Баргашт Чоп кардан

СУЛҲ. ЭЪЛОНИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАШАББУСЕСТ, КИ АЗ ҚАЛБИ МИЛЛИАРДҲО СОКИНИ САЙЁРА САДО МЕДИҲАД


Дар сиёсати байналмилалии муосир ва назарияи таҳвили низоъҳои сиёсӣ, таҷрибаи дастёбӣ ба суботи дохилидавлатӣ ва табдили минбаъдаи он ба абзори дипломатияи глобалӣ аз ҷумлаи муҳимтарин ва мубрамтарин самтҳои пажӯҳиш эътироф мешавад. Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Қатънома дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036», ки бо ташаббуси Тоҷикистон сурат гирифт, на танҳо як муваффақияти навбатии дипломатӣ, балки гузариши бунёдии давлат аз мақоми қабулкунандаи сулҳи дохилӣ ба нақши донори глобалии он мебошад.
Ин пешниҳод аз лиҳози сиёсию ҳуқуқӣ дар шароити буҳрони амиқи сохторҳои амнияти дастаҷамъӣ эътирофи байналмилалӣ пайдо карда, ниёзи ҷомеаи ҷаҳониро ба моделҳои комилан нави созиш ва муколамаи фарогир ба таври институтсионалӣ устувор намуд. Таҳлили маърифатии ин раванд нишон медиҳад, ки ташаббуси мазкур натиҷаи мантиқии стратегияи дарозмуддати давлатдорӣ буда, дар маркази он фалсафаи консенсуси миллии аз ҷониби Роҳбарияти олии сиёсии кишвар таҳиягардида қарор дорад.
Барои дарки амиқи аҳамияти байналмилалӣ доштани Қатъномаи мазкур пайгирии гузаштаи таърихии буҳрони сохтории Тоҷикистон зарур аст. Дар охири асри XX, дар заминаи пошхӯрии сохтори дуқутбӣ, ҷумҳурӣ ба гирдоби зиддиятҳои дохилӣ ва геополитикии аз берун таҳмилгардида кашида шуд, ки ин хатари воқеии парокандагии давлатдориро ба вуҷуд овард. Маҷмуи омилҳои дохилӣ ва берунӣ, аз ҷумла фалаҷ шудани сохторҳои қудратӣ, суқути амиқи иқтисодӣ ва дахолати харобкоронаи омилҳои беруна кишварро дар остонаи фалокати башарӣ қарор доданд. Беш аз як миллион шаҳрванд мақоми гуреза ва муҳоҷири иҷбориро гирифтанд.
Маҳз дар заминаи сиёсати афви кулли мухолифини Ҳукумат ва консенсус, раванди бесобиқаи ба Ватан баргардондани зиёда аз як миллион гуреза ва муҳоҷирони иҷбории ин ҷанг дар таърихи низоъҳои муосири ҷаҳонӣ падидаи камназир аст. Самараи ин сулҳу ваҳдати миллӣ заминаҳои устувори иқтисодиро низ фароҳам овард; чунончи, дар натиҷаи татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ давра ба давра боло бурда шуда, нишондиҳандаи камбизоатӣ аз беш аз 80 дарсади солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба зери 20 дарсад коҳиш дода шуд ва ММД-и кишвар афзоиши устувори чандбаробариро касб намуд.
Аз нигоҳи илмӣ стратегияе, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давраи ҳассос амалӣ шуд, ҳамчун модели инноватсионии муттаҳидшавии сиёсӣ тасниф мешавад. Аз ҳамон солҳои пурошӯб то кунун изҳороти таърихии Пешвои миллат дар бораи омодагӣ ба қурбон кардани ҷон ба хотири истиқрори сулҳ на танҳо як манифести эҳсосӣ, балки ядрои доктринаи мукаммалест, ки ба барқарории мутақобилаи эътимод байни ҷонибҳои даргир нигаронда шуда буд. Раванди мураккаби музокироти байни тоҷикон, ки бо тасвиби Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба анҷом расид, исбот кард, ки рахнаҳои амиқи иҷтимоию сиёсӣ танҳо тавассути муколамаи сиёсӣ ва созишҳои дуҷониба бартараф шуда метавонанд. Ин формулаи сулҳ ҳамчун самти беназири сулҳоварӣ эътироф гардида, имрӯз дар марказҳои пешрафтаи илмию тадқиқотии ҷаҳон ба таври муфассал омӯхта мешавад.
Имрӯз, ки сайёраро мавҷҳои нави носуботӣ дар Шарқи Наздик, Аврупои Шарқӣ ва минтақаҳои гуногуни Африқо фаро гирифтаанд, аҳамият ва зарурати модели сулҳи Тоҷикистон аёнтар мегардад. Таҳлили омории ҷангҳои муосир аз афзоиши бесобиқаи қурбониён дар байни аҳолии мулкию осоишта ва харобшавии куллии инфрасохтори ҳаётӣ гувоҳӣ медиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба ин таҳдидҳо, ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба таҳкими сулҳ ҳамчун платформаи глобалӣ барои пешбурди дипломатияи пешгирикунанда маҳсуб меёбад. Яъне, давлати Тоҷикистон таҷрибаи таърихии худро ба сатҳи глобалӣ тарҳрезӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ механизмҳои қобили ҳаёти гузариш аз «ҷанг» ба «фарҳанги сулҳ»-ро пешниҳод менамояд ва таваҷҷуҳро аз вокуниши реактивӣ ба пешгирии стратегии дарозмуддати буҳронҳо равона месозад. Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешоҳанги амнияти минтақавӣ, борҳо аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Маҷмаи умумии СММ, роҷеъ ба устувории сиёсӣ ва эҷоди фазои осоишта дар Афғонистон қатъӣ баромад карда, таъсиси ҳукумати фарогир ва рушди иқтисодии ин кишварро кафолати амнияти умумии геополитикӣ арзёбӣ намудааст.


Қатъномаи СММ дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ба ҳар як давлати аъзои Созмон имкон медиҳад, ки барномаҳои миллии худро дар самти пешгирии радикализм ва тарбияи таҳаммулпазирӣ бо трендҳои ҷаҳонӣ ҳамоҳанг созанд. Дар асл, сухан дар бораи шаклгирии меъмории нави амнияти маънавӣ меравад, ки дар он ҳифзи ҷавонон аз таъсири харобкоронаи иттилоотию идеологӣ дар мадди аввал гузошта шудааст.
Мактаби сулҳоварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исбот кард, ки сипари асосӣ дар баробари экстремизм на танҳо монеаҳои маъмурию ҳуқуқӣ, балки эҷоди шабакаҳои васеъ барои таҳсил, рушди зеҳнӣ ва воридшавии ҷавонон ба равандҳои созандаи давлатӣ мебошад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ панҷ маротиба аз тарафи СММ қабул гардидани пешниҳодҳои глобалии Тоҷикистон вобаста ба обу иқлим, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза, 2003, Даҳсолаи амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ва эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо шаҳодати он аст, ки ин ташаббусҳо ба фоидаи миллиардҳо мардуми кураи Замин нигаронда шудаанд. Масалан, ин пешниҳодҳо заминаи институтсионалиро барои дастрасии аҳолии ҷаҳон ба оби ошомиданӣ ва муборизаи муштарак бо обшавии пиряхҳо устувор намуданд. Таъсири амалии ин дипломатия ба сулҳи ҷаҳонӣ дар се ҷанбаи муҳим зоҳир мегардад:
1. Пешгирии низоъҳои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ: ташаббусҳои Тоҷикистон платформаи ягонаи муколамаро барои кишварҳои ҳавзаи Ому ва Сир (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) ба вуҷуд оварданд. Ин равиш амнияти обиро аз манбаи ихтилоф ба омили ҳамкорӣ ва устувории минтақавӣ табдил дод.
2. Татбиқи модели «Об барои сулҳ» дар минтақаҳои буҳронии ҷаҳон: ин қатъномаҳо ҳамчун харитаи роҳ барои ҳалли баҳсҳои обӣ дар ҳавзаҳои бузурги фаромарзии ҷаҳон, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Нил (барои Миср, Судон ва Эфиопия) ва дарёҳои Даҷлаву Фуроти Шарқи Наздик истифода мешаванд, ки дар он ҷо танқисии об метавонад ба ҷангҳои хунин оварда расонад.
3. Кам кардани шумораи «муҳоҷирони экологӣ»: мувофиқи омори байналмилалӣ, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон ба сафарбаркунии миллиардҳо доллар сармояи ҷаҳонӣ барои таъмини об дар кишварҳои ҳавзаи Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат намуданд. Ин қадами ҷиддӣ пеши роҳи кӯчиши иҷбории миллионҳо нафарро, ки барои манобеи об ба низоъҳои дохилӣ ворид мешуданд, гирифта тавонист ва ҳамзамон суботи иҷтимоиро таъмин намуд.
Ҷанбаи дигари амалии ин доктрина дар сиёсати ҳавзавии Тоҷикистон ҷиҳати кушодани сарҳадҳо ва таҳкими муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Қирғизистон, зоҳир мегардад. Сарфи назар аз мушкилоти мураккаби марзӣ, таҳаммулпазирии стратегӣ ва хирадмандии роҳбарияти Тоҷикистон имкон дод, ки абзорҳои дипломатӣ бар низоъҳо ғолиб оянд. Нуқтаи авҷи ин талошҳо вохӯрии сеҷонибаи таърихии сарварони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд (31-уми марти соли 2025) маҳсуб мешавад. Дар ин нишасти сарнавиштсоз ҷонибҳо Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро ба имзо расонда, сутуни рамзии нуқтаи пайванди сарҳадҳоро ифтитоҳ намуданд, ки ин қадами ҷиддӣ ва устувору бузурге дар меъмории амнияти Осиёи Марказӣ гардид.
Таҳлили фарҳанги сулҳоварӣ ва ваҳдатсозӣ дар сатҳи кишвар, минтақа ва ҷаҳон дигарбора собит менамояд, ки аз ҷониби ҷомеаи илмию академӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудани номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоизаи Нобелии сулҳ, инъикоскунандаи хости воқеии на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми ҳавзаи васеи мардумони сайёра ва халқҳои аз ҷангҳо зарардидаи ҷаҳон мебошад.
Тамаддуни тоҷикон таърихан дар заминаи ақидаву пешниҳодҳои инсонпарварона, дӯстдории кулли мавҷудоти даҳр, некандешӣ ва фалсафаи таҳаммулпазирӣ, ки дар осори бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон инъикос ёфтаанд, устувор буд. Дар асри XXI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин императивҳои классикиро аз сатҳи фалсафаи абстрактӣ ба соҳаи сиёсати воқеӣ интиқол дода тавонистанд. Барои Кумитаи байналмилалии Ҷоизаи Нобел, эътирофи Роҳбаре, ки воқеан аз нестшавии як давлати соҳибихтиёр пешгирӣ карда, онро ба давлати пешниҳодкунандаи ташаббусҳои глобалӣ табдил дод, санади барқарории адолати таърихӣ ва тасдиқи вафодорӣ ба васияти Алфред Нобел мувофиқ хоҳад буд.
Натиҷаҳои ин пажӯҳишро ҷамъбаст намуда, метавон хулоса кард, ки дипломатияи сулҳофаринии Тоҷикистон ҳамчун як парадигмаи универсалии сиёсӣ шакл гирифта, дар ин замина Қатъномаи СММ барои давраи солҳои 2027 – 2036 ҳамчун харитаи роҳи стратегӣ барои эҷоди эътимоди бисёрқутбӣ хидмат мекунад. Эътирофи ин хизматҳо дар сатҳи олии байналмилалӣ ва пешниҳоди сарфароз гардондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақоми Лауреати Мукофоти Нобелии сулҳ як амри аз қалби миллиардҳо буруномадаи қавӣ барои кишварҳое хоҳад буд, ки дар маркази ҷангҳои муосир қарор доранд. Ин қадам исбот карда метавонад, ки дар сурати мавҷудияти иродаи устувори сиёсӣ, ҷасорат ва гуманизми асил, ҳатто амиқтарин рахнаҳои геосиёсӣ метавонанд ба сулҳи пойдор ва рушди устувор табдил ёбанд.


Саидмаҳмуд САИДЗОДА,
ректори Донишкадаи байналмилалии
Леваканти ДБССТ