Ду медал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон
Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони 19 ва 23-сола, ки дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия доир гашт, ду медали биринҷӣ гирифтанд.
Миёни муштзанҳои 19-сола Фариноз Абдуллоева дар вазни 54 кило ҷойи сеюмро сазовор шуд. Ӯ дар чорякфинал муштзани қирғиз Ширин Турсалиеваро мағлуб кард, аммо дар марҳалаи нимниҳоӣ аз намояндаи Ӯзбекистон Сабрина Чакоманова шикаст хӯрд.
Медали дигари Тоҷикистонро Хоҷамуъминҷон Холов дар байни 19-солаҳо дар вазни 80 кило ба даст овард. Ӯ дар рақобати аввал бар намояндаи Ҷумҳурии Корея Парк Сеҳун ғолиб омад, дар нимфинал аз намояндаи Қазоқистон Тимур Тайбеков шикаст хӯрд.
Дар Чемпионат, ки аз 3 то 16-уми июл доир гашт, 430 варзишгар аз 26 кишвари қора иштирок доштанд.
ФУТБОЛ
Бурду бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо Умон
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) зери раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Масқат бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом дод.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии аввал 9-уми июл аз тими ҷавонони Умон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда, дар бозии дуюм, ки 12-уми июл сурат гирифт, бо ҳисоби 2:1 пирӯз гашт.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”