Баргашт Чоп кардан

ҶАББОР РАСУЛОВ. ВАРЗИШГАРОН НУФУЗИ НОҲИЯРО МЕАФЗОЯНД


Варзиш қосиди сулҳ буда, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифии кишварҳо мебошад, инчунин, воситаи беҳтарини саломатии мардум ва густариши тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.
Бо дарки аҳамияти баланди ин нукта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти таъмини рушди соҳа, фароҳам овардани шароитҳои тамрин, дастгирии варзишгарон, қадршиносии кормандони соҳа иқдомҳои имконпазирро амалӣ намуда истодааст. Варзишгарону мураббиёни тоҷик бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҷавобан ба ғамхориҳое, ки нисбат ба онҳо зоҳир мегардад, талош меварзанд дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо маҳорати баланд қувва озмуда, медалу ҷоиза ва унвонҳои баландро соҳиб гарданд.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов намудҳои самбо, гӯштии миллӣ ва гӯштии камарбандӣ дар байни варзишгарон ва мухлисону ҳаводорон маҳбубият пайдо намудааст.
Чанде пеш дар шаҳри Манилаи Ҷумҳурии Филиппин Чемпионати Осиё ва Уқёнус оид ба самбо баргузор гардид, ки дар он аз 31 давлат, зиёда аз 500 варзишгар иштирок варзиданд. Бино ба иттилои масъулин, дар қатори варзишгарони маъруфу машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони муваффақи ноҳияи Ҷаббор Расулов ширкат намуда, Нуроншоҳ Муҳаммадшозода сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Ҳамчунин, аз 25 то 29-уми июн дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии камарбандӣ доир гашт, ки дар он 3 варзишгари ноҳия иштирок намуда, байни ҷавонон Муҳаммадёр Қаландаров чемпиони ҷаҳон ва байни калонсолон Ҳакими Муллоҳаким ва Шамсиддин Валиев сазовори ҷойи дуюм шуданд.
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Олимбек Юлдошзода зимни як ҳамоиш дар назди майдони Парчами давлатии ноҳия ғолибонро шодбош гуфта, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр намуд. Изҳори бовар карда шуд, ки варзишгарону мураббиёни ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби хеш кӯшишу ғайрат намуда, маҳорату таҷрибаи андӯхтаашонро барои тарғибу ташвиқи варзиш ва омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ сарф менамоянд.


Саъдулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор