Баргашт Чоп кардан

ЛАХШ. АЗ ВАЪДАИ ВАЗОРАТ ТО НОУМЕДИИ 700 ХОНАНДА

Хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Лахш, воқеъ дар деҳаи Чорсӯ, тақрибан 10 сол боз аз ноилоҷӣ дар бинои садамавӣ таҳсил доранд. Аз дур ин бино хеле боҳашамат ва дуруст ба назар мерасад, аммо ҳамин ки вориди он мешавед, макони вайрона ва бинои торику валангорро вомехӯред. Деворҳо кафида, кайҳо боз қомати рости худро гум кардаанд ва як қисм майли ба берун афтодан доранду қисмати дигар ба дарун. Фарш ҳам ҷойи обод надорад. Аз таҳу боло сӯрох аст ва то ин дам худро бардошт карда истоданаш муъҷиза менамояд. 
Иброҳим Пириеви 70-сола, ки аз аввалин хонандагони Муассисаи мазкур аст, дар бораи таърихи бино чунин нақл кард:
“Биноро падарам – усто Шарофиддин Пириев ҳашар ташкил карда, бо ёрии мардум соли 1962 сохта ба истифода доданд. Ман соли 1963 дар ин ҷо ба синфи якум қабул шудам ва то ҳол ҳамон дару девор мебошад. Зербино танҳо аз ғӯлачӯбҳо ва хиштҳои хом сохта шудаст”.
Бино ба маълумоти собиқ директори Муассиса Пӯлод Саидов, бинои Муассисаи мазкур тайи солҳои мадиди фаъолият тадриҷан хароб гардида, то ба ҳолати садамавӣ расидааст.
– Бахусус, дар натиҷаи заминларзаи моҳи майи соли 2017 бинои Муассиса осеби ҷиддӣ дид. Дар ин бора ба Вазорати маориф ва илм ҷиҳати андешидани тадбири саривақтӣ тариқи мактуб маълумот пешниҳод кардам. Намояндагони Вазорат омада, ҳолати биноро мавриди санҷиш қарор ва ваъдаи сохтани бинои навро доданд, – гуфт номбурда.
Ҳарчанд барои сохтани бинои нави Муассиса аз ваъдаҳои додаи Вазорат хеле вақт мегузарад, айни замон дар гирду бари мактаби фарсуда ғайр аз корҳои рангуборкунӣ кори дигаре оғоз наёфтааст.
Аброр Турабеков, мудири маорифи ноҳия, садамавӣ будани бинои МТМУ №2-ро тасдиқ карда, ин масъаларо ҳалшаванда гуфт.
– Барои сохтмони бинои нави Муассисаи мазкур аз ҷониби Бонки осиёии рушд маблағ ҷудо шудааст. Ҳатто озмуни пудратчиён баргузор ва ғолибон муайян гардидаанд. Дар ояндаи наздик корҳои бунёди иншоот бояд оғоз шаванд, – хушҳолона иттилоъ дод номбурда.
Бо вуҷуди ин, барои ҳалли масъалаи мазкур умри ваъдаҳо дарозтар мегардаду дар воқеият тадбири амалӣ ба чашм намерасад. Аз ин рӯ, ҳоло сарнавишти идома ёфтани таҳсили қариб 700 хонанда дар пешорӯйи соли хониши навбатӣ ба вазъи ин бинои садамавӣ вобаста аст, ки масъалаи хеле ҷиддӣ ба назар мерасад.
Моҳи сентябри соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо сокинони ноҳияи Лахш баробари дастовардҳои назарраси соҳаҳо, ҳамзамон, баъзе камбудҳои ҷойдоштаро дар ноҳия зикр карданд, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доштани мактабҳо аз ҷумлаи онҳо буд. Сарвари давлат чунин таъкид карданд: “Бо вуҷуди пешравиҳо дар соҳаи маорифи ноҳия ҳанӯз як қатор камбудиҳо, аз ҷумла норасоии синфхонаҳо, таъмирталаб будан ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани муассисаҳои таълимӣ, фарогирии нокифояи муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон ба назар мерасанд. Дар ноҳия 8 муассисаи таълимӣ таъмирталаб буда, 4 муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон ҳамагӣ 11,5 фоизро ташкил медиҳад, ки андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати маориф ва илм бояд барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маорифи ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд”.
Дар Вазорати маориф ва илм ё Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳарчи зудтар ҳал кардани масъалаи мазкур то куҷо ҷиддӣ чораандешӣ мешавад, суоли матраҳ аст. Агар, воқеан, дар ин хусус аз ҷониби масъулони соҳа чорае дида мешуд, дар ин чанд сол ваъда ба амал табдил меёфт. Агар не, пас, чӣ сабаби дигаре ҷой дошта метавонад?


Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”