Баргашт Чоп кардан

МАН БО ПРЕЗИДЕНТАМ ИФТИХОР ДОРАМ!


Намедонам барои чӣ, вале ҳар вақте ки корномаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як фарзанди фидоии тоҷик бозтоб мешавад, пеши назарам сараввал ҷасорату ҷавонмардияшон ҷилвагар мегардад, ки воқеан, бароям боиси ифтихор аст. Зеро ба андешаи сирф шахсии ман, маҳз ҳамин ҷасорат буд, ки кишвари мо соҳиби сулҳ гардид. Ёд дорам, зимни иштирокам дар як пресс-конфронси Абдуллоҳи Нурӣ, дар соли 1999, дар шаҳри Кӯлоб, ки сареҳатан мегуфт: «Ман ҷавонмардам ва ҷавонмардонро дӯст медорам! Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмардтарин нафарест, ки шахсан ман дидаам ва агар ӯ новобаста ба таҳдидҳо ба Хусдеҳи Афғонистон намеомад, гумон буд, ки мо ба сулҳ розӣ мешудем».


Моҷарои Хусдеҳро имрӯз ҳама медонем. Ҳатто Аҳмадшоҳи Масъуду Раисиҷумҳури вақти Афғонистон доктор Раббонӣ тавассути Кумитаи амнияти кишвар шахсан ба Сарвари давлати мо муроҷиат карданд, ки: «Наоед!!! Хатар дорад!!!».
Вале Президенти Тоҷикистон, ки ба мо – халқи хеш сулҳ ваъда карда буданд, тани танҳо ба Хусдеҳ рафтанд! Рафтанд, қумандонҳои саргарму гизалаи оппозитсияро моту маҳбут карданд ва ба Тоҷикистон сулҳ оварданд!
Воқеан, ҳамон Абдуллоҳи Нурӣ, пас аз ситоиши ҷавонмардӣ аз одамгарии Сарвари давлати мо дар варзишгоҳи Ғарм, ки Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мешуд, дар ҳузури хосу ом қиссае карда буд: «Вақте мариз шудам, сари бистарам, гӯиё кайҳо мурда бошам, наҳзатиён молу колоямро тарака мекарданд ва ҷанҷолу пархош доштанд. Рӯзе Эмомалӣ Раҳмон ба аёдатам омад, ҳоламро дид ва оҷилан фармон дод, ки маро ба Олмон барои табобат бубаранд, аз ҳисоби худаш ва ин ки ман ин ҷо саломат болои по истодаам, хизмати Ҷаноби Олист!!!».
Нурӣ бори дигар ҳам роҷеъ ба сулҳи тоҷикон, ки дар олам шабеҳ надорад, мардона иқрор карда буд, ки шахсан ӯ ва пайравонаш сулҳ на, ки ҷанг мехостанд: “Оре, дар Тоҷикистон сулҳ шуд! Аммо аз ростӣ набояд гузарем. Ин сулҳи Раҳмонист, зеро танҳо ӯ сулҳ мехост. Мо ва қумандонҳои мо ҳаргиз сулҳхоҳ набудем...”.
Ҷойи зикр аст, ки на танҳо исломистон сулҳ намехостанд. Қумандонҳои саҳроии мо низ тарафдори ҷанг буданд, зеро ҷанг барои ишон сарват, шуҳрат ва ҳатто обрӯ ба ҳисоб мерафт. Чунки давр даври “шахси силоҳдор” буд. Бо ҳар яки инҳо Президенти ҷавони Тоҷикистон алоҳида гуфтушунуфт мебурд. Ҳар нафарро мутмаин мекард, ки сулҳи мудаввом хубтар аз шуҳрати чандрӯзаи ҷангзадагист. Зимнан, дар дохили Тоҷикистон низ зиддаш қиём мекарданд, суиқасду террор ташкил менамуданд...
Тибқи маълумоти дарёфтаи мо дар Тоҷикистон 14 бор бар ҷони Эмомалӣ Раҳмон суиқасд кардаанд. Фикр кунед, 14 бор!!!
Роҷеъ ба уфувӣ ё худ бахшояндагии Эмомалӣ Раҳмон бошад, танҳо ҳамин факт кофист, ки дар тули 35 сол 18 бор авфу бахшиши ҷазо кард, ки ягон президенти ягон давлати дигар, дар ягон давру замон, ин корро накардааст! Ба таҳқиқ ӯ уфув аст, яъне бахшанда аст.
Дар даврони роҳбарии Сарвари давлати мо чанд маротиба авфи зиндониён сурат гирифт ва, аз ҷумла авфи ҷангиёни наҳзатӣ дар соли 1997, дар арафаи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамомии ҷангиёни оппозистсияи исломиро, ки ба ҷиноёти гӯшношунид даст зада буданд, бахшиданд! Ҳамин шабу рӯзе, ки матлаб навишта мешавад, дар Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ “Авфи алмосин” сурат гирифт, ки нисбат ба беш аз 18000 зиндонӣ татбиқ мегардад!
Рӯйхати муҳимтарини авфҳои умумӣ дар Тоҷикистон, ки роиҷ шудаанд, чунин аст (солҳо ва муносибати қабули онҳо):
1991 Авфи аввалин пас аз Истиқлоли давлатӣ
1995 Ба муносибати 50-солагии Ғалаба дар ҶБВ
