Баргашт Чоп кардан

СУЛҲ. МО ВА ЭЪТИРОФИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


Басо рамзист, ки 25-уми июни соли 2026 дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории ҷомеаи ҳақшиноси ҷаҳонӣ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”-ро қабул намуд, ки ин ҳуҷҷати гаронмоя маротибаи дигар аз бузургӣ, фарҳанги воло, соҳибтамаддунӣ ва сулҳу ваҳдатофаринии миллати тоҷик ва соҳибхирадии раҳнамою раҳкушои халқи саодатманди мо – Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳад.
Ташаббуси навбатии кишвари маҳбубамон, ки дар маҳзари намояндагони аксарияти кулли давлатҳои ҷаҳон аз забони гуҳаррези яке аз чеҳраҳои маъруфтарини олами сиёсати муосир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни муҳимтарин масъалаи рӯзгори аҳли башарият – таҳкими сулҳ барои имрӯзиён ва наслҳои оянда дар он лаҳзаҳои пуршиддату мураккабе мавриди баррасӣ ва пазириши ҳамагонӣ шуд, ки, бидуни шакку шубҳа, замину замон аз авҷ гирифтани оташи ҷангҳои хонумонсӯз ва ихтилофоти афзояндаи парчамбардорони қутбҳои гуногун дар тамоми қитъаҳои дунё ба ларза омадаву бонги изтиробаш тадриҷан ҷигархарош гардида истодааст. Оре, имрӯз вазъи сиёсии сайёра ба ҳадде муташанниҷ ва хатарафзо шудааст, ки таъхири минбаъдаи нидои баланди ҳушдордиҳӣ ва боз намудани чашми ақлу хиради ҷомеаи башардӯст боиси таркиши бузурги оламсӯз ва фоҷиаи гӯшношунид мешавад. Дар чунин шароити беандоза ҳассоси бархӯрдҳои сарнавиштсоз дар минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид абармарде рисолати қудсии мунодии сулҳ буданро бар дӯш гирифтанд, ки бо инояти бениҳояти Парвардигор қурбу манзалати сухан ва пешниҳодҳои оқилонаашон барои аҳли назари тамоми қораҳои дунё арзиши волотарин касб кардаанд. Фарзонафарзанди мардуми шарафманди тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон ин карат ба ҷумлаи ташнагони сулҳу осоиштагӣ нӯшобаеро манзур намуданд, ки мутлақо ивазнопазир аст!
Аз минбари муътабар чунин нидои Сарвари давлати Тоҷикистон ба забонҳои асосии аҳли башарият баланд садо дод: “Агар дар сайёра сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии мардумони гуногун ва ваҳдати инсоният ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд. Имрӯз зодагони Одам ба неъмати бебаҳои сулҳ бештар аз обу ҳаво муҳтоҷ гардидааст. Биёед, барои таъмини ин неъмати беҳамто ҳамаамон аз як гиребон сар бароварда, ҷаҳду талош варзем! Мо аз уҳдаи иҷрои ин кори наҷибона баромада метавонем!”.
Қарсакҳои пурмавҷ ва аҳсанхониҳои пайвастаи ширкатдорони ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳини суханронии Пешвои муаззами тоҷикон борҳо такрор мешуданд, бахубӣ гувоҳӣ медоданд, ки воқеан, айни замон ба таҳкими сулҳ ниёзи ҳамагонӣ ба миён омадааст. Ҳақиқати зиндагии пурталотум собит сохт, ки ҷаҳон, воқеан, ташнаи сулҳ аст.
Қабули якдилонаи Қатънома дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” зафари бузурги аҳли башар, боз як дастоварди назарраси яке аз ҷавонтарин давлатҳои олам – Тоҷикистони соҳибистиқлол – маҳсуб мешавад ва, албатта, мояи ифтихори ҳар бошандаи кишвари маҳбубамон хоҳад буд.
Дар урфият беҳуда “Қадри зар заргар бидонад, Қадри гавҳар гавҳарӣ!” нагуфтаанд. Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар хунрезтарин давраи ташкил ва ташаккули давлати тозабунёди Тоҷикистон борҳо ҷонашонро ба гарав гузошта, роҳи муросову мадоро меҷустанд ва ниҳоят ба шарофати заковату даҳои фитриашон ба боздоштани ҷанги таҳмилии бародаркуш ва ба имзо расондани созишномаи сулҳ муяссар гардиданд, бештар аз ҳамагон ба қадри суботу осоиш ва ҳамбастагӣ мерасиданд. Аз ҳамин ҷост, ки аз миёни 193 давлати дунё, ки ба ҳайси иштирокдорони соҳибҳуқуқ ва соҳибистиқлол ба Созмони Милали Муттаҳид аъзо пазируфта шудаанд, маҳз Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори тариқи расмӣ эълон кардани Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ гардид ва чунин амали хайри кишвари моро шахсияте дар ҳамоиши бонуфузтарин ироа доштанд, ки, барҳақ, дар ҳалқаи сарварони кишварҳои дунё ҳамчун сиёсатмадори тавоно ва ташаббускор эътироф ёфтаанд.
Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар сулҳро ҷомеаҳои ҷаҳонӣ бо камоли фаросат на ба шиори муқаррарӣ, балки ба фарҳанги хештан табдил диҳанд, дигар ба ҷангу талошҳои бемаънӣ роҳе намемонад. Ноил гардидани мардумони ҷумлаи давлатҳои дунё ба чунин фарҳанги воло муҳимтарин ғояи меҳварии Қатънома дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” маҳсуб меёбад. Мусаллам аст, ки пайгирона амалӣ намудани чунин ғояи башардӯстона, бешубҳа, гарави таҳкими сулҳ ва осоиши босуботи ҷаҳони имрӯза ва оянда хоҳад буд.


КАРИМЗОДА Осим Қосимӣ,
директори Муассисаи давлатии вилоятии “Қасри маданияти Арбоб”, доктори илмҳои таърих, профессор