ИСТИҚЛОЛ
Ҳамоиш ба истиқболи Қатъномаи нави СММ
Ба муносибати қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Истиқлол ҳамоиши идона ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ аҳли фарҳанг, ҳунармандон ва сокинони шаҳр иштирок намуда, аз ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими сулҳу субот ва ҳамкории созанда истиқбол карданд.
Дар доираи барномаи фарҳангӣ суруду таронаҳои ватандӯстона, инчунин, асарҳои тараннумгари сулҳ, ваҳдати миллӣ, дӯстӣ ва меҳри Ватан пешкаш гардиданд.
Тавре таъкид шуд, баргузории чунин чорабиниҳо барои тарғиби ғояҳои сулҳпарварӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстона мусоидат намуда, аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам равшантар инъикос мекунад.
Бино ба иттилои масъулон, ҳамоишҳои идона бахшида ба ин рӯйдоди муҳим дар маҳаллаҳои шаҳри Истиқлол минбаъд низ баргузор хоҳанд шуд.
ҶАББОР РАСУЛОВ
Тобистони пурнишот дар «20-солагии Истиқлолият»
Дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов мавсими нави истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон оғоз шуд. Истироҳатгоҳ дар басти нахустин дарҳои худро ба рӯйи беш аз 250 хонанда аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд боз намуд.
Пеш аз оғози мавсим дар истироҳатгоҳ корҳои омодагӣ анҷом ёфта, биноҳои истиқоматӣ ва иншооти хизматрасонӣ таъмир шуданд. Сарсабз гардондани муҳити атроф ва муҳайё намудани шароити мусоиди истироҳат аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки барои қабули хонандагон амалӣ гардиданд.
Рӯзҳои истироҳати наврасон танҳо бо фароғат маҳдуд намешавад. Барномаи рӯзонаи истироҳатгоҳ аз маҳфилҳои китобхонӣ, рассомӣ, гулдӯзӣ, сурудхонӣ, рақсу ҳунар ва дигар машғулиятҳои фарҳангиву маърифатӣ иборат буда, барои дарёфт ва рушди истеъдоду маҳорати иштирокчиён мусоидат мекунад.
Дар назар аст, ки давоми тобистон садҳо кӯдаку навраси дигар низ ба истироҳат, фароғати хотирмон ва машғулиятҳои тарбиявию маърифатӣ ҷалб шаванд.
СПИТАМЕН
Аз таътили тобистона то омодагӣ ба соли нави таҳсил
Таътили тобистона барои хонандагон давраи истироҳат ва фароғат бошад ҳам, барои муассисаҳои таълимӣ марҳалаи муҳими омодагӣ ба соли нави таҳсил ба ҳисоб меравад. Дар ин давра дар мактабҳои кишвар корҳои таъмиру навсозӣ, ободонӣ, беҳсозии шароити таълиму тарбия ва омода намудани синфхонаҳо ба таври васеъ амалӣ мегарданд.
Дар ноҳияи Спитамен низ бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил корҳои таъмиру навсозӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бомаром идома доранд. Масъулин ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва таъмириро мунтазам назорат намуда, барои иҷрои босифат ва саривақтии онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№5, 6, 15, 21 ва 23 таъмир, омодасозии синфхона, долонҳо ва дигар иншооти таълимӣ ҷараён дорад. Дар баробари таъмири биноҳо, ба тозагӣ, ободонии муҳити мактаб, омода намудани таҷҳизоти таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзгорону хонандагон низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад.
Анҷоми саривақтӣ ва босифати корҳои таъмиру навсозӣ барои баланд бардоштани сифати таълим, фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш ва таълиму тарбияи насли наврас заминаи устувор фароҳам хоҳад овард.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ИСТАРАВШАН
Деҳот намои шаҳрак мегирад
Айни ҳол ба шарофати ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ роҳсозӣ стратегияи муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар саросари кишвар ба маҷрои азими созандагии мардум табдил ёфтааст. Роҳҳо на танҳо одамон ва минтақаҳои гуногунро ба ҳам мепайванданд, балки яке аз омилҳои асосии пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб мераванд.
Дар ин радиф, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Истаравшан бо руҳияи баланди созандагиву бунёдкорӣ, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, хоссатан раиси шаҳр Абдусаттор Қодирӣ, омодагиҳои ҳаматарафа дида истодаанд. Дар робита ба ин, дар деҳаи Қалъаи Меҳтари деҳоти Ҷавкандак бо иқдоми сокинон ва соҳибкорони деҳаи мазкур корҳои ҳамворкунии роҳи дохилии деҳа ба итмом расида, айни ҳол асфалтпӯшкунии роҳ бо иштироки раиси шаҳр Абдусаттор Қодирӣ ва роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашӯрзода оғоз гардид.
Бино ба иттилои масъулин, роҳи мазкур аз ҷониби ширкати роҳсозӣ бо истифода аз техникаҳои муосири соҳавӣ анҷом дода шуда, зиёда аз 2 км масофаро дар бар мегирад ва ба ин мақсад, хароҷоти зиёда аз 2 миллион сомонӣ дар назар аст.
Раиси шаҳр Абдусаттор Қодирӣ ва роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашӯрзода ба ташаббускорону саҳмгузорони ин иқдоми созанда миннатдории хешро изҳор намуданд.
Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор