Баргашт Чоп кардан

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. АВЛАВИЯТ БА СОҲАИ ВАРЗИШ

Рушди соҳаи варзиш дар шаҳри Турсунзода дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Тайи чанд соли охир бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, саҳми соҳибкорон ва фаъолони шаҳр чандин толору майдончаҳои варзиш дар шаҳру деҳот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ҳабибулло Абдуллозода, мудири бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дар ин бора ба «Ҷумҳурият» чунин иттилоъ дод:
– Феълан, дар шаҳр 208 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 130 майдонча ва 74 толори варзиш, ҳавзҳои шиноварӣ, маҷмааи варзишӣ ва варзишгоҳи марказӣ – «Талко – Арена» фаъолият дошта, ҳамарӯза наврасону ҷавонон дар онҳо тамрин мекунанд. Ҳамчунин, тибқи нақшаи таҳиягардида бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назар аст, ки 31 иншооти варзишӣ дар маркази шаҳр ва деҳот бунёд ва мавриди истифода қарор бигирад. Соли ҷорӣ бо дастгирии раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва соҳибкорони маҳаллӣ ду майдончаи варзиш бо тарҳи замонавӣ дар деҳоти Сешанбе ва ду толори варзиш дар деҳоти Работ ва Навободи шаҳр сохта ба истифода дода шуд. Иншооти бунёдгардида бо тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои варзишӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Бо ҳадафи татбиқи Барномаи давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Турсунзода барои солҳои 2022– 2026, ки сирф баҳри оммавӣ гардондани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардидааст, дар маркази шаҳр ва деҳот мунтазам байни наврасону ҷавонон аз рӯйи намудҳои варзиши сабук, гӯштингирӣ, вазнабардорӣ, қувваозмоӣ, каратэ-до, бокс ва дигар намуди варзиш мусобиқаҳо баргузор мегарданд. Варзишгарони шаҳри Турсунзода дар се мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, ҳунару маҳорати баланди касбӣ нишон дода, як медали тилло ва ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Инчунин, онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, соҳиби 56 медали тилло, 79 медали нуқра ва 75 медали биринҷӣ шуданд. Ҳоло варзишгарони шаҳр барои ширкат дар дигар чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмилалӣ омодагӣ мебинанд.


Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»