Баргашт Чоп кардан

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. БАРРАСИИ НИЗОМИ НАВИ АНДОЗБАНДИИ ЭЛЕКТРОНӢ

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи андоз, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки миллӣ оид ба тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзим дар доираи лоиҳаи озмоишии андозбандии соҳибкорони инфиродӣ семинар – машварат доир шуд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба хидматрасониҳои давлатии электронӣ, истифодаи ҳамёнҳои электронӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, имтиёзҳои андозӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рақамикунонии низоми андоз баррасӣ гардид.

Ораз Муртазозода, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, таъкид кард, ки дар шароити рушди босуръати иқтисоди рақамӣ татбиқи механизмҳои нави андозбандӣ барои содагардонии муносибатҳои андозсупорандагон, баланд бардоштани сатҳи риояи қонунгузории андоз, таъмини шаффофияти фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аҳамияти махсус дорад. Аз ин рӯ, ҳадафи семинар-машварат гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзим дар доираи лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ, истифодаи хизматрасониҳои давлатии электронӣ, инчунин баррасии дигар масъалаҳои марбут ба андозбандӣ мебошад.

Андозсупорандагон метавонанд қисми зиёди хидматрасониҳои заруриро ба таври фосилавӣ дастрас намоянд, эъломияҳо ва ҳисоботи андозро пешниҳод кунанд, маълумоти заруриро дастрас намоянд ва пардохтҳои андозро бидуни муроҷиати мустақим ба мақомоти андоз анҷом диҳанд. Истифодаи хидматрасониҳои давлатии электронӣ ба соҳибкорони инфиродӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти худро самараноктар ба роҳ монанд. Бо дарназардошти ин, рушди хидматрасониҳои давлатии электронӣ ва татбиқи реҷаи махсуси танзим ба рушди иқтисоди рақамӣ ва беҳтар гардидани муҳити соҳибкорӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин, дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ баргузории чунин семинарҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии кормандон муҳим аст.
Зикр шуд, ки корҳои ташкилӣ ва фаҳмондадиҳӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи озмоишӣ идома дошта, ҳадафи ниҳоии он дастгирии соҳибкории хурду миёна, коҳиш додани сарбории андоз, автоматикунонии ҳисоббаробаркунӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар мебошад.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”