КОНУНИ ХУДШИНОСӢ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон худро ҳамчун шахсияти ваҳдатофарин, ватанпарвар ва миллатдӯст муаррифӣ намуданд ва дар роҳи эҳёи таърихи куҳан ва аз нав зинда гардондани гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик қадамҳои устувор гузоштанд. Баробари ба эътидол омадани вазъи иҷтимоиву сиёсии кишвар, Сарвари давлат, аз як тараф, ба ободиву пешрафти мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир карданд, аз сӯйи дигар, барои маърифати аҳли ҷомеаро баланд бардоштан ва дар дилҳо бедор кардани ҳисси худшиносӣ бо баргузор кардани солрӯзҳои нобиғагони таърихиву адабӣ ва доир намудани ҷашнвораҳои миллию фарҳангӣ ташаббусҳои шоиста пеш гирифтанд.
Ин кӯшишҳои меҳанпарастона боис шуданд, ки таваҷҷуҳ ба таърихи халқи тоҷик ва эҳёи оинҳои пешин бештар гарданд. Таҷлили Ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён яке аз онҳо буда, дар шинохти этногенезиси халқи тоҷик нақши созгор бозид. Ин чорабинӣ дар мамлакат бо шукӯҳ, бо иштироки меҳмонони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид ва шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун поягузори давлати тоҷикон ва рамзи давлатдории миллӣ шинохта шуд. Аҳли ҷомеа тавассути ин иқдоми ватандӯстонаи Президенти мамлакат дарк карданд, ки сулолаи муқтадири Сомониён на танҳо “девори Бухоро”, балки бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон будаанд, ки забони тоҷикии порсиро забони расмии давлатдориашон эълон карданд ва барои рушду равнақи он заминаи устувор фароҳам оварданд. Ин сулолаи накуном, инчунин, барои пешрафти илму адаб, ҳунару фарҳанг роҳ ҳамвор намуда, дар рушди давлатдории миллӣ саҳми босазо гузоштааст.
Аз ин ба баъд, бо кӯшиши Президенти мамлакат солномаҳо, ҷашнвораҳои таърихиву фарҳангӣ қариб ҳар сол баргузор гардида, ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада аз нав зинда шуданд, мусиқии суннатии “Шашмақом”, “Фалак”, ёдгориҳои зиёди моддиву маънавии тоҷикон ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид гардида, ҳар кадом дар тақвияти худшиносии миллии тоҷикон таъсири мусбат гузоштанд.
Ҳамин асилзодагӣ ва афкори ҳувиятсозро ба инобат гирифта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, соли 2025 таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро пешниҳод намуданд. Бунёди ин ду маҷмааи бузург дар шаҳри Душанбе қадами бисёр ҷиддиву устувор дар роҳи эҳёи таърих ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани мероси маънавию моддии халқи тоҷик мебошад.
Бешак, тамаддуни ориёӣ ва Наврӯзи некойин таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, қадимитарин миллат будани тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон исбот мекунанд. Аносири ҳувиятсоз ва таърихии ин ду мазҳари миллӣ ба мо имкон медиҳанд, ки ҳар чи бештар таърихамонро омӯзем ва меросамонро соҳибӣ карда, дар қаламрави Варорӯд (Осиёи Марказӣ) миллати қадима ва дорои забон, адабиёт ва фарҳанги тавоно будани худро исбот кунем. Бунёди марказҳои фавқуззикр бештар хусусияти фарҳангпарварона дошта, ба масъалаи қавмӣ, нажодӣ, миллиатгароӣ рабте надоранд. Сарвари давлат ба ин восита мехоҳанд аз ҳастии миллати тоҷик ҳимоят кунанд ва онро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
“Конун” дар фарҳангҳо ба маънии оташдон, оташгоҳ, роҳу равиш, марказ ва аз ин гунаҳо омадааст. Вале дар баробари ин, “конун” мазмуни “маҳалли аслӣ”, “хостгоҳ”, “гаҳвора” ва “маҳд”-ро низ ифода менамояд. Манзури Сарвари давлат аз ин истилоҳ, пеш аз ҳама, таъсиси иттиҳодия ва ё муассисае мебошад, ки дар маҷмуаи муҳташами воҳиде ҷой гирифта, таърихи гузаштаи халқи тоҷикро аз замони ориёиҳо то замони муосир меомӯзаду муаррифӣ менамояд.
Дар баробари ин, “конун” гавҳора, хостгоҳ, маҳали аслии тамаддуни ориёӣ будани Тоҷикистони азизро равшан месозад. Конун ба маънӣ ва мазмуни иттиҳод, марказ, ҷамъият, муассиса дар Эрону Афғонистон истифода мешавад. Барои боз ҳам возеҳ баён кардани фикр мисоли зер бамаврид мебошад. Дар ҷумҳурӣ муассисаи эҷодии адибони тоҷик бо номи “Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон” ёд мешавад. Аммо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон онро “Кунуни нависандагони Эрон” меноманд. Чунин конунҳои эҷодиву илмӣ дар Эрону Афғонистон зиёданд, намунаи онҳо “Конуни парвариши фикрии кӯдакон”, “Конуни фарҳангиён дар Эрон” ва “Конуни фарҳангии Афғонистон” дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд. Яъне, “конун” дар пешниҳоди Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба маънии гаҳвора, хостгоҳ, маҳали аслӣ ва марказу иттиҳодия омадааст, на чизи дигар.
Мавриди зикри хос аст, ки дар сохтори конун ҳатман маркази илмию пажӯҳишӣ, сомонаи расмӣ, маҷаллаи илмӣ ва ғайраҳо таъсис меёбанд, ки ба омӯзиши осори хаттии пешин, ҳафриёти қадим, устураву ривоятҳо, матнҳои қадимаи паҳлавию мехӣ, аз ҷумла осори боқимондаи Авасто машғул мешаванд. Дар толорҳои алоҳидаи ин иншооти бузург вобаста ба даврабандии таърихӣ матнҳои қадимаву бостонии марбут ба ориётаборон ҷой дода шуда, бо истифода аз технологияи муосир муаррифӣ мегарданд. Таърихи тоҷикон аз замони Пешдодиёну Каёниён шуруъ шуда, то замони ташаккули ориёиҳо ва давраҳои баъдии қавмҳои эронӣ идома меёбад ва ба инъикоси давраи Сомониён ва расидан ба давраи соҳибистиқлолӣ ҷамъбаст мегардад. Ҳар як давраи таърихӣ дар як ё ду толори барҳаво ҷойгир шуда, бо нигораву матнҳо, аксу суратҳо, тасвирҳои ҷолибу ашёи қадима оро дода мешавад.
Ба ғайр аз Авасто, ки аз панҷ наск – Ясноҳо, Яштҳо, Виспард, Вандидод, Хурд-Авасто иборат аст, эронитаборон мероси зиёди хаттӣ, аз ҷумлаи “Катибаи Бесутун”, “Динкард”, “Дарахти Асурик”, “Ёдгори Зарирон”, “Вис ва Ромин”, “Шоист, ношоист”, “Ривояти паҳлавӣ”, “Мотикини Юишти фриён”, “Ардавирофнома”, “Ҷомоспнома”, “Мотикони ҳазор додистон”, “Минуи хирад”, “Андарзи Атурпата Маҳраспандон”, “Андарзи кӯдакон”, “Андарзи Хусрави Қубодон”, “Пандномаи Бузургмеҳр”, “Корномаи Ардашери Бобакон”, “Шаҳристонҳои Эрон”, “Гузидаҳои Зодиспарам”, “Худойнома”, “Достони суғдии Рустам”, “Синбоднома” ва амсоли инҳоро доранд, ки ба таври шоиста муаррифӣ мешаванд. Дар ин осори бузург, ки ба забони паҳлавӣ ва тоҷикии форсӣ таълиф шудаанд, таъриху фарҳанг ва дину оини бостонии мардуми эронитабор таҳкия шуда, қисми зиёдашон тавассути ҳамосаҳои бузург ва достонҳои лиро-эпикӣ то замони мо расидаанд. Нишон додани намунаи ин матнҳо гузаштаи пурифтихори моро барои дигарон равшан месозад.
Мазҳари ин конунро се ҷавҳари асили ориёӣ – “Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек” ва ё бо шакли дигар: “Маниши нек, гӯйиши нек, куниши нек” ташкил медиҳад.
Мутаассифона, далели собитшуда аст, ки таърихи сангиндил ба миллати тоҷик ҷавру ҷафои нораво бисёр кардааст. Бо вуҷуди ин, баъди садсолаҳо, бо талошҳои фаррехтагони миллат, қаҳрамонҳои Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Абдуқодир Муҳиддинов тоҷикон аввалин маротиба соҳиби ҷумҳурии мухтор ва пасон, ҷумҳурии мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ шуданд. Дар поёни садаи ХХ тоҷикон аз нав соҳиби истиқлоли миллӣ гашта, давлатеро бо ҳамаи рукнҳову рамзҳояш таъсис доданд.
Дар ҳудуи ин ҷуғрофиёи воҳид, яъне Тоҷикистон, ёдгориҳои зиёди таърихӣ боқӣ мондаанд, ки гузаштаи пурифтихори халқи тоҷикро исбот менамоянд. Бештари мероси моддиву маъанавии халқи тоҷик бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла таъсиси давлатҳои нав, тақсимоти ҳудудию марзӣ дар қаламрави ҳамсоякишварҳо боқӣ мондаанд. Қисми дигари ин мероси моддиву маънавӣ дар Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Чин ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд. Қисме аз ёдгориҳои таърихӣ, мероси хаттӣ ва сиккаву тангаҳои мо дар осорхонаву бойгониҳои кишварҳои Русия, Инглистон, Фаронса ва дигар мамлакатҳо маҳфуз мебошанд.
Вазифаи Конуни тамаддуни ориёӣ дар оянда аз он иборат мегардад, ки намунаҳо, фотокопии аксу суратҳо, дастхатҳои нодирро, тангаву нигинҳо, бозёфтҳои ба таърихи халқамон алоқамандро аз тамоми гӯшаву канори дунё ҷамъоварӣ карда, ба мисли осорхонаи таърих ба намоиш гузорад. Албатта, тамоми корҳои ҷамъоварӣ ва харидани маводи бостонию таърихӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба тариқи муносибатҳои дипломатӣ амалӣ мешаванд.
Конун бо мақсади исботи меросдори тамаддуни ориёиҳо будани халқи тоҷик таъсис ёфта, ба манфиати тақвияти гуногунрангии фарҳангҳо фаъолият менамояд. Конун, аслан ба муаррифии таъриху фарҳанг машғул мешавад. Вале маркази илмию пажӯҳишие, ки дар таркиби он таъсис меёбад, метавонад мизҳои гирд, конфронсу симпозиюмҳое доир ба нақши забони тоҷикӣ ва ташаккулу таҳаввули забони давлатӣ барпо намояд. Дар маҷаллае, ки дар оянда дар сохтори Конун таъсис меёбад, шояд мақолаҳои муфиди андешамандони дохилию хориҷӣ дар ин мавзуъ ба табъ расанд.
Конун дар оянда барои ҷамъоварию дарёфти мавод, гирд овардани нигораҳо, матнҳои қадима, намунаҳои китобҳо ва дигар осори таърих, ки марбут ба тамаддуни ориёӣ ва мероси моддию маънавии халқи тоҷик мебошад, бо марказҳои илмию адабӣ, бойгониву осорхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайриҳукуматии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Чин, Россия ва дигар кишварҳо ҳамкорӣ мекунад ва барои овардани мероси маънавӣ ва ё нусха гирифтан аз ин мерос талош карда, ҷиҳати мукаммал кардани нигораҳо ва санадҳои дигар аз таҷрибаи ин кишварҳо истифода мебарад. Як бахши осори таърихиву фарҳангии тоҷикон дар осорхонаву китобхонаҳои ин кишварҳо нигаҳдорӣ ва ҳифз мешаванд. Махсусан, дар Чин намунаи матнҳое, ки дар онҳо калимаи “тоҷик” вуҷуд дорад, ҳастанд. Чунин ёдгориҳои бемисл дар бисёр кишварҳо ҳифз шудаанд. Бе овардани ашё ва нигораҳои пешин осорхонаи Конун мукаммал намегардад. Бинобар ин, дар ҳар гӯшаи дунё, ки аз таърихи тоҷикон нишонае, осоре боқӣ мондааст, бояд нусхаи он дар маҷмуаи Конун ҷамъоварӣ ва ба таври шоиста ба маърази тамошо гузошта шавад.
Бовар дорем, ки бо таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ бисёре аз ҷузъиёти ин тамаддун равшан мегарданд. Он дар оянда барои тоҷикон ҳамчун шиносномаи миллӣ хидмат карда, қадимӣ будани ин миллатро дар ҷаҳони муосир бори дигар ёдрас мешавад ва ҷалби сайёҳону меҳмононро ба кишварамон зиёд мекунад.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон