![]()
Дар ҷаҳони муосир, ки пур аз тазод, нооромиву нобасомониҳо, поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон бар асари ҷангу ҷидол, авҷ гирифтани ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз қабили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, харидуфурӯши яроқи оташфишон, амалҳои террористиву экстремистӣ, ташдидҳои истифодаи яроқи ҳастаӣ ва ҷанги сард мебошад, масъалаи сулҳу оромӣ ва ваҳдати тамоми одамони рӯйи Замин амри заруриву наҷотбахш мебошад.
Бо дарки ин муҳимият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ҳанӯз дар ибтидои қарни нав механизмҳои мушаххаси татбиқи фарҳанги сулҳро дар арсаи байналмилалӣ пешниҳод намуда, таъкид карда буданд: “Барои ин бояд механизмҳои умумии татбиқу густариши фарҳанги сулҳ дар арсаи байналмилалӣ зимни ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ ва умумибашарӣ эҷод шавад. Аз ҳамин хотир, дар асри ҷадид масъулият ва вазифаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки алҳол ягона механизми дар арсаи байналмилалӣ таъмин намудани сулҳ ва амнияти миёни кишварҳо мебошад, чандин баробар меафзояд. Оинномаи СММ, қабули қатъномаҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқии он бояд пойдевори таъмини сулҳ ва амнияти халқҳо чи дар минтақаҳои ҷудогона ва чи дар саросари олам гардад”.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Мактаби фарҳанги сулҳи тоҷикон бо ҳама бурду бохташ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт, як сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ гардид. Ба шарофати сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ мо нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳоро пеш гирифта, қисме аз онҳоро ба сомон расондем ва боз ҳадафҳои бузурги созандагие дар пеш дорем, ки ба асри оянда нигаронда шудаанд”. Ин андешаҳои Сарвари давлат оид ба фарҳанги сулҳ, бешубҳа, тақвияти назарияи ваҳдати миллӣ буда, дар бораи робитаи ногусастании фарҳанги сулҳи тоҷикон бо фарҳанги сулҳи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад. Масъалаи фарҳанги сулҳ дар асарҳои минбаъдаи Сарвари давлат боз ҳам амиқтару фарогиртар мешавад.
Сарвари мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун роҳбари ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар масоили обу иқлим ва сулҳу субот дар ҷаҳон эътироф гардида, 24-уми сентябри соли 2025 дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи умумии СММ ташаббуси навбатии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Дар баромади худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи сулҳу субот дар ҷаҳон ҷалб карда, оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036 таклиф пешниҳод намуданд. Дар суханронии худ дар ҷаласаи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Президенти кишвар ба ҳозирин муроҷиат карда, такид намуданд: “Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад. Мо бояд талошҳои худро дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва фарогир дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ дучанд тақвият бахшем. Як сол пеш ман аз ин минбар пешниҳод кардам, ки қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳамияти боз ҳам бештар пайдо намудааст. Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард. Ман аз тамоми кишварҳои узв даъват менамоям, ки пешниҳоди мазкурро ҳам барои суботи зиндагии имрӯзаи мо ва ҳам ҳаёти беҳтари наслҳои оянда дастгирӣ намоянд”.
Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик ва шаҳрвандони кишвар аст, ки ин ташаббус 25-уми июни соли 2026 дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, қатъномаи махсус доир ба эълон намудани солҳои 2027 – 2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” қабул шуд.
Қабули қатънома на танҳо як дастоварди давлат, балки эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сулҳдӯстиву сулҳпарварии мардуми тоҷик мебошад.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот ҳамеша ҷойгоҳи меҳварӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули фаъолияти давлатдорӣ пайваста аз арзишҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, дар суханрониҳои худ таъкид мекунанд, ки сулҳ бояд ба фарҳанги умумии инсоният табдил ёбад ва таҳкими он танҳо тавассути муколама, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории созанда имконпазир аст.
Маҳз таҷрибаи муваффақи сулҳофарии Тоҷикистон ба кишвари мо имкон дод, ки имрӯз дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сулҳ, амният ва рушди устувор нақши фаъолу ташаббускор дошта бошад.
Моҳияти аслии қатънома дар он аст, ки сулҳ на танҳо набудани ҷанг, балки ҳамчун фарҳанг, масъулият, эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният, яъне дар маҷмуъ, шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва рушди ҳамаҷонибаи инсон арзёбӣ мегардад.
Ҳадафи асосии қатънома ба ташаккули заминаҳои устувори сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкорӣ, пешгирии низоъҳо ва рушди фарҳанги сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа бо дарназардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо равона гардидааст.
Қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» аз муҳимтарин дастовардҳои дипломатияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ташаббус бори дигар нақши фаъоли Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии сулҳ, амният ва рушди устувор бозгӯ намуда, мақоми кишварро ҳамчун давлати ташаббускор ва масъулиятшинос дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ таҳким мебахшад.
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор
Иброҳим ҶАББОРЗОДА,
номзади илмҳои таърих, дотсент