Баргашт Чоп кардан

МУДИРИЯТ


Тоҷикистон дар СММ нақши технологияҳои рақамӣ ва футболро дар таҳкими солимии равонии ҷавонон муаррифӣ намуд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои ҷавонон таҳти унвони «Як ҷаҳон, як бозӣ, як ҳадаф: футбол ҳамчун омили пешбурди солимии равонӣ ва некуаҳволии ҷавонон» чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид.
Ба иттилои ФФТ, дар чорабинӣ ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, президенти FIFA Ҷанни Инфантино ва ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҷавонон Фелипе Пауллиер иштирок намуда, нақши футбол ва технологияҳои муосирро дар таҳкими солимии равонӣ, рушди ҷавонон ва густариши ҳамгироии иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташаббуси байналмилалии эълон намудани 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футболро пешниҳод намуд, ки бо Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, имрӯз ба таҳкими сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Дар доираи чорабинӣ видеои маъракаи «Тӯбро ба дигар нафар парто», ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таҳия кардаанд, намоиш дода шуда, истифодаи васеи воситаҳои рақамии иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба масъалаҳои солимии равонӣ ва некуаҳволӣ намунаи муваффақи ҳамгироии варзиш ва технология арзёбӣ гардид.


ҶУДО
4 медали паҳлавонони ҷавони кишвар дар Чемпионати Осиё


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои Осиё, ки 18-19-уми июл дар шаҳри Аммони Урдун доир гашт, 4 медал – 1 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст овард.
Тибқи маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Чемпионат 173 варзишгар аз 20 давлати қора ширкат кард. Ҷумҳурии моро 9 паҳлавон миёни мардҳо муаррифӣ намуд.
Медали нуқраро дар ҳайати тими ҷудои кишвар Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни -81 кг сазовор гашт. Ёсин Бобокалонов, Муҳаммадрофеи Ҳабибулло дар вазни -66 кг ва Ворис Назаров дар вазни -73 кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.


ФУТБОЛ
Испания – чемпиони ҷаҳон


Тими миллии Испания бо шикаст додани мунтахаби Аргентина ба гирифтани медалҳои тиллои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 мушарраф шуд. Мусобиқа аз 12-уми июн то 20-уми июл дар се кишвар – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика доир гашт.
Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 шаби 20-уми июл дар варзишгоҳи "Метлайф Стэдиум" (MetLife Stadium)-и иёлати Ню-Ҷерсии ИМА сурат гирифт.
Замони асосӣ бидуни гол ба поён расид ва ғолиб дар замони изофа муайян шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 106-ум нимҳимоятгари испаниҳо Ферран Торрес ба самар расонд.
Бояд зикр намуд, дар дақиқаи 90+3 нимҳимоятгари аргентиниҳо Энсо Фернандес барои корти дуюми зард аз майдон хориҷ шуд.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Испания дар таърихи худ бори дуюм ба унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфт. Бори аввал испаниҳо дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2010 пирӯзӣ ба даст оварда буданд.
Бозӣ барои ҷойи сеюм байни тимҳои миллии Фаронса ва Англия шаби 19-уми июл дар варзишгоҳи «Хард Рок» (Майами, Флорида, ИМА) доир шуд. Ба дастаи мунтахаби Англия, ки Фаронсаро бо ҳисоби 6:4 мағлуб кард, медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.
Се бозигари тими Испания – Эрнандес Родриго ҷоизаи тӯби тиллоӣ, Пау Кубарси ҷоизаи беҳтарин бозигари ҷавон, Унаи Симон ҷоизаи дастпӯши тиллоии чемпионатро ба даст оварданд. Ҷоизаи кафши тиллоӣ насиби ҳамлагари Фаронса Клиан Мбапе (10 гол) гардид.
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Килиан Мбаппе (Фаронса) бо 10 гол ҷойи аввалро касб намуд. Лионел Месси (Аргентина) бо 8 гол дар ҷойи дувум қарор гирифт.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”