Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари навтаъини Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (TIKA) дар Тоҷикистон Қадир Фурқон Одабаси мулоқот кард.
Дар суҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамкории ниҳодҳо, рақамикунонии соҳаи молия, аз ҷумла таҳияи «Харитаи роҳи ҳамкорӣ», баррасӣ шуд. Инчунин, ҷалби кумакҳои техникӣ ва ташкили барномаҳои такмили ихтисоси мутахассисон бо истифода аз таҷрибаи пешқадами Туркия муҳокима гардида, ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Бизнес-форуми соҳибкорони Суғду Шэнси баргузор шуд
Дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷоративу соҳибкории вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Шэнсии Чин бизнес-форуми тиҷоратию иқтисодӣ доир гашт.
Гуфта шуд, ки ҳадафи чорабинӣ муаррифии имкониятҳои иқтисодии ҳар ду минтақа ва фароҳам овардани майдони мусоид ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорон ва ширкатҳо ба ҳисоб меравад. Муовини губернатори музофоти Шэнси Ли Сзюхун изҳори бовар кард, ки ин ҳамоиш барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн роҳҳои навро боз хоҳад кард.
Шиносоии раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни сохтмони варзишгоҳи марказии Вахш
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия боздид намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ноҳияи Вахш ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд.
Зикр гардид, ки бунёди чунин иншооти муҳими варзишӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, рушди варзиши оммавӣ ва тарбияи варзишгарони соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам меорад.
Омодагӣ ба Форуми байналмилалии «Помир Инвест – 2026»
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода аз макони баргузории Форуми байналмилалии "Помир Инвест – 2026" дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дидан кард.
Вобаста ба омодагӣ ба Форум муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода маълумот дода, гуфт, ки бештари корҳо ба анҷом расиданд.
Шарифхон Сафарзода диққати масъулонро баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Форум ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ ҷалб намуд.