Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Авлавият ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷ
Дар шаш моҳи аввали соли равон дар корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ 4449 ҳолати қонунвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат ошкор гардидааст, ки бештар ба ҳуқуқҳои меҳнатӣ рабт дорад. Ҳамзамон, зиёда аз 15,6 ҳазор шаҳрванд ҷиҳати дарёфти маълумот ва тавсияҳо дар самти муҳоҷират ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он муроҷиат намуд, ки аксаран ба масъалаҳои кор дар хориҷ марбут мебошад. Қариб 4 ҳазор шаҳрванд барои дарёфти ҷойи кор ва омӯзиши малакаҳои касбии мутобиқ ба бозори меҳнат роҳнамоӣ шуд.
Дар ин бора Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вазир, аз ҷониби 35 ширкати ватанӣ дар ин давра бештар аз 23 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар бо ҷойи кор таъмин гардидааст. Ҳамзамон, намояндагии Вазорат дар Россия зиёда аз 2,2 ҳазор шикояти шаҳрвандонро баррасӣ намуда, тақрибан 22,5 миллион рубл музди меҳнатро аз корфармоён ситонда, ба соҳибонашон пардохт.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ


САНОАТ
ТАЪСИСИ 191 КОРХОНАИ НАВ
Дар нимсолаи аввал дар ҷумҳурӣ 191 корхонаи саноатӣ ба фаъолият шуруъ намуда, 1160 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ дар ин давра зиёда аз 124,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид.
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир иттилоъ дод, ки соли равон дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати мамлакат, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 корхонаи саноатӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон ва истихроҷи ангишт ба истифода супурда шуд. Дар маҷмуъ, то якуми июл дар мамлакат 4002 корхонаи саноатӣ бо 89059 ҷойи кор ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли гузашта 153 корхона зиёд мебошад.
Шералӣ Кабир гуфт, ки ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ба маблағи 391,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 30,8 миллион сомонӣ камтар буда, суръати афзоиш 92,7 дарсад таъмин гардид.


Кароматулло АТО


РОҲУ НАҚЛИЁТ
ТАТБИҚИ 11 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 1,1 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР
Ҳоло тавассути Вазорати нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи 1 миллиарду 193 миллион доллари ИМА амалӣ мешавад.
Ба маълумоти вазири нақлиёт Азим Иброҳим, панҷ лоиҳа ба маблағи 590,3 миллион доллар дар ҷараёни татбиқ ва шаш лоиҳаи дигар ба маблағи 602,2 миллион доллари ИМА ба анҷом расид.
Таъкид шуд, ки тибқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2026 бояд аз рӯйи 8 лоиҳа ба дарозии 286,9 км ба маблағи 334,9 миллион доллари ИМА корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла дар самти таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Кӯлоб (32,2 км, 80 миллион доллар), Балҷувон – Сарихосор (58 км, 58 миллион доллар), қисми Мурғоб-Кулма (67 км, 78 миллион доллар), Лабиҷар-Сангвор (сохтмони 3 пул, 17,1 миллион доллар), роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб (11 км, 30 милллион доллар), таъмири роҳи автомобилгарди Ваҳдат — Обигарм (70 км, 28,8 миллион доллар), сохтмони роҳи автомобилгарди Хистеварз – Конибодом (Арка) (9,7 км, 4,5 миллион доллар), Хоруғ-Роштқалъа (39 км, 38,5 миллион доллар ) оғоз шаванд.


Кароматулло АТО


ФАРҲОДШОҲ РАҲМОНАЛИЗОДА:
«Дар доираи намоишгоҳҳо 355 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид»
«Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии маҳсулоти ватанӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ташкили намоишгоҳу форумҳо ва дастгирии бахши хусусӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид», - иброз дошт раиси Палата Фарҳодшоҳ Раҳмонализода, зимни нишасти матбуотӣ.
Мавсуф зикр намуд, ки дар ин давра бо мақсади тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ 17 намоишгоҳи дохиливу хориҷӣ ташкил карда шуд, ки дар доираи онҳо бо ҳузури 933 соҳибкори ватанӣ 355 санади ҳамкорӣ ва 90 шартномаи мустақими содиротӣ ба имзо расид. Ҳамзамон, баргузории 57 бизнес-форуму миссияи тиҷоратӣ ва 29 мулоқоти соҳибкорон дар формати B2B барои бастани даҳҳо қарордоди нави хариду фурӯш заминаи мусоид фароҳам сохт.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки тақвияти дипломатияи иқтисодӣ тавассути 192 вохӯрии корӣ ва имзои 32 санади ҳамкории байнипалатавӣ эътимоди бахши хусусиро ба ин сохтор ба таври назаррас афзуд, ки дар натиҷа шумораи аъзои Палата ба 1279 расид.
Руҳафзо МУРОДОВА