Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Далер Ҷумъа:
“Ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мешавем”
– Давоми шашмоҳаи соли равон дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи неругоҳҳо 11 миллиарду 656,4 миллион кВт-соат барқ истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли пешӣ 156,6 миллион кВт-соат ё 1,3 дарсад кам аст, – иттилоъ дод Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номбурда камтар ворид шудани обро ба обанбори неругоҳҳо сабаби коҳиши тавлидоти барқ дар ин давра арзёбӣ намуд.
Далер Ҷумъа тазаккур дод, ки барои рушди соҳа қадамҳои устувори таконбахш ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ гузошта шуданд. Аз ҷумла, таҷдиди неругоҳҳои “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” чораи муҳиме ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф мебошад. Ҳамзамон, сохтмони НБО “Роғун” ва ба кор даровардани чархи сеюми он дар роҳи ноилшавӣ ба дастовардҳои бештари соҳа нақши калидӣ дорад, ки ҳоло бомаром ҷараён дорад. Инчунин, чораҳо барои коҳиш бахшидани талафот ва сарфаи неруи барқ бо истифода аз инфрасохтори нави замонавӣ ҷоннок гардида истодаанд. Дар маҷмуъ, мо ба таври устувор ва боварибахш ба ҳадафи стратегии худ – истиқлолияти энергетикӣ наздик шуда истодаем.


Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ


ХИШТИ АВВАЛИ РУШДИ ИҚТИСОД


Соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон рушду тавсеаи устуворро идома дода, ба яке аз самтҳои муҳими омодасозии мутахассисони рақобатпазир барои иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Дар ин бора раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, айни замон дар ҷумҳурӣ 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, аз рӯйи даҳҳо самти омодагӣ ва садҳо касбу ихтисоси муосир барои бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ мутахассисони миёнаи касбӣ ва коргарони ихтисосмандро омода месозанд. Дар ин муассисаҳо қисми назарраси донишҷӯёнро духтарон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, афзоиши шумораи донишҷӯён ва иштироки фаъоли духтарон нишон медиҳад, ки дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ васеъ гардида, баробарии гендерӣ дар соҳаи маориф низ тақвият меёбад.


Сайфиддин СУННАТӢ