
Яке аз амалҳои нангини террористони наҳзатӣ солҳои 90-уми асри гузашта куштани шумораи зиёди олимону донишмандон буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад намоиш дода шуданд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин сухан ронда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро маҳкум намуданд.
Мутаассифона, дар он замон аз дасти қотилони наҳзатӣ яке аз беҳтарин фарзандони миллати тоҷик – файласуфи забардаст, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, арбоби шоистаи илми тоҷик, устод Муҳаммад Осимӣ низ ба қатл расид.
Қотилони хунхор олими машҳур ва инсони шариф - Осимиро тарсуёна террор карданд, аммо устод Муҳаммад Осимӣ бо далерию ҷасорати ба худ хос то охирин лаҳзаи ҳаёташ пеши он нобакорони разил сар хам накард.
Ҳаёту фаъолияти илмии устод Осимӣ, ки як мактаби бузурги илму маърифатомӯзӣ ва хидмат ба мардум аст, воқеан, омӯзанда ва намунаи ибрат мебошад. Ёдовар мешавем, ки давраи хурдсолию навҷавонии Муҳаммад Осимӣ ба замони мушкили таърихӣ рост омада буд. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳамеша дар раҳи омӯхтани илму маърифат кӯшиш ба харҷ дода, ҳанӯз соли 1941-ум Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кард. Аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Осимӣ ҳамчун ватандӯсти асил ва фарзанди шуҷои тоҷик ихтиёрӣ ба фронт рафта, панҷ соли ҳаёти худро ба ҳимояи Ватан бахшид. Далерию ҷонфидоии Осимӣ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 зоҳир кардааст, бо ордену медалҳои Ҷанги Ватании дараҷаи 1, Ситораи Сурх, Барои мудофиаи Ленинград, Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва ғайра қадр шудаанд.
Бисёр аламовар аст, ки ин фарзанди фарзонаи миллат бар зидди фашистон ҷангида, саломат ба Ватан баргашт ва солиёни зиёд дар хидмати илми тоҷик буд, аз дасти гурӯҳе аз ҳаммеҳанони разилу палиди худ кушта шуд. Ин амали нангини қотилони наҳзатӣ то кадом андоза хунхору душмани Тоҷикистони соҳибистиқлол будани ин тӯдаи нобакорро нишон медиҳад.
Муҳаммад Осимӣ ҳамчун олими пуркор, омӯзгори соҳибмактаб, ходими ҷамъиятию давлатӣ на танҳо дар Тоҷикистону собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар хориҷа ҳам машҳур буд ва осору таҳқиқоташ аз ҷониби доираҳои илмӣ эътироф гардида буданд.
Устод Осимӣ бо малакаи баланди илмӣ дар бисёре аз марказҳои бонуфузи илмии хориҷӣ маърузаҳо кардаст. Аз ҷумла, дар мавзуъҳои марбут ба таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ, таърихи фалсафаи тоҷик, тоҷикон дар масири таърих, фалсафаю методологияи улуми табиатшиносӣ дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар шаҳрҳои Токио, Деҳлӣ, Бомбай, Қоҳира, Париж, Бухарест, Вена ва ғ. маърузаҳо карда, дар донишгоҳҳои Ҷавоҳирлол Неҳру, Алигарҳ (Ҳиндустон), Исломобод, Пешовар, Панҷоб (Покистон), Вашингтон, Сиэтл, Колумбия, Ню-Йорк (ИМА) ва Сорбонна (Фаронса) баромадҳои илмӣ намудааст. Бешубҳа, устод яке аз муаррифгарони илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буданд.
Муҳаммад Осимӣ солҳои зиёд раиси Кумитаи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ – комиссияи ЮНЕСКО дар Иттиҳоди Шуравӣ, президенти Ассотсиатсияи байналхалқии омӯзиши тамаддуни Осиёи Миёна, мушовири барномаи ЮНЕСКО оид ба омӯзиши «Роҳи абрешим» ва узви хориҷии ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Осиёи Марказӣ» (Покистон), «Таърихи илм» (Ҳиндустон), «Таърихи илми араб» (Донишгоҳи Ҳалаби Сурия) ба ҳисоб мерафт. Устод Осимӣ дар ташкили Академияи улуми Афғонистон фаъолона ширкат варзида, то поёни умр узви фахрии он буд.
Террори устод Муҳаммад Осимӣ аз дасти қотилони наҳзатӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки онҳо душмани миллати тоҷик, душмани илму маърифат ва рушду тараққӣ мебошанд. Терроре, ки наҳзатиҳо нисбат ба олимону донишмандони тоҷик содир кардаанд, нобахшиданист. Миллати мо, ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ҳаргиз онҳоро намебахшад.
Хотираи неки Муҳаммад Осимӣ ва олимону донишмандони дигари тоҷик, ки аз дасти палидони наҳзатӣ кушта шуданд, абадӣ дар дилу дидаи мо боқӣ мемонад.
А. РАҲМОНЗОДА,
номзади илмҳои сиёсӣ