Ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматӣ доир гашт
20-уми июл дар шаҳри Улан-Батор ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Муғулистон баргузор шуд.
Ҷаласаро вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва вазири озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Тсагаанхуу Идэрбат ҳамраисӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои густариши гардиши мол, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамкории соҳибкорон, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод, рушди ҳамкорӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти робитаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, инчунин, таҳкими ҳамкории илмию техникӣ ва табодули таҷриба байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар зоҳир гардид.
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУҒУЛИСТОН
18-уми июл дар Муғулистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 22-юми июл идома меёбад.
Дар ҳошияи баргузории чорабиниҳо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон Алдаржавхлан Жуков мулоқот намуд.
Ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Муғулистон дар соҳаи фарҳангу санъат ҳавасмандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони касбӣ ва табодули таҷриба изҳори назар карданд.
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Муаррифии дастовардҳои 35 соли соҳибистиқлолӣ
19-уми июл дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд доир гашта, дастовардҳои шаҳр дар 35 соли соҳибистиқлолӣ муаррифӣ шуд.
Дар ин рӯз намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши дастовардҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ баргузор ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ пешниҳод гардид.
ДАНҒАРА
Иқдоми маърифатии «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст»
Он бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати иҷтимоӣ ва тиббии аҳолӣ, таҳкими арзишҳои оилавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гашт.
Гуфта шуд, ки ҳадаф баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба аҳамияти тарзи ҳаёти солим, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ дар ҳифзи саломатӣ, пешгирии бемориҳо, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва фароҳам овардани муҳити солими оилавӣ мебошад.
Дар доираи иқдом, масъулон бо сокинони ноҳия суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, оид ба нақши оила дар тарбияи насли солим, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, ғизои дуруст, пешгирии бемориҳо ва дигар масъалаҳои оиладорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд.