Баргашт Чоп кардан

ГӮШТӢ


Алимаҳмадзода дар Чемпионати Осиё медал гирифт
Аз 27-уми июн то 5-уми июл дар шаҳри Патайаи Тайланд Чемпионати Осиё оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасони то 15-сола ва ҷавонони то 20-сола доир гашт.
Тавре хабар дода будем, се рӯзи аввал паҳлавонони наврас зӯрозмоӣ карданд ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гирифтани 7 медал – 4 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ – даст ёфт.
Давоми панҷ рӯзи охир ҷавонони то 20-сола барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд. Ба паҳлавони ҷавони мо Сулаймон Алимаҳмадзода (-63 кг) муяссар шуд, ки дар гӯштии юнонӣ-римӣ ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардад.


ВАРЗИШИ САБУК
Натиҷаҳои назарраси варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон
Дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон XXXV Мусобиқаи байналмилалии “Qosanov Memorial World Athletics Continental Tour Bronze Level” доир гашт.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Қазоқистон, имсол дар сабқатҳо беш аз 250 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Малайзия, Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон ва Гурҷистон ширкат доштанд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар ин Мусобиқаи бонуфуз 6 медал ба даст овард. Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 21,23 сония ва дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7,62 метр ду медали тилло гирифт. Фаворис Музрапов дар дав ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 10,83 сония медали нуқра, дар масофаи 200 метр бошад, бо натиҷаи 21,58 сония медали биринҷӣ ба даст овард. Муҳаммадризо Мирзозода дар дав ба масофаи 400 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 53,38 сония сазовори медали нуқра шуд. Тими бонувони кишвар низ дар эстафетаи 4х100 метр бо натиҷаи 48,72 сония ҷойи дуюмро сазовор гашт.


ГӮШТИНГИРӢ
Дуюм Чемпионати ҷаҳон баргузор мешавад
Шаҳри Душанбе 15-16-уми август мизбони дуюм Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ мегардад.
Дар Чемпионат, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, варзишгарони беш аз 70 давлати ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Зӯрозмоиҳо дар 9 вазн – 3 вазн байни бонувон ва 6 вазн байни мардҳо мегузаранд. Фонди ҷоизаҳои Мусобиқа 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, ба барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллар тақдим мешавад.
Нахустин Чемпионати ҷаҳонии гӯштингирӣ 28-31-уми августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти ҷумҳурӣ, Президенти ифтихории Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”