Баргашт Чоп кардан

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КАЛИДКАЛИМА
Дар ин муаммоҳои пешниҳодгашта шуморо мебояд аз чанд калима вожаи наве бисозед.
Масалан: НОБ + АҲД + АСР = САРҲАДБОН


Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон:
935 35 51 50
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА КАЛИДКАЛИМА АЗ ШУМОРАИ 10-УМИ ИЮЛ (№134):
1. Аморидор 2. Дарёдаркаш 3. Сустаносир 4. Ҳамонанд 5. Дастархондор
6. Баргаштамижгон 7. Алмоспайкон 8. Таҳаммулгароёна 9. Ислоҳнопазир
10. Касратбаҳор


ЭЛЕВЗИНА БАБА
Фарроше, ки бо 24 забон ҳарф мезанад
Элевзина Бабаи 52-сола, муҳоҷирзане аз Камерун аст, ки 20 сол боз дар яке аз метроҳои ИМА фаррошӣ мекунад ва бо 24 забон озодона ҳарф мезанад.
«Ман забонҳоро дӯст медорам, – мегӯяд Элевзина. – Гап сари он ки, вақте дар метро кор мекунӣ, ҳар рӯз садҳо забонро мешунавӣ. Ман гӯш карда, онҳоро аз ёд мекунам ва сипас, дар хона бо истифода аз китобҳо дилхоҳ забонро такмил медиҳам».
Бояд гуфт, ки Элевзина мактабро дар Камерун хатм карда, мехост таҳсилашро идома диҳад, аммо маблағ надошт. Дар 30-солагӣ ба ИМА кӯчид, аммо забони англисиро ба қадри кофӣ намедонист. Дар метро ҳамчун фаррош ба кор шуруъ карду дар шаш моҳ забони англисиро ва пас аз он испанӣ, фаронсавӣ, чинӣ, арабӣ, ҷамъ, 24 забонро омӯхт.
Воқеан, ба ӯ пешниҳод намуданд, то дар СММ, ки маошаш панҷ баробар зиёдтар аст, ҳамчун тарҷумон кор кунад, аммо ӯ бо сипосу миннатдорӣ ин таклифро рад кард.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ҚАТАР
ВОСИТАИ ҒАЙРИОДӢ АЛАЙҲИ ГАРМО
Дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа барои аз гармои шадид наҷот додани пиёдагардҳо ва ронандаҳо қитъаи роҳи автомобилиро ранги кабуд карданд.
Мутахассисони араб бар онанд, ки чунин ранг таъсири ҳарорати баланд ба роҳро коҳиш медиҳад. Дар ин иртибот зикр мешавад, ки роҳи муқаррарии сиёҳранг танӯри тафсонро мемонад. Сатҳи роҳи кабудранги озмоишӣ бошад, нурҳои ултрабунафшро бештар рад намуда, радиатсияи офтобиро камтар фурӯ мебарад. Дар натиҷа, ҳарорати роҳ 6 – 10 дараҷа паст мешавад.
Зимнан, дар Қатар ҳарорати ҳаво ҳатто дар соя аз +50°C болотар аст.
Таҳияи Кароматулло АТО


АЗ РӮЗГОРИ АҶИБИ ШАХСИЯТҲОИ МАЪРУФИ ОЛАМ
Нависандаи машҳури амрикоӣ Фланнери О’Коннор шефтаи парандаҳо буд. Ӯ зиёда аз 100 намуди парандаи гуногуну ноёбро дар фермаи махсуси дар зодгоҳаш – шаҳри Андалусияи музофоти Ҷорҷия бунёднамуда, парвариш ва нигоҳубин менамуд.
***
Анатол Франс, дорандаи Ҷоизаи Нобел, ба ҷамъоварии зангӯлаҳо майли зиёд дошт. Ӯ шумораи рекордии зангӯлаҳоро дар хонааш нигоҳ медошт.


***
Нависандаи маъруфи рус Владимир Набоков аз хурдӣ ба доштани шоҳпаракҳо завқ дошт. Завқмандии ӯ то ҳадде ривоҷ ёфт, ки 20 навъи нави ин ҳашаротро кашф намуд.


Таҳияи Кароматулло АТО


60 ДАҚИҚАИ БЕ ҲАВО
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
Табибон ин ҳодисаро муъҷиза меҳисобанд. Духтарчаи дусола, ки давоми 60 дақиқа бе ҳаво зиста тавонист, Мишел ном дорад. Ӯ ҳангоми бозӣ дар лаби дарё ғарқ мешавад. Мишелро пас аз 60 дақиқа меёбанд.
Ҳарорати бадани ӯ ба - 1900С баробар буд. Мишелро ба беморхона мебаранд. Табибон дастгоҳи махсусро барои гарм намудани хуни ӯ пайваст мекунанд, ки баъд аз 3 соат дили духтарча ба кор медарояд. Ба ақидаи табибон, Мишелро оби сард ях кунонда будааст. Ҳоло Мишел солим асту худро хуб эҳсос менамояд.


Таҳияи Кароматулло АТО


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
РОБЕРТ ДЕ НИРО ДАР БОРАИ ҲАМСАРАШ
Аз забони Роберт Де Нирои машҳур аст, ки қисса мекунад:
– Баъди 50 соли зиндагии якҷоя боре ба ҳамсарам бодиққат нигариста, гуфтам: 50 сол пеш ман як хоначаи тангу торик, як рахти хоб ва телевизори куҳнаи сиёҳу сафед доштам. Вале ҳар шом дар бари аруси 19-сола сар монда, худро хушбахттарин мард тасаввур мекардам. Имрӯз соҳиби тамоми дороиҳои дунёям: хонаҳои боҳашамату рахти хоби шоҳона ва телевизорҳо аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ. Бо вуҷуди ин, шомгоҳон дар барам як кампири 69-соларо дида, ба хушбахтии худ шубҳа дорам.
Ҳамсарам бе он ки хафа шавад ва ғавғо бардорад, як посухи оқилона дод, ки чунин аст:
– Агар мисли 50 сол пеш хушбахт будан мехоҳӣ, худат ғайрат карда, як аруси 19-сола меёбӣ. Хоначаи тангу торик, рахти хоби фақирона ва телевизори куҳнаи сиёҳу сафедро бошад, ман худам ба шумо туҳфа мебарам.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА


ФОРМУЛАИ ХУШБАХТӢ
Нафаре ниҳоят сарватманд ва аз зиндагии худ дилгир шуда буд. Рӯзе рафиқи наздикашро мебинаду дарди дил мекунад: «Ман ҳама чиз дорам, аммо хушбахт нестам. Хоҳиш дорам, бирав хушбахттарин одамро пайдо намо ва ҷомаашро бо кадом нархе бошад бихар, то онро бипӯшам ва ман ҳам хушбахт шавам».
Рафиқаш тамоми шаҳру деҳотро мегардад ва оқибат дар як дашти дурдаст чӯпонеро мебинад, ки зери сояи дарахт сурудхонӣ дорад ва чеҳрааш аз шодӣ медурахшид. Аз ӯ мепурсад: «Оё ту хушбахтӣ?». Чӯпон мегӯяд: «Бале, аз ман хушбахттар касе нест».
Мард хурсанд шуда, хитоб мекунад: «Ҷомаатро ба ман бифурӯш, ҳар арзише хоҳӣ, медиҳам!». Чӯпон табассум карда мегӯяд: «Ман умуман ҷома надорам!».
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР


ТАРТИБОТИ «ҲАЁТИ НОДУРУСТ»
Дар чаҳор иёлати ИМА – Калифорния, Мэн, Ню-Ҷерси ва Вашингтон – тибқи тартиботи «wrongful life» («ҳаёти нодуруст») кӯдаконе, ки маъюб таваллуд мешаванд, метавонанд кормандон ё роҳбарияти таваллудхонаҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд.
Ба ин хотир, духтуре, ки зани ҳомиларо назорат мекунад, бояд барои огоҳ кардани волидон аз хатарҳои эҳтимолӣ тамоми кӯшишро ба харҷ диҳад, вагарна ӯ ба беэҳтиётӣ айбдор ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


ҶОМИ ҶАҲОН – 2026
Чаро ранги кафши футболбозон гулобӣ аст?
Дар Ҷоми ҷаҳон – 2026 як иттифоқи аҷиб бештар аз ҳар чизи дигар ба чашм мехӯрад. Ағлаби футболбозон бо кафши гулобии дурахшон ба бозӣ мебароянд.
Бояд гуфт, ки ин тасодуфе беш нест, зеро дар арафаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол брендҳои маъруфи ҷаҳон Nike, Adidas, Puma, New Balance ва Skechers кафшҳоро бо ранги гулобӣ истеҳсол карданд.
Ба суоли он ки чаро миёни дигар рангҳо гулобӣ интихоб шудааст, ширкатҳо гуфтанд, ки рӯйи чамани сабзи майдони футбол ҳеҷ ранге ба андозаи гулобӣ таваҷҷуҳро ҷалб намекунад.


Таҳияи С. УМАРАЛӢ


КОРРУПСИЯ
Панҷ иқтибоси таъсирбахш перомуни ин зуҳурот


Товони коррупсияро на онҳое ҷуброн мекунанд, ки ришва медиҳанду мегиранд, балки камбағалон, беморон ва бенавоён мепардозанд, ки аз ҳуқуқҳои асосии худ дар хизматрасонии тиббӣ ва маориф маҳрум мешаванд.
Попи Рум Франсиск,
роҳбари калисои католикӣ


Дунё захираҳои кофӣ дорад, то ниёзҳои ҳар як инсонро бароварда кунад, аммо ҳеҷ гоҳ наметавонад нафси ҳатто як инсонро қонеъ созад.
Маҳатма Ганди,
пешвои руҳонии Ҳиндустон


Коррупсия саратонест, ки бовари шаҳрвандонро ба демократия, эътимодро ба сохторҳои давлатӣ аз байн мебарад ва пешрафти инноватсияву рушди иқтисодро коҳиш медиҳад.
Ҷо Байден,
собиқ Президенти ИМА


Ҳеҷ чиз ба мисли фасод ва коррупсия дар сохторҳои давлатӣ пояҳои ҷомеаи озодро зуд ва бераҳмона вайрон намекунад.
Маргарет Тэтчер, собиқ Сарвазири Британия


Таҳияи Ф. РАҲМОНИЁН


«ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ»
Дар ҳамин рӯз, яъне 17-уми июли соли 1992, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Ин яке аз аввалин қадамҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ буд.
Тоҷикистон ва Афғонистонро сарҳади умумии беш аз 1300 километр, инчунин, муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва забонӣ ба ҳам мепайванданд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
КАШФИЁТ
Баъди заҳматҳои тулонӣ, омӯзишу шабзиндадориҳо, ниҳоят олимони мо исбот карданд, ки аз ҳама витамини зиёд дар таркиби дорухонаҳо будааст.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


МОНОЛОГ
– Намедонам ба ҳоли худ бихандам ё бигирям. Қариб даҳ соли охир аризаам барои гирифтани қитъаи замин бо далели чарогоҳ будани мавзеи интихобкардаам аз як идора ба идораи дигар кӯчида, ҳал намешуд. Бо вуҷуди ин, банда, ки собиқаи беш аз 30-солаи хизматчии давлатӣ дорам, таҳаммулро пеша мекардам. Ғайриинтизор, дирӯз дар назди ширкати роҳсозӣ чанд нафар аз дастдарозони деҳаро дидам, ки ҷуброни заминҳояшонро аз масъулон талаб мекарданд.
Ростӣ бовариам наомад, вақте чанде аз онҳо даъво доштанд, ки соҳибмулки ҳамон «чарогоҳ»-и интихобкардаи мананду заминашон ба нақшаи роҳи нав рост омадааст. Аммо вақте бо чашми сар дидам, ки чанд нафар дар даст ҳуҷҷат даъвои ҷуброн доранд, дарк кардам, ки ин заминҳои лаби роҳ на чарогоҳи чорпоён, балки ҷойи «чаридан»-и кормандони идораи замин будаасту барвақт бо муҳри тасдиқ «шахсӣ» шудаанд.
Таҳияи Қ. ШАРИФӢ


ОСОРХОНАИ «КИШТИИ НУҲ» ДАР ИМА
Дар иёлати Кентуккии Иёлоти Муттаҳида осорхонаи бузурги Ark Encounter фаъолият мекунад, ки дар он экспонатҳои давраи ҳазрати Нуҳ (а) маҳфузанд. Аз ҷумла, дар осорхона нусхаи киштии ҳазрати Нуҳ бо андозаи воқеӣ ҷойгир аст.
Осорхона бо истифода аз технологияҳои муосир, филмҳои кӯтоҳ, намоишҳои интерактивӣ ва экспонатҳои гуногуни таъри-хӣ киштии Нуҳро ба тамошобинон муаррифӣ менамояд. Ҳар сол садҳо ҳазор сайёҳ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои тамошои он ба ин осорхонаи нодир ба Кентукки меоянд. Имрӯз Ark Encounter яке аз маъруфтарин марказҳои сайёҳию омӯзишӣ дар ИМА ба шумор меравад.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
Брук Гринберги амрикоӣ 20 сол умр дид, аммо ҷисмаш ба мисли кӯдак буд: қадаш 76 см ва вазнаш тақрибан 7 кг. Рушди зеҳнии ӯ ба кӯдаки аз 9 то 12-моҳа мувофиқат мекард. Духтурон дарди ӯро муайян карда натавонистанд. Соли 2013 ӯ бар асари бемории бронхомалятсия (заифии бронхҳо) вафот кард.
* * *
Ҳунарпешаҳо Уэйн Оллвайн ва Расси Тейлор, ки дар филми тасвирӣ ба Микки Маус ва маъшуқааш Минни овоз додаанд, дар зиндагӣ зану шавҳар буданд.

* * *
Пас аз сохтани Бурҷи Эйфел, он 19 маротиба бо рангҳои сурх, зард, қаҳваранг ва хокистарӣ рангомезӣ шудааст.

Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА


ИҚТИБОСҲОИ ҶОЛИБ БАРОИ АНДЕША


Агар ягона дуое, ки шумо дар ҳаётатон мегӯед, "ташаккур" бошад, кофӣ аст.
(Мейстер
Экхарт)


Сайёра ба шумораи зиёди "одамони муваффақ" ниёз надорад. Сайёра ба сулҳҷӯён, табибон, барқароркунандагон, қиссагӯён ва нафарони меҳрубон сахт ниёз дорад. Он ба одамоне ниёз дорад, ки бо онҳо зиндагӣ кардан хуб аст. Сайёра ба одамоне ниёз дорад, ки ахлоқ доранд ва омодаанд дар мубориза барои табдил додани ҷаҳон ба макони пурҷӯшу хурӯш ва инсондӯстона ҳамроҳ шаванд. Ин хислатҳо бо "муваффақият", ки дар ҷомеаи мо маъмул гаштааст, ҳеҷ иртиботе надоранд.
(Далай Лама)


Ҳама чизе, ки бояд гуфта шавад, аллакай, гуфта шудааст. Аммо, азбаски касе гӯш надод, ҳама чиз бояд дубора такрор шавад.
(Андре Гиде)


Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ


Подшоҳе се мушовир дошт. Рӯзе онҳоро назди худ хонда гуфт:
– Ба ҳар кадоматон як халтаи холӣ медиҳанд. Ба боғ равед ва онро аз меваҳо пур кунед.
Мушовири аввал ҳар меваро бодиққат интихоб карда, танҳо беҳтаринҳоро ҷамъ овард.
Мушовири дуюм баъзе меваҳои хуб ва баъзе меваҳои миёнаро гирифт, то зудтар корашро анҷом диҳад.
Мушовири сеюм бо андешаи «кӣ ба дохили халта менигарад?», онро аз баргу шоха ва меваҳои пӯсида пур кард.
Фардои он рӯз подшоҳ фармон дод, ки ҳар се мушовирро бо ҳамон халтаҳояшон се рӯз дар қалъа маҳкам кунанд ва ба онҳо ғизо надиҳанд.
Ҳикмат: ҳар инсон дар асл ҳар рӯз «халтаи зиндагӣ»-и худро пур мекунад. Он чи имрӯз анҷом медиҳем, фардо ба худи мо бозмегардад.


Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


НАБУДАНИ САДО ДАР КАЙҲОН
Табиист, ки дар кайҳон ҳеҷ гуна садое нест, зеро дар он ҷо ҳаво (атмосфера) вуҷуд надорад, ки садоро интиқол диҳад. Агар ду киштии кайҳонӣ бо ҳам бархӯранд ва ё таркише рӯй диҳад, он комилан дар хомӯшии мутлақ сурат хоҳад гирифт.
Таҳияи Ҷӯрабег НЕГМАТОВ


РЕКОРД ВА АНТИРЕКОРДҲОИ ЛИОНЕЛ МЕССИ ДАР ҶОМИ ҶАҲОН
Ҳамлагари тими миллии Аргентина Лионел Месси дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол шумораи голҳояшро ба 21-то расонда, рекорди нав гузошт. Ҳамчунин, аввалин бозигаре шуд, ки 12 партофти головар анҷом дод. Месси ин рекордро дар бозии нимниҳоӣ бо тими миллии Англия гузошт.
Дар баробари ин дастовардҳо, Месси чанд антирекорд низ гузоштааст. Масалан, ӯ аввалин бозигаре шуд, ки аз 8 пеналтии задааш дар чортои он ноком гардид. Ба ғайр аз ин, Лионел Месси аввалин футболбозест, ки дар як Ҷоми ҷаҳон ду пеналтиро ба самар нарасонд.
Аз русӣ тарҷимаи С. АШУРОВ


10 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ ПАС АЗ КАРЙЕРА АЗ ФУТБОЛ ДУР ШУДАНД
5. ФИЛИПП МАЛРИН


Филипп Малрин, собиқ футболбози “Манчестер Юнайтед”, пас аз анҷоми карйерааш интихоби ҷолиб карда, коҳини католик шуд.
Соли 2009, вақте ки Малрин 31-сола буд, омодагиро барои коҳини калисои католикӣ шудан оғоз кард. Ӯ иқрор шуд, ки футболбоз будан барои ӯ як «имтиёзи бузург» буд, аммо, ҳамзамон, дар ботинаш «холигии руҳӣ»-ро эҳсос мекард. Маҳз ҳамин эҳсос ӯро водор сохт, ки дар паноҳгоҳи бехонаҳо ҳамчун волонтёр фаъолият намояд ва мунтазам дар маросими калисои католикӣ иштирок кунад. Ин ҳама ба зиндагии ӯ маънои тоза бахшид ва роҳи нави ҳаёташро муайян сохт.


Таҳияи У. САФАРАЛӢ