1997 Баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ
1999 Авфи навбатӣ
2001 Ба муносибати 10-солагии Истиқлоли давлатӣ
2003 Авфи умумӣ
2006 Ба муносибати 15-солагии Истиқлоли давлатӣ
2009 Ба муносибати 15-солагии Конститутсия ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам
2011 Ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ
2014 Ба муносибати 20-солагии Конститутсия
2016 Ба муносибати 25-солагии Истиқлоли давлатӣ
2019 Авфи навбатӣ барои ҳазорҳо маҳкумшуда
2021 Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ
2025 Авфи наврӯзӣ – 897 нафар ба озодӣ баромад!
Хотиррас мешавем, дар ин миён чандин авфҳои умумии дигар низ буданд, ки шумораи камтари маҳбусон аз сӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Мисле, ки шоири тавонои миллат Бозор Собир дар соли 1993 бахшида шуд ва бо дастури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ билети ҳавопаймо харида, зери ҳимояти посбонон то фурудгоҳ овардаву ба Маскав равон карданд. Ин қиссаест, ки худи Бозор Собир солҳо ба баъд мегуфт…
Вале шахсан маро ба навиштани ин матлаб ва хоса ёдоварӣ аз ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чизи дигар, аниқтараш моҷарои дар Остона ба вуқуъ пайваста таҳрик дод. Ғолибан, аксарият ёд доранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор, ки бо ҳузури роҳбарони аввали кишварҳои муштаракулманофеъ ҷараён дошт, аз муносиботи духӯра ва дугуна эрод гирифтанд. Минҷумла гуфтанд, набояд дар собиқаи начандон дур Маскаву Киеву Минску Остонаро чун меҳвари ИДМ ба назар мегирифтанд, зеро Бокуву Еревану Тошканду Бишкеку Душанбе низ аъзои комилҳуқуқи ин созмонанд. Муносиботи духӯра метавонад, дили кишварҳои Осиёиро аз Кремл сард кунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нафаре, ки бештар аз ҳама дар деги сиёсати байналмилалӣ ҷӯшидаанд ва собиқаи бештари раҳбарӣ доранд, панди бародарона ба Маскав доданд, ки бояд дуруст қабул ва талаққӣ шавад. Ба вижа дар ҳамин шабу рӯзе, ки тамомии Аврупо ва НАТО бо Маскав дар набарданд, Тоҷикистон шарики стратегӣ ва боэътимодтарини Россия боқӣ мемонад, зеро бидуни Тоҷикистон Федератсияи Русия дар ягон кишвари дигар базаи ҳарбӣ ва дидбонгоҳи кайҳонии «Окно» надорад.
Эмомалӣ Раҳмон 14-уми октябри соли 2022 дар Остона, аз номи Тоҷикистон не, аз номи аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳарф заданд, ки мехоҳанд онҳоро низ иззат гузоранд ва ҳурмат кунанд, зеро онҳо дигар чумҳуриҳои узви СССР не, балки кишварҳои мухтор ва мустақиланд:
«Мо мехоҳем, ки моро ҳурмат кунанд. Магар мо кадом як бегона ҳастем? Мо ба сармоягузории зиёде эҳтиёҷ надорем. Владимир Владимирович, аз Шумо хоҳиш, ки пас аз ин сиёсату бархӯрд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мисли замони Иттиҳоди Шуравии собиқ набошад”.
Шахсан барои ман бениҳоят ифтихорангез буд акси садои миллати тоҷик ва, ҳатто русҳои муқими Тоҷикистон, ки «флешмоб» ташкил кардаву дар сайтҳои интернетӣ аз баромади Президенти худ дар Остона болида, бо тарафдорӣ менавиштанд: «Ман бо Президентам ифтихор дорам!!!».
Бонуи русе бошад, шахсан ба ман занг зада, бо забони фасеҳи тоҷикӣ гуфт: «Ҷаноби Олӣ, воқеан, ҷавонмард бо ҳарфи калон аст!!!».
Ман аз номи худам ва 10 миллион тоҷикистонии дигар меафзоям:
– Мо бо Шумоем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Аз ҷасорати фардӣ, ҷавонмардии Шумо, ақли расову амалҳои пухта ва пешниҳодҳои муассиратон дар арсаи байналмилалӣ ифтихормандем. Ва Мо, зери сарварии хирадмандонаи Шумо, метавонем!!!


Сайёфи МИЗРОБ,
сардабири газетаи мардумии СССР