Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР МАСИРИ РАИЯТСОЗИИ МИЛЛӢ


Дар таърихи ҳар халқ санаҳо ва воқеаҳое ҳастанд, ки дар роҳи ҳаёт ва инкишофи минбаъдаи ин ё он миллат омили ҳалкунандаю тақдирсоз гашта, бо гузашти солҳо аҳамият ва мақомашон бештар аён мегардад. Яке аз чунин санаҳои муҳиму ҳалкунандаи таърихи муосири халқи тоҷик ин баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд мебошад. Бо гузашти айём аҳамияти таърихии ин Иҷлосия дар муқаррар намудани роҳи минбаъдаи инкишофи давлатдорӣ, сохти ҷамъиятӣ, истиқрори сулҳ дар кишвар, таъмини осудагию амну амонии шаҳрвандон бештар равшан мегардад.
Роҳи наҷотро аз ин вартаи ҳалокатбор, ки кишвари мо дар аввалин солҳои соҳибистиқлолӣ ба он рӯ ба рӯ шуда буд, маҳз Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз муайян кард ва дар ҷаласаҳои он ҷавонмарде бо исми мубораки Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрати сиёсии мамлакат омад, ки муроҷиати ба мардум умедбахшандааш: “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро нисор менамоям” аз дамидани субҳи оромию осудагӣ мужда дод. Ин муроҷиат, пеш аз ҳама, башорат аз хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бозгардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист, барқарор сохтани ҳазорҳо хонаю иншооти бар асари ҷанг харобгашта, ба паси мизи музокирот нишастани роҳбарони неруҳои ба ҳам мухолифро дошт.
Рисолати таърихии Сарвари тозаинтихоб аз ҳамин иборат буд, ки эшон алангаи оташи ҷанги хонумонсӯзро хомӯш карда, барои имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ шароити воқеӣ муҳайё намуданд. Сулҳи деринтизор ба мардуми ҷафодидаи кишвар нишот бахшид. Сарвари давлат эҳёи ваҳдати миллиро муҳимтарин вазифаи роҳбарии худ қарор доданд ва дар таърих номашон чун меъмори сулҳу ваҳдат, кафили якпорчагии миллат ва кишвар бо хатти заррин сабт гардид.
Халқи тоҷик аз имтиҳони ҷиддии таърих таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона гузашт, истиқлолияти комилро ба даст овард. Ин роҳ осону ҳамвор набуд, аммо Президенти кишвар бо ҷасорату собитқадамӣ, садоқату иродаи устувор, муҳаббати беандоза доштан ба халқу Ватан аз миёни мушкилоту дарҳаму барҳамхӯриҳо сарбаландона гузашта моро ба мақсад расонданд. Бо як нигоҳ ба роҳи тайкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлол маълум мегардад, ки боризтарин шахсият ва дурахшонтарин симо дар ин масир шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Барои иҷрои ин нақши таърихӣ ӯ борҳо ҷони худро ба гарав гузошта, ҳазорҳо лаҳзаҳои пурхатарро пушти сар карда, дар ниҳоят киштии муроди хеш ва миллати худро ба соҳили мақсуд расонданд.
Воқеан, ҳамчун як давлати соҳибистиқлол эътироф шудани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон дар як марҳалаи мушкилу тақдирсоз, сипас, ба пайванди шикасту рехт ва созандагӣ даст задани мардум, кандани нақбҳои бузург аз қалби кӯҳҳои осмонхарош, ки барои мо ормон, хобу хаёл ва ҳатто афсона буданд, бешубҳа, муъҷизаанд. Сохтани неругоҳҳои азим, шоҳроҳҳои байналмилалӣ, силсилапулҳои азим аз болои рӯдҳо, ки диёрамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ, халқамонро аз дастнигарӣ раҳонда, ба кишварҳои дуру наздик пайвастаанд, боиси шукру сарфарозии хурду бузург мебошанд. Ин ҳама ба шарофат ва ҳадафи созанда доштани Ҳукумати Тоҷикистон, ҷоннисориву ҳидоятҳои хайрандешонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.
Мо, омӯзгоронро зарур аст, ки ба қадри истиқлолу ваҳдати миллӣ расида, бо шукронаи ин неъмати бебаҳо ба наслҳои оянда маънии воқеии онро омӯзонем ва ба халқу Ватани хеш содиқона хидмат карда, шогирдоне тарбия намоем, ки барои пешрафти давлату миллати азизамон саҳмгузор бошанд.


Маҳфиза МУКАРРАМОВА,
муовини директори Муассисаи
таҳсилоти миёнаи умумии
рақами 15-и ноҳияи Айнӣ