14-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Тайланд муҳтарам Анутин Чарнвиракул барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари сӯхтори шадид дар яке аз мавзеъҳои тафреҳии пойтахти Шоҳигарии Тайланд – шаҳри Бангкок боиси андуҳи мо гардид.
Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Тайланд ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».