Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз як қатор иншооти муҳими соҳаҳои маориф ва варзиш дидан карда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия аз наздик шинос шуд.
Нахуст, раиси вилоят аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, ки барои 220 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст ва айни ҳол ба таъмиру азнавсозии асосӣ ниёз дорад, боздид намуд. Зимни шиносоӣ бо вазъи Муассиса таъкид гардид, ки муҳайё кардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Давлаталӣ Саид ба масъулон ҷиҳати ҳарчи зудтар ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба таъмири Муассиса ва фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Чепи Воло аз рафти сохтмони муассисаи нави таълимӣ, ки барои 480 хонанда дар ду баст бунёд мегардад, шинос шуда, ба сохтмончиён ва масъулони соҳа ҷиҳати анҷоми босифату саривақтии иншоот дастурҳои мушаххас дод.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг шаҳрвандонро қабул кард. Дар ин вохӯрӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ низ ширкат варзиданд. Арзу муроҷиатҳои сокинон ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, сохтмони варзишгоҳ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои оилаҳои ниёзманд ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ рабт доштанд.
Таъкид шуд, ки бо афзоиши аҳолӣ дар деҳоти ноҳияи Ховалинг талабот ба мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, оби нӯшоӣ ва неруи барқ меафзояд ва барои қонеъ намудани ниёзҳои мардум бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.
Баъд аз анҷоми қабули сокинон раиси вилояти Хатлон бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Ховалинг мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъулон ва фаъолон вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «хона ба хона» ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрам саҳми арзанда гузоранд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
СУҒД. ДАР ВИЛОЯТ БА МАБЛАҒИ 7,3 МИЛЛИАРД СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ИСТЕҲСОЛ ШУДААСТ
Дар 6 моҳи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 7,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,2 фоиз таъмин шудааст.
Дар ин бора муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода зимни баргузории ҷаласа оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2026 маълумот дод.
Зикр шуд, ки дар ин давра дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар масоҳати 235 ҳазор гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронда шудааст. Ба ҳолати 1-уми июл дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 463,1 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 439,4 гектар боғ ва 23,6 гектар токзор, бунёд гардид. Ҳамзамон, дар масоҳати 826,1 гектар барқарорсозии боғу токзор, аз ҷумла 779,4 гектар боғ ва 46,7 гектар токзор, анҷом дода шудааст.
Мавсуф изҳор дошт, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ, коҳиш додани талафоти оби полизӣ, харидории дастгоҳҳои муосири обкашӣ, таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва омода намудани инфрасохтори соҳа ба фаъолияти мунтазам дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети вилоят 9,5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор