Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

"БАРҚИ ТОҶИК". ТАЛАФОТ КОҲИШ МЕЁБАД
Дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» дар нимсолаи якуми соли равон истеҳсоли неруи барқ 8 миллиарду 890,7 миллион кВт-соатро ташкил кард, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 миллион кВт-соат камтар аст.
Маҳмадумар Асозода, директори генералии ҶСК «Барқи тоҷик» зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ беш аз 7,9 миллиард кВт-соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ 964 миллион кВт-соат таъмин шуд. Дар ин давра талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҶСК «Барқи тоҷик», 28,4 миллион кВт-соат ё 0,32 дарсади барқи истеҳсолшударо ташкил дод. Нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,07 фоиз коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти неруи барқ Ҷамъият аз дигар истеҳсолкунандагони мустақили дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат беш аз 2,7 миллиард кВт-соат неруи барқ ворид намуд. Неруи барқ аз НБО «Сангтӯда-1» 1 миллиарду 476,8 миллион кВт-соат, НБО «Сангтӯда-2» 474,2 миллион кВт-соат ва аз НБО «Роғун» 667,2 миллион кВт-соат харид гардид.


Кароматулло АТО


ЗАНОН ВА ОИЛА
Авлавият ба рушди соҳибкорӣ
Соли 2026 барои дарёфти грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон ба комиссияи озмун 945 лоиҳа пешниҳод гардид ва ҳоло аз ҷониби ҳайати комиссия мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин хусус 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода хабар дод.
Зикр гардид, ки дар соли 2025 дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 бонуи ҳунарманду соҳибкор ба маблағи 15 миллион сомонӣ соҳиби гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Татбиқи ин лоиҳаҳо ба таъсиси 1 ҳазору 225 ҷойи нави кор мусоидат кард.
Лоиҳаҳо самтҳои гуногуни фаъолияти соҳибкориро фаро гирифта, ба бунёди боғу гармхонаҳо, рушди ҳунарҳои мардумӣ, чорводорӣ, қаннодӣ, занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ, таъсиси коргоҳҳои дӯзандагӣ, марказҳои типографӣ, толорҳои варзишӣ барои занон, кошонаҳои ҳусн, марказҳои омӯзишӣ, коргоҳҳои консерв, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли мураббо равона шудаанд.


Сайфиддин СУННАТӢ


КУМИТАИ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ
Ба истифодабарандагон ба маблағи беш аз 62 миллион сомонӣ хидмат расонда шуд
- Дар нимсолаи аввали соли равон, - гуфт Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз ҷониби корхонаҳои соҳаи мо ба истифодабарандагон ба маблағи 62 миллиону 590,2 ҳазор сомонӣ хидматрасониҳои гуногуни коммуналӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 79 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 108,8 дарсадро дар бар мегирад.
Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов дар ин давра ба истифодабарандагон ба маблағи 77 миллиону 219,2 ҳазор сомонӣ хидматрасониҳои гуногуни коммуналиро таъмин намуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 11 миллиону 196,2 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Ҷамшед Табарзода вобаста ба пардохти андозҳо зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз рӯйи ҳамаи намуди андозҳо 65 миллиону 922 ҳазор сомонӣ ворид намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби корхонаҳои коммуналии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ корҳои ободонию кабудизоркунӣ ба маблағи 30 миллиону 350 ҳазор сомонӣ ба иҷро расид, ки 90 дарсади нақшаи пешбинигардида аст.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


1750 ҲОЛАТИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОИДАҲОИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ ДАР ШАШ МОҲ
Сорбон Холмуҳаммадзода, директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар натиҷаи чорабиниҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва санҷишҳои мустақилонаи Агентӣ дар нимсолаи якуми соли равон 1750 ҳолати вайронкунии қоидаҳои истифодаи неруи барқ ошкор гардид. Ҳаҷми неруи барқи ғайриқонунӣ истифодашуда 21,7 миллион кВт–соатро ташкил карда, зарари расида ба давлат беш аз 24 миллион сомонӣ мебошад.
Бо мақсади таъмини истифодаи бехатари дастгоҳҳои барқӣ аз тарафи Агентӣ нисбат ба 2144 масъули хоҷагии барқи ташкилоту муассисаҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ тартиб дода шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 284 протокол ва 468 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар натиҷаи санҷишҳои Агентӣ дар сохторҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, изофанависии зиёда аз 122 миллион кВт-соат неруи барқ ба суратҳисоби муштариён ошкор гашт, ки маблағи он беш аз 37 миллион сомонӣ мебошад. Дар доираи ҳамин чорабиниҳо нисбат ба 263 корманди ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.


Кароматулло АТО


ТОҶИКСТАНДАРТ
Дарёфти беш аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ ба миқдори 1 миллиону 164 ҳазору 596 килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, ба қайд гирифта шуд, - гуфт Раҳмоншо Мирзоён, муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, зимни нишасти матбуотӣ.
Иттилоъ доданд, ки «Тоҷикстандарт» айни ҳол дар шаҳри Душанбе ва марказҳои минтақавӣ озмоишгоҳҳои замонавӣ дорад. Онҳо сифати маҳсулотро аз санҷиш мегузаронанд ва бехатарии ғизо, меваю сабзавот, назорати сифати сӯзишворӣ (метрология ва ченакҳо), ҳарорат, вазн (масса) ва фишорро муайян мекунанд. Инчунин, молҳои саноатӣ, мутобиқати маҳсулот ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ ташхис карда мешавад.
Дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти хӯроквории Агентӣ дар ин давра 3590 кило маҳсулоти гӯштӣ, 54522 кг равғани рустанӣ, 91500 кг орд, 13596 кг маҳсулоти ғалладонагӣ, 30861 кг консерв, 1306 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 13480 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 4943 кг маҳсулоти қаннодӣ, 55786 кг намак ва дигар маҳсулот, ғайристандартӣ дониста шуда, мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба воридкунандагон чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.
Дар самти таъмини сифат ва бехатарии маводи сӯзишворӣ озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти нафтии Агентӣ дар 9 ҳолат ба миқдори 81,4 тонна сӯзишворӣ ва битуми нафтӣ (аз рӯйи нишондоди адади октанӣ, миқдори сулфур ва таркиби фраксионӣ) ғайристандартӣ дониста шуд, - изҳор дошт Раҳмоншо Мирзоён.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


"ТОҶИКСУҒУРТА"
Пардохти 1 миллиону 135 ҳазор сомонӣ ба зарардидагон


«КВД «Тоҷиксуғурта» дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ фаъолияти худро дар самти устувор гардондани бозори суғурта, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон бо муваффақият ба роҳ монд», - иброз дошт директори генералӣ Шуҳрат Мақсудзода.
Мавсуф илова намуд, ки муассиса тибқи иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯйи 22 намуди суғурта хидматрасониро ба роҳ монда, тавассути 63 филиал ва 6 намояндагии худ қариб 600 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кард.
Дар ин давра бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ 119,9 ҳазор шартномаи суғуртавӣ баст. 91,2 фоизи маблағҳои воридшуда ба бахши суғуртаи ихтиёрӣ ва боқимонда ба суғуртаи ҳатмӣ рост меояд.
Яке аз уҳдадориҳои муҳимтарини идора пардохти саривақтии ҷубронпулӣ ба зарардидагон мебошад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 68 шахси ҳуқуқӣ ва 780 шахси воқеӣ, ки ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зарар расидааст, ба маблағи 1 миллиону 135 ҳазору 100 сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт шуд.
Дар доираи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», КВД «Тоҷиксуғурта» тамоми амалиётҳои молиявиро ба низоми ғайринақдӣ гузаронда, тарғиби замимаҳои мобилии бонкиро тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ ба роҳ мондааст.


Руҳафзо МУРОДОВА


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ АФЗУД
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода иттилоъ дод, ки давоми моҳҳои январ-июни соли равон дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 85,7 миллион сомонӣ афзуда, ба 970,1 миллион сомонӣ расид. Нишондиҳандаи мазкур аз ҳисоби афзоиши истеҳсол дар бахшҳои коркард, дӯзандагӣ, саноати хӯрокворӣ, сохтмон ва корхонаҳои миёнаҳаҷм ба даст омадааст.
Дар ин давра даҳ коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба қайд гирифта шуда, 67 ҷойи кор таъсис ёфт. Инчунин, ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ 10,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 миллион доллар бештар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ тайи шаш моҳ 5372 ҷойи нави кор таъсис ёфт.
Дар ноҳия ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 109 бинои баландошёна, 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи томактабӣ, марказҳои савдову хидматрасонӣ ва бунёди 5 гулгашт бо таъсиси беш аз 12 000 ҷойи кори мавсимӣ ва доимӣ дар назар аст.
Таъкид шуд, ки дар натиҷаи гузарондани рейдҳои муштарак 17 ҳолати қонунвайронкунӣ вобаста ба танзими анъана ва ҷашну маросим сабт шуда, нисбат ба ашхоси қонуншикан протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд.


Кароматулло АТО


АМИТ
Нашри беш аз 1320 кори илмӣ дар нимсолаи якум
Дар шаш моҳи соли 2026 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 99 мавзуи илмӣ, аз ҷумла 65 мавзуи бунёдӣ, 9 мавзуи амалӣ ва 25 мавзуи бунёдию амалӣ идома дода, дар самтҳои афзалиятноки илм ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин хусус президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, олимони академия дар ин давра соҳиби 11 патент барои ихтироъ, 2 қарори мусбат оид ба додани нахустпатент, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 2 шаҳодатномаи бақайдгирии ҳуқуқи муаллиф ба объектҳои моликияти зеҳнӣ гардиданд.
Аз рӯйи натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 зиёда аз 1320 кори илмӣ ба нашр расонда шуд. Аз ҷумла, 43 монография, 68 китоб, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас ва каталог, инчунин, зиёда аз 1200 мақолаи илмӣ интишор гардид. Ҳамчунин, зиёда аз 400 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур ба нашр расид. 20 нафар олими Тоҷикистон узви пайваста ва вобастаи Академияи илмҳои Осиё шуд.


Сайфиддин СУННАТӢ


САЙЁҲӢ
Ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон бештар меоянд
“Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 889 ҳазору 400 нафар сайёҳи хориҷӣ ташриф овардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 16,7 фоиз зиёд мебошад, - тазаккур дод раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши шумораи сайёҳон натиҷаи сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, беҳтар намудани муҳити хидматрасонӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Аз ҷумла, аз 26 то 28-уми июни соли 2026 дар шаҳри Нанкини музофоти Ҷянсуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ имкониятҳои сайёҳӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ шуда, гӯшаи ширкати «Асрори санг» бо намунаҳои нодири маҳсулоти ҳунарӣ ва осори муаллифӣ аз сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ҷалб намуд.
Ҷамшед Ҷумъахонзода хабар дод, ки аз 24 то 26-уми сентябр дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ — Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE-2026) баргузор мешавад.


Сайфиддин СУННАТӢ