ДУШАНБЕ
«Шаҳри ҳушманд» ва татбиқи беш аз 20 лоиҳа
Дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи барномаи электронии «Пардохти ҳушманд» то ин муддат 308 сохтори корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, вазорату идораҳо ва 18 бонк ба барномаи мазкур пайваст гардида, рақамикунонии беш аз 3700 хидматрасонии давлатӣ пурра ба тариқи электронӣ ба роҳ монда шуд.
Ин нуктаро Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба хабарнигорон иброз дошт.
Гуфта шуд, ки шаҳри Душанбе бо татбиқи босамари барномаю нақшаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, амалӣ намудани қарорҳои ҳушманду зеҳнӣ ва густариши технологияҳои баланд ба марҳалаи нав ва муассири идоракунии шаҳрӣ қадам гузоштааст.
Айни замон дар доираи лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» татбиқи беш аз 20 лоиҳаи гуногун, аз ҷумла «иқтисоди рақамӣ», «иқтисоди сабз» («шаҳри сабз»), «нақлиёти ҳушманд», «тибби ҳушманд», «таълими ҳушманд», «рӯшноии ҳушманд», «таваққуфгоҳи ҳушманд», «пардохти ҳушманд», «харитаи электронӣ» ва дар як қатор самтҳои дигар роҳандозӣ гардидааст.
Дар доираи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе», ки татбиқи он аз 6 марҳала иборат мебошад, айни замон корҳо дар 2 марҳала: харитасозӣ ва тарҳрезии система пурра ба анҷом расида, дар марҳалаҳои боқимонда тибқи нақша корҳо идома доранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ
БАРРАСИИ 2018 ПАРВАНДА ДАР НИМ СОЛ
Кормандони Суди Олии иқтисодӣ Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас таҷлил менамоянд. Дар ин замина дар дастгоҳи марказии Суди Олии иқтисодӣ гӯшаи ҷашнӣ таъсис дода шуда, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва рушди фаъолияти судҳои иқтисодӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ин нуктаро Зебониссо Абдуллозода, раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ баён дошт. Ба маълумоти ӯ, фаъолияти судҳои иқтисодӣ ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, таҳкими эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судӣ ва татбиқи самараноки сиёсати ҳуқуқии давлат равона гардидааст. Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли равон дар марҳалаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии судҳои иқтисодӣ, 2018 парванда баррасӣ гашт.
Мувофиқи маълумот, дар марҳалаҳои кассатсионӣ 181 парванда, назоратӣ 147 парванда ва дар раёсати Суди Олии иқтисодӣ 2 парванда баррасӣ шуд. Зимни муроҷиат бо аризаҳои даъво ва шикоятҳо ба судҳои иқтисодӣ 1428817,21 сомонӣ боҷи давлатӣ пешпардохт гардид. Дар давраи мавриди назар муроҷиати соҳибкорон ба судҳои иқтисодии мамлакат коҳиш ёфт, ки ин тамоюл бозгӯйи таъмини адолати судӣ, таҳкими қонуният ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Кароматулло АТО
КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА
ҲОДИСАҲОИ ТАБИӢ 52,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАР РАСОНДАНД
Дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 741 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар қиёс ба соли гузашта 519 ҳолат бештар аст.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дар 28 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ба маблағи беш аз 52,8 миллион сомонӣ зарар расонд, 12 нафар фавтид. Воҳидҳои Кумита дар 686 амалиёти фаврӣ 47 касро наҷот дода, 60 нафарро аз минтақаҳои хатарнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонданд.
– Шумораи ғарқшудагон 83 нафарро ташкил медиҳад ва чунин ҳодиса дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бештар ба вуқуъ пайваст, ки сабабаш риоя накардани қоидаҳои оббозист, – таъкид кард раиси Кумита.
Кароматулло АТО
ОРИФ ХОҶАЗОДА:
"7661 ҳолати қонунвайронкунии замин ошкор гардид"
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон масъалаи риоя нагардидани қонунгузории замин ва истифодаи ғайримақсадноки он ҳамчун мушкили асосии соҳа ба назар расид ва барои пешгирии ин раванди номатлуб аз ҷониби сохторҳои Кумита чораҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ андешида шуданд.
Тибқи иттилои раиси Кумита, дар давраи ҳисоботӣ, дар маҷмуъ, 7661 ҳолати қонунвайронкунии замин ошкор гардид, ҷиҳати бартараф намудани онҳо ба масъулон 6784 дастури ҳатмӣ фиристонданд. Барои андешидани чораҳои қатъии ҳуқуқӣ нисбат ба қонуншиканҳо 6943 парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Дар натиҷаи баррасии парвандаҳо ба маблағи 4247125 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардиданд, аз ин ҳисоб то кунун 3567535 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гашт.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки 4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бевосита дар маҳалҳо бартараф карда шуд.
Руҳафзо МУРОДОВА