Тайи чанд соли охир дар кишвар соҳибкории хурду миёна рӯ ба рушд ниҳода, соҳибкорон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолӣ, суботи молиявӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва афзун кардани бозори истеъмолӣ саҳм мегиранд.
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуд. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд.
Ин буд, ки саҳми соҳибкорони мамлакат дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав бештар шуда истодааст. Масалан, танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби онҳо ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супурда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ислоҳот ва тадбирҳои таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалигардида имкон доданд, ки устувории макроиқтисодӣ таъмин гардида, буҷети давлатӣ дар баробари доштани хусусияти иҷтимоӣ, маблағгузорӣ барои рушди иқтисодиёт, хусусан барои таъмини рушди соҳибкорӣ низ, амалӣ гардид. Дар натиҷа, мавқеи байналмилалии ҷумҳурӣ дар ин самт устувор гашта, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ Тоҷикистон солҳои 2010, 2011, 2015 ва 2019 ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар баробари пешравию субот дар бахши пешбурди соҳибкорӣ дар мамлакат як қатор мушкилиҳо мавҷуданд.
Аз ҷумла, меъёрҳои фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, рушди нокифояи бозори қарздиҳии дарозмуддат, сатҳи нокифояи донишҳои молиявӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии соҳибкорони ватанӣ ва ғайраҳо аз монеаҳои асосии рушди соҳибкории хурду миёна ва истеҳсолӣ дар кишвар арзёбӣ мегарданд.
Суҳайлӣ Абдуваҳобов, сардори Идораи таҳлили бонкҳои Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон дар як нишасти вижа қайд кард, ки ҷиҳати рушди соҳибкорӣ бо роҳи паст кардани меъёри фоизи қарзҳо дар Бонки миллӣ Гурӯҳи корӣ оид ба муайян кардани арзиши аслии қарз таъсис гардид ва дар ин самт таҳлилҳои амиқ гузаронда шуда, баҳри паст кардани фоизи қарзҳо ба ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати сода кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ дастурҳо дода шуданд. Ба гуфтаи ӯ, инчунин, аз аввали соли ҷорӣ то моҳи март аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба 46,1 ҳазор муштарӣ имтиёзҳо аз рӯи қарзҳо ба мабалғи 571,2 миллион сомонӣ пешниҳод шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда дар бахши соҳибкорӣ бо қарори Ҳукумат 1 марти соли ҷорӣ Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 қабул шуд. Ҳукумати мамлакат ба Барномаи мазкур маблағгузориро дар ҳаҷми 113 миллион сомонӣ (зиёда аз 10,3 миллион доллар) пешбинӣ кардааст. Ҳадаф аз таҳияи Барнома таъмини шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, рақобатпазир намудани онҳо ва фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон унвон мешавад. Дар он иҷрои вазифаҳои гуногун барои рушди бахши хусусӣ ба нақша гирифта шудаанд. Амалисозии ислоҳоти институтсионалӣ барои беҳсозии фазои соҳибкорӣ; коҳишдиҳии сарбории андоз барои бахши хусусӣ; ташкил ва рушди механизмҳои самаранокии ҷалби маблағҳо; таъсиси инфрасохтори муосири дастгирии бахши хусусӣ; такмили қонунгузорӣ бо мақсади суръатбахшии рушди соҳибкорӣ; баланд бардоштани қобилият ва мамлакаи касбии соҳибкорон; таъмини рақобати солим дар иқтисодиёти миллӣ; коҳиш додани шумораи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ барои пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ аз ҷумлаи онҳоянд.
Қобили зикр аст, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат дониста шуда, хусусиятҳои сайёҳӣ ин соҳаро ба яке аз соҳаҳои беҳтарин барои оғози фаъолияти нави соҳибкорӣ имконпазир мегардонад. Талабот ба сармоя дар соҳаи сайёҳӣ метавонад на он қадар зиёд бошад, аммо имкониятҳои соҳа бениҳоят васеъ мебошанд. Ҳар нафари ташаббускор метавонад фаъолияти соҳибкории худро дар соҳаи сайёҳӣ оғоз намояд. Ҷойҳои кориро дар маҳалҳо таъсис диҳад, ки аксаран воситаи ягонаи бартараф намудани тарки ҷойи муқимии зист аз тарафи ҷавонон бо мақсади ҷустуҷӯи кор дар хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Воқеан, нақши соҳибкорон дар пешрафти мамлакат, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолӣ, суботи молиявӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва афзун кардани бозори истеъмолӣ назаррас мебошад. Бинобар ин, рушди фаъолияти соҳибкорӣ барои давлат аҳамияти бузург дорад. Дар навбати худ соҳибкорон барои пешбурди фаъолияти хеш бояд малакаҳои мутобиқшавӣ, қабули қарор, тафаккури интиқодӣ ва худшиносӣ дошта бошанд, зеро рушди соҳибкорӣ аз ҳисоби содирот, маҳсулнокӣ ва ба эътидол овардани муҳити тиҷорат вобаста буда, аз масъулону алоқамандони соҳа истодагариро талаб мекунад. Стив Ҷобс, соҳибкори амрикоӣ, яке аз муассисон ва раиси шурои директорони корпоратсияи Apple гуфтааст, ки «нисфи он чизе, ки соҳибкорони муваффақро аз соҳибкорони ноком ҷудо мекунад, ин суботкорӣ аст».
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»