![]()
14-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ду қисм иборат буда, дар бинои якум ҳуҷраҳои кории роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ, маркази қабули шаҳрвандон, маҷлисгоҳ, толори машваратӣ, китобхона, ҳуҷраҳои хизматӣ, компютерӣ, видеоконференсия ва амсоли инҳо ҷойгиранд.
Дар маҷмуъ, дар бинои нав инфрасохтори зарурӣ барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти адлия муҳайё гардидааст, аз ҷумла маҷлисгоҳи калон бо 500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳи хурд барои 140 нафар ва 7 толори машваратӣ ҳар кадом бо 40 ҷой омода аст.
Маркази қабули шаҳрвандон, китобхона, бойгонӣ, синфхонаҳои компютерӣ, типография, ҳуҷраҳои видеоконференсия, сервер, ошхона, анборҳо, толори машқ бо таҷҳизоти варзишӣ, ҳуҷраҳои таҷҳизоти зидди сӯхтор аз ҳуҷраҳои техникии Вазорат маҳсуб меёбанд.
Иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва беҳбуди сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосири техникӣ ва технологияҳои рақамӣ таъмин мебошад.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Вазорати адлия қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори мақомоти адлия буда, барои татбиқи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми муосири идоракунӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо мусоидат хоҳад намуд.
Бино бо истифода аз масолеҳи босифат ва таҷҳизоти муосир сохта шуда, ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад.
Ифтитоҳи иншооти мазкур баёнгари таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба рушди мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолияти онҳо мебошад.
Дар бинои нав якчанд идораи зерсохтори Вазорати адлия низ ҷойгир шуд.
Иншооти нави Вазорати адлия дар дои-раи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфт.