![]()
7-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд. Ташрифи кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин гӯшаи зебоманзари Ватан барои сокинони ноҳияи Шаҳристон мояи ифтихор, сарфарозӣ ва илҳоми тоза гардид. Ин сафари пурмуҳтаво бори дигар аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди минтақаҳо, пешрафти соҳаи кишоварзӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва ободонии сарзамини соҳибистиқлоламон шаҳодат дод.
Сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Шаҳристон аз субҳи барвақт бо руҳияи идона, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва муҳаббати самимӣ Пешвои маҳбуби миллатро истиқбол гирифтанд. Дар чеҳраи мардум шодиву фараҳмандӣ ва дар дилҳо эҳсоси сипосгузорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳувайдо буд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими сафари корӣ мавриди истифода қарор гирифтани ҳафт иншооти нави таъиноти гуногун тариқи маҷозӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ба истифода додани иншооти нав далели равшани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ мебошад. Ин иншоотҳо барои беҳтар гардидани инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва беҳсозии шароити зиндагии сокинон аҳамияти калон доранд.
Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Раҷабзода ва раиси ноҳияи Шаҳристон Рабим Ғафурзода боз чор иншооти маишию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ифтитоҳи иншооти мазкур идомаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлату Ҳукумат буда, барои рушди соҳибкорӣ, баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Имрӯз ноҳияи Шаҳристон бо суръати баланд дар роҳи ободониву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Бунёди роҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ самараи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳар як сокини ноҳия хуб дарк мекунад, ки ҳамаи ин пешравиҳо маҳз дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати дурандешонаи роҳбарияти давлат амалӣ гардида истодаанд.
Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон бори дигар эътимоди мардумро ба сиёсати пешгирифтаи давлат тақвият бахшида, барои кишоварзон, ҷавонон ва тамоми сокинони ноҳия руҳу илҳоми тоза бахшид.
Боймурод МУҲИДДИНОВ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳристон