Баргашт Чоп кардан

ВАХШ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ БУНЁДКОРИҲО


Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид нахуст бо ҷараёни корҳои асфалтпӯшкунии роҳи мошингарди Вахш – Данғара шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Муҳибулло Ҳабибов, инчунин, саҳми фаъоли сокинони маҳал, роҳи мазкур дар масофаи 13 километр пурра асфалтпӯш мегардад. Ҳамзамон, 2 километр роҳи мошингарди деҳаи Меҳробод низ бо сифати баланд мумфарш карда шуда, барои сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идома Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои сохтмони муассисаи томактабӣ дар деҳаи Меҳробод ошно гардид. Гуфта шуд, ки иншооти мазкур низ бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Муҳибулло Ҳабибов бунёд мегардад. Бино аз ду ошёна иборат буда, барои фарогирии беш аз 150 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Раиси вилоят, ҳамчунин, аз корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Вахш дидан кард. Иншооти мазкур аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, арзиши умумии лоиҳа беш аз 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа, варзишгоҳ барои 7 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шароит фароҳам хоҳад шуд.
Дар идома Давлаталӣ Саид бо корҳои сохтмонӣ дар муассисаи томактабии дигар дар Ҷамоати шаҳраки Вахш ошно гардид. Иншоот бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкор Файзиддин Маҳмадализода бунёд гардида, арзиши умумии лоиҳа 3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бино аз ду ошёна иборат буда, барои фарогирии 250 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба сифати корҳои иҷрошаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулон ҷиҳати риояи муҳлатҳои муайяншуда, истифодаи масолеҳи босифат ва бо сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳо дод.


Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”