Баргашт Чоп кардан

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ


Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маҷлиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид.


Дар кори он Садриддин Ширинбекзода, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Абдураҳим Шоҳиён, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Саодат Шукурзода, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, аъзои ҳизб, вакилони шаҳриву ноҳиявӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат карданд.
Ҷӯрабек Муродзода зимни гузориш зикр кард, ки давоми нимсолаи якуми соли 2026 ҳизбиёни ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати фаъолона ва иқдому ташаббусҳои худ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва ободиву шукуфоии ноҳия нақши арзанда гузоштанд.
Дар ин раванд, ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар, қонунҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти сулҳу субот, обу иқлим ва зеҳни сунъӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ чорабинии зиёди таблиғотиву ташвиқотӣ ва мулоқоту вохӯриҳоро бо ҷалби васеи сокинон баргузор намуданд. Ҳамчунин, бахшида ба идҳои милливу санаҳои таърихӣ зиёда аз 1254 чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ва маҷлисҳои тантанавӣ баргузор шуданд.
Ҷиҳати таҳкими фаъолияти дохилиҳизбӣ, риояи талаботи оиннома ва тақвияти корҳои идеологиву таблиғотӣ бо раисони ташкилотҳои ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронда шуданд. Дар самти кор бо занону ҷавонон ва оммавигардонии варзиш низ як қатор чорабиниҳои сиёсӣ-маърифатӣ сурат гирифтанд.
Пешниҳод гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маҷлисҳои тантанавӣ таҳти шиори «Истиқбол аз истиқлол – 35 соли созандагӣ, ваҳдат ва пешрафт!» ба роҳ монда шаванд.
Таъкид шуд, ки минбаъд корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ, таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизб ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, роҳандозии иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ тавассути ҷалби сокинон вусъат дода шаванд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»