӣ, бӯйи худро ба маҳсулоти дигар, ба мисли маҳсулоти ширӣ ва маргарин, мегузаронанд. Онҳо бояд дар зарфҳои сарпӯшдор ё печондашуда нигоҳ дошта шаванд, – таъкид медорад Диловар Раҳимов.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”