Баргашт Чоп кардан

Синамоҷашнвораи миллии “Тоҷи Сомон” доир мегардад


Моҳи октябри соли равон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар асоси Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027 3-юм Синамоҷашнвораи миллии “Тоҷи Сомон” доир хоҳад шуд.
Тавре “Тоҷикфилм” хабар дод, ҷиҳати ширкат дар ҷашнвора коргардонҳову ҳунармандони кишварҳои хориҷӣ даъват мешаванд. Ҳамчунин, дар доираи он ташкил ва баргузор намудани рӯзҳои кинои Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои давлатҳои узви ИДМ дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Синамоҷашнвораи 2-юми “Тоҷи Сомон” филмҳои ҳунарӣ аз Россия, Ӯзбекистон, Туркманис-тон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Муғулистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Молдова, Эрон, Туркия намоиш дода шуда буданд.


Муаррифии Қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027 – 2036” дар САҲА
Дар пойтахти Австрия– шаҳри Вена, дар доираи ҷаласаи Шурои доимии САҲА, Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027 – 2036”, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, муаррифӣ шуд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА Манучеҳр Ҷобир роҷеъ ба муҳтавои қатънома, аҳамияти ташаббуси мазкур барои таҳкими сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо маълумоти муфассал манзур намуда, аз кишварҳои иштирокдори САҲА даъват ба амал овард, то дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола тавассути ҳамкориҳои созанда ва ташаббусҳои муштарак саҳм гузоранд.


Сардори Хадамоти алоқа бо директори «Мегафон» вохӯрд
Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло бо директори генералии Ҷамъияти саҳомии оммавии «Мегафон»-и Федератсияи Русия Хачатур Помбухчан вохӯрд.
Дар мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, таъмини фаъолияти устувору бефосилаи шабакаҳо, суръат бахшидан ба амалисозии технологияҳои нав, густариши фарогирии шабакаҳои алоқа, риояи талаботи қонунгузорӣ ва иҷрои пурраи уҳдадориҳои ширкат баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар кишвар, ворид намудани технологияҳои муосир, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва омодасозии кадрҳои баландихтисос мубодилаи афкор намуданд.


Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов бо роҳбари раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон Франк Ҳартманн мулоқот намуд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Олмонро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, доир ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор сурат гирифт.


АЙНӢ
Бар асари сел дар ноҳия хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
11-уми июл бар асари боришоти шадид дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ сел омада, ба хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, заминҳои кишоварзӣ ва якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ хисороти зиёд расонд.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, сел аз нови Сурхӣ, сойи Кашак ва сойи Ҷарии деҳаи Каздон фуромада, ба ҳар ду деҳа ворид шудааст. Дар натиҷа, роҳҳои мошингард ва пиёдагард, хатҳои оби нӯшоӣ ва полизӣ, роҳҳои соҳили дарё, ҷӯйборҳо, боғҳо ва кишти зироати кишоварзӣ зарар диданд. Ҳамчунин, 11 автомобили сабукрав, як мошини боркаши тамғаи «КамАЗ», гирду атрофи МТМУ №48-и деҳаи Каздон, беморхонаи минтақавии деҳаи Дарғ, мағозаҳои хӯрокворӣ ва дигар молу мулки шаҳрвандон осеб диданд.
Ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, муайян намудани ҳаҷми хисорот ва расондани ёрии аввал ба аҳолии зарардида кор мебарад.