Дар тақвим соли 1978 рақам мезад. Рӯзе фаро расид, ки хатти ояндаи додарам Алиҷон Очиловро баъди хатми мактаб якҷо бо падар муайян мекардем. Пешниҳод намудам, ки Алиҷон ба Институти политехникии шаҳри Душанбе дохил шуда, бо ихтисоси муҳандис-энергетик таҳсил намояд. Аллакай, овозаи сохтмони НБО “Роғун” вирди забонҳо буд. Падарам розӣ шуданд, худи Алиҷон ҳам пешниҳоди моро пазируфт ва шукри Худо, ки ҳоло яке аз энергетикҳои номошнои кишвари азизамон аст. Ҳамин тавр, ӯ нахустин муҳандиси соҳаи энергетика бо маълумоти олӣ аз байни сокинони зодгоҳаш – деҳаи Обшорон гардид. Минбаъд ҷавонони зиёди деҳа ба ӯ пайравӣ намуда, аз пайи пешаҳои муҳандисию техникӣ рафтанд ва дар зиндагӣ комёб шуданд.
Алиҷон Очилов аз зинаҳои кӯчаки ин пеша то ба роҳбарии бахшҳои калидии НБО “Роғун” сабзид. Фаъолияти бисёрсолааш дар соҳаи энергетика самар овард. Дар НБО “Роғун” дар оғози солҳои 90-уми асри ХХ барқчии одӣ буд. Бо ранҷ ва чашмикордониву зиракӣ роҳбари ягона корхонаи ватанӣ ҶСК "ТоҷикСГЭМ" гардид. Барои иҷрои корҳои боназокати васлу насби таҷҳизоти техникии гидроагрегати рақами 6-и Неругоҳ дар соли 2018 бо медали Хизмати шоиста қадр шуд.
Сарфи назар аз он, ки Алиҷон мутахассиси маълумоти олӣ буд ва ҳамчун муҳандис собиқаи корӣ дар коргоҳи кимиёии “Ёвон” дошт, ӯро дар НБО “Роғун” ҳамчун барқчии дараҷаи III ба кор пазируфтанд.
Дар як муддати кӯтоҳ ӯ саркор, усто ва сардори қитъаи алоҳида дар НБО “Роғун” таъин гардид.
Дар вазифаи нав Алиҷон бо маълумоти нави пешбурд ва иҷрои корҳо дар сохтмон шинос шуда, корро ҷиддӣ ва самаранок ба роҳ монд.
Соли 2011 вақте Алиҷон Очилов роҳбарии корхонаи ҶСК "ТоҷикСГЭМ"-ро бар зимма гирифт, корхона аз андоз қарзи калон дошт. Дар ду сол Алиҷон онро ба корхонаи фоидаовар табдил дод. Дар тендерҳо иштирок намуда, ғолиб меомад. Дар амалишавии лоиҳаҳои сохтмонии аҳамияти ҷумҳуриявидошта дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари кишварамон иштирок намуд.
Айни замон гурӯҳе аз мутахассисону коргарони ӯ мувофиқи шартнома берун аз кишвар, дар сохтмони Неругоҳи барқии “Токтагул”-и Қирғизистон фаъолият доранд.
Якчанд ҷавони ояндадори корхона, аз ҷумла, Муҳсинҷон Маҳмудзода Зубайдулло, Мирзомиддин Сироҷзода (дорандаи медали Хизмати шоиста), Далер Мазориев (дорандаи медали Хизмати шоиста), Зоҳир Ойев, Исматҷон Раҷабов, Муҳаммадраҳим Зуҳуров, Мунавваршо Шоев, Асоев Икром (Аълочии барқи Тоҷикистон), Алимуҳаммад Нуров, Суҳроб Очилов (дорандаи медали Хизмати шоиста), шогирдони Алиҷон ҳастанд. Бештари онҳоро ӯ ҳамчун раиси комиссияи имтиҳони давлатӣ аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузидаву тарбият кардааст.
Баъзе аз онҳоро ба коромӯзӣ ба шаҳрҳои саноатии Украина ва Россия фиристод. Дар корхонаи "Электротяжмаш"-и шаҳри Харков корҳои васлу насби агрегатҳои азими стансияҳои электрикии барқиро омӯхтанд. Бо ҷалби ин мутахассисони ҷавону умедбахш дар пойгоҳи Элок (шаҳри Ваҳдат), васлу насби санҷишии калонмиқёси гидроагрегатҳои рақамҳои 6 ва 5-и НБО “Роғун” гузаронда шуд.
Танҳо баъди гузарондани ин санҷишҳо бовар пайдо шуд, ки гидроагрегатҳои номбаршуда дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд ва тавассути чораҳои махсуси нигоҳдорӣ ва сари вақт ҷудо гардидани маблағҳои зарурӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат аз вайроншавӣ эмин мондаанд.
Соли 2024 Алиҷон ба соли бознишастагӣ расид, вале бо хоҳиши муассисон ду соли дигар, яъне то 1-уми майи соли 2026, роҳбарӣ кард. Айни замон мушовири директори генералӣ аст.
Бо шодмонӣ мушовириро пазируфт, иззату эҳтироми роҳбариятро болои чашм донист, аз хеш розӣ буд, ки маҳз дар ин иншооти бузург худро ёфт, бо Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни корҳо борҳо суҳбат дошт. Аксҳои аз он лаҳзаҳои таърихӣ бардошташударо бо ифтихор дар хонааш нигоҳ медорад. Дар ниҳоят Алиҷон хулоса кард, ки ӯ ҷонпайванди НБО “Роғун” аст. Аз ин сохтмони аср ӯро ҷудоӣ нест, ки нест!
Саид КАРИМОВ,
сокини деҳаи Обшорони
ноҳияи Файзобод,
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон