Баргашт Чоп кардан

АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ

ДИЁРИ КУҲАН


Иттифоқ афтод, ки сафари ман ба дунёи куҳани одамизод ҳам баргузор гардад.
Мо дар ҳотели Парк Плаза Виктория ҷой гирифтем.
Он бегоҳ баъди дамгирии кӯтоҳ Қасри Малика, Боғи Малика ва кӯчаву хиёбонҳои марказиро тамошо карда, шом дар як ресторани хитойӣ хӯрок хӯрдем.
Дар назари ман шаҳри Лондон бо услуби меъморӣ ва тарзи ороиш нисбат ба сохтмони классикии кишварҳои аврупоӣ, чун асли дунёи куҳан ба назар мерасид.
Хонаҳои ду, се, чор ва панҷошёнаи хиштӣ, даҳлез, дару тиреза ва роҳравҳои усулӣ, кӯчаҳои каҷу килеби ниҳоят қадима аз таърихи дуҳазорсолаи ин шаҳр шаҳодат медоданд.
Маълум аст, ки англисҳо дунёро аввал бо ақлу фаросат ва баъд бо неруи тавонманди ҳарбӣ ба худ ҷалб ва мутеъ кардаанд. Нисбат ба таърихи давлатдории худ ниҳоят эҳтиёткор будаанд. Биноҳои куҳна ва қадимиашонро барои наслҳо ҳамчун ҷузъиёти муҳим боэҳтиёт нигоҳ медоштаанд.
Рӯзи дигар мо машҳуртарин осорхонаи Британияи Кабирро, ки онро осорхонаи дунё ҳам номидан мумкин аст, тамошо кардем.
Ин осорхона як навъ хазинаи бузурги далелҳо аз таърихи ҷавонмардӣ, ватандӯстӣ ва дурандешии англисҳо, хислату характери миллии онҳо мебошад.
Як мисоли одӣ. Дар яке аз экспонатҳои осорхона бозубанд, дастпона ва камарбандҳои ниҳоят қиматноки аз тиллои соф сохташудаи маъруф ба «Хазинаи Окс ё Амударё» ба намоиш гузошта шудааст.
Онро дар асри XlX деҳқонони тоҷик дар Қубодиён пайдо карда, ба тоҷирони афғон фурӯхтаанд. Он ҷо Ричард Блейк ном марди англис аз ин ҳодиса хабардор шуда, аз нархи маҳаллӣ каме баландтар аз афғонҳо мехарад. Ва ин ҷавоҳиротро ба осорхонаи бузурги давлати худ туҳфа мекунад.
Ҳамчунон, як рӯз пеш аз анҷоми сафар тавассути чархбол ба шаҳри Пули ин мамлакат сафар кардем.
Парвоз чил дақиқаро дар бар гирифт.
Ба шаҳр расидан баробар, дар як киштии ҳозиразамон ба сайри баҳр баромадем.
Ман ба хотири тамошо дар паҳлуи капитани киштӣ нишастам, ки худи ӯ маро таклиф карда буд. Ҳамроҳони мо бо шӯхӣ аз соҳибони ин нақлиёти қиматбаҳо ва зебои баҳрӣ пурсиданд, ки мабодо ин яхтаи Абрамович набошад. Нохудо шӯхиро фаҳмида:
– Не, не, ба Худо! Шумо аслан иштибоҳ накардед. Ин ҳамон киштии Абрамович аст! – гуфт.
Ҳама аз ин эҳсоси баланди мутоиботи капитан ба завқ хандиданд.
Маълум шуд, ки яхтаи мо «Плурейедшер» ном дорад. Маҳсул ва мансуби Британия аст.
Ҳангоми саёҳати баҳрӣ мо тавассути гулӯгоҳи Инглиш Чанал, ҷазираҳои Бранси, Вайт ва нимҷазираи Уйолтхариро гузашта, аз соҳил онҳоро тамошо мекардем.
Мутаассифона, ҳангоми сафари баҳрӣ ҳаво яку якбора бад шуд. Дар масофаи тақрибан даҳ километр дур аз соҳил мавҷҳои ниҳоят хатарноки тӯфонӣ бархостанд.
Дар дохили киштӣ сигнали огоҳкунандаи хатар беист садо медод.


Мавҷҳо чунон баланду паст мешуданд, ки гумон мекардӣ киштии мо дар мавҷи навбатӣ зери забонаи пурдаҳшати он монда, ба қаъри баҳр фурӯ меравад.
Воқеан, заволаҳои бузурги об мисли як пардаи сиёҳи даҳшатафкан аз болои киштии мо бераҳмона мегузаштанд. Ҳамаро зери об мекарданд. Аҳволи киштичаи саргардони мо соат ба соат бад мешуд. Ман тез-тез ба афту андоми нохудо нигоҳ мекардам.
Ин мардаки қадбаланди тануманд бо сару мӯйи зарди давида, дасту остини барзада, бозуҳои қавии варзида ва абрувони гирифта, фармон дод:
– Воскатҳои наҷотбахши худро пӯшед!
Хонуми дар қафои ман нишаста, чанд маротиба ба ман хитоб кард:
- Sir, it is become more dangery! I am afraid! Oh! It is extremely terrible! (Ҷаноб, вазъ ниҳоят хaтарнок шуд! Ман метарсам! Оҳ! Вазъ фавқулода ваҳшатнок гашт!).
Ӯ бо ду дасташ китфи чапи маро дошта гирифт, гӯё ман наҷотбахши касбии баҳрӣ бошам. Дар бархӯрди яке аз мавҷҳои бераҳм, гумон кардам, ки киштии моро пора-пора мекунад, хонум:
–- Оh! My God !!! – гуфта, бо тамоми қувваташ дод зад. Қариб буд остини костюми маро аз оринҷ канда партояд.
Ин вақт аз ёди ман як нақли Саъдӣ барқвор гузашт:
«Шоҳбачае бо надими донои худ нияти сафари баҳрӣ мекунанд. Хизматгори худро низ бо ҳам мегиранд. Чун аз соҳил дур мешаванд, боди шуртае бармехезад ва киштиро сахт ба шину хез дучор мекунад. Хизматгор доду фарёд мекашад. Аз ин шоҳбача хеле нороҳат мешавад. Ҳарчанд мекӯшанд, ғуломи тарсу аз доду вой гуфтан намемонад:
– Вой доде, халос кунед-е, мемирам-е ва монанди ин гуна шеванҳо.
Шоҳбача хеле нороҳат гашта, ноилоҷ мемонад. Ҳарчанд кӯшиш мекунад, хизматгор ором намешавад.
Надим бо қотеъият ба маллоҳон фармон медиҳад:
– Ин малъуни тарсуро ба об партоед! Мурад!!!
– Маллоҳон фармони надимро иҷро мекунанд. Ғуломро аз дасту пояш гирифта, ба баҳр мепартоянд.
Ғулом даруни об дасту по зада, дами ғарқшавӣ ва марг қарор мегирад. Надим фармон медиҳад:
– Наҷот диҳед номардро!
Маллоҳон бо як чаққонӣ ба об парида, ғуломро аз ғарқшавӣ мераҳонанд ва дастони ӯро ба қаиқ мечаспонанд.
Ғулом ҳаллосзанон худро даруни қаиқ мегирад. Акнун ором ва бо як табассум ба хизмати шоҳбача оғоз мекунад.
Шоҳбача аз надим мепурсад:
– Бигӯед, ки ин чӣ сир буд?
Надим мегӯяд:
– Ин ғуломи нокардакор фаҳмид, ки аз даруни киштӣ дида, боз ҷойи аз ин ҳам бадтаре ҳаст».
Рости гап, ман худам ҳам на камтар аз ин мусофири ҳамроҳам дар ҳарос афтода будам. Азбаски, тибқи расмиёт, шиму костюми сиёҳ, куртаи сафед, гарданбанди боэҳтиёт басташуда доштам, дигарҳо гоҳ-гоҳе ба ман чашм дӯхта, ҳатман мепиндоштанд, ки ягон одами масъули сиёсӣ ҳастам. Ба хотири чунин назар ва «муҳиммият» сир бой намедодам.
Ба ғайр аз ин, худи капитани киштӣ воскати наҷотдиҳандаро напӯшида, бо чеҳраи тағйирнаёбандаи ҷиддӣ киштӣ меронд. Дар симояш аз тарс асар набуд. Ин ҳолат маро низ ором мекард.
Хушбахтона, бими мавҷ коста, роҳи баҳрӣ ба оҳистагӣ ҳамвор ва мо ба соҳил расидем.
Вақте нохудои киштӣ бо мо хайру маъзур мекард, бо табассум гуфт:
– Понздаҳ сол, чор фасл ман дар ҳамин масир шино мекунам. Чунин вазъро бори аввал дидам.
Ман ба ӯ ташаккур гуфтам. Мо хайрухуш кардем. Ба ҳар ҳол сайри хотирмон буд.


АСРОРИ ҲАСТӢ


Таассуроте, ки ман аз шиносоӣ бо ин кишвар гирифтам, асосан, худи мардумони он сарзамин буданд. Ҷавонҳо, миёнсолҳо кампиру мӯйсафедҳо ва хориҷиҳои зиёд дар кӯчаву хиёбонҳо шабу рӯз ҳаракат, сайру гашт мекарданд.
Дар муқоиса бо дигар шаҳрҳои Аврупо, дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои Британияи Кабир хориҷиҳо, хусусан, сиёҳпӯстону арабҳо зиёд нестанд.
Ин қавму миллатҳо дар дигар мамлакатҳои Аврупо бо шиори «Аввал шумо моро мустамлика кардед, ана акнун мо шуморо!» зиндагӣ намуда, баъзеашон одитарин одоби муоширату рафторро риоя намекунанд.
Дар Британия бошад, ин қабил мардум нисбатан каманд. Агар касоне ҳам бошанд, дар муқоиса бо дигар меҳмонони нохондаи аврупоӣ ором, осуда ва бо риояи хислатҳои нек рафтор мекунанд.
Қиёфаи мардум як навъ хотирҷамъӣ, боҳавсалагӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандиро инъикос менамояд. Дар худи Лондон гӯё одамон ҳама аз як деҳаи бузурганд, мисле якдигарро мешинохта бошанд, ба ҳамдигар муносибати бомурувват доранд.
Маълум буд, ки дар муқоиса бо фаронсавӣ, олмониву ҳоландиҳо ва ғайра, зери таъсири маънавиёти мардуми кишварҳои бегона ҳувияти қадимиашон поймол нагаштааст. Бо вуҷуди чанд сол дар Аврупо зиндагӣ доштан, ин ҷо ман бештар табиати одами аврупоиро эҳсос кардам.
Бо яке аз ошноҳои британиям дар мавриди ин бардошт изҳори назар намудам. Ӯ аз ин хулосаи ман қаноатманд шуд ва гуфт:
– Таърихи Англия се сарвазири машҳурро медонад: Черчил, Тетчер ва Блеарро. Ҳарсеи онҳо бо як овоз мегуфтанд: «Мо бояд ҷазираи худро ҳимоя кунем». Визаи Шенген, агар умумиятро дар Аврупо тавлид карда бошад ҳам, руҳи аврупоиро бегона ва қашшоқу касод ва ҷо-ҷо фасод кард. Ҳама одамон чизи бадро тезтар ба худ мегиранд. На баръакси онро. Аврупо ҳамин тавр шуд.
Бояд эътироф кард, вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ, география, релеф, табиат, муҳити атроф ва албатта, таҷрибаи таърихӣ, дараҷаи тараққиёти маънавӣ, интеллектуалӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва умуман, тамаддунии халқҳо наметавонад баробар бошад. Инро мо ҳар соат ва ҳар рӯз эҳсос мекунем. Аз ин ҷиҳат, як ҷазираи хурд, ки номаш аз рӯйи натиҷаи рафтор ва амалкарди таърихӣ Британияи Кабир шудааст, аз ҷумлаи пешқадамтарин халқҳо, ҳамчун намунаи фаъолияти ақлонаи давлатҳои дунё мебошад.
Ин кишвар аз лиҳози қаламрав, ки ҳамагӣ дар ҳудуди як ҷазира аст, дар дунё дар ҷойи 78-ум ва аз рӯйи шумораи аҳолӣ дар ҷойи 22-юм қарор дорад. Аз рӯйи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ҷойи 6-ум меистад.
Дар Британия мисле, ки дар Амрико ҳам мушоҳида мешавад, дар кӯчаву хиёбонҳо мағозаҳои хурду бузург таблиғи ягон намуди фирмаҳои машҳури либос, техникаи электронӣ, мошинҳо дида намешавад. Гӯё чунин амволи қиматбаҳо дар дунё вуҷуд надоранд. Зану марди британиягӣ дар либоспӯшӣ ниҳоят одиву хоксор ҳастанд.
Дар хиёбонҳои Лондон мошинҳои тамғаи «Lexus», «ВМW», «Меrsedes» ва монанди инҳо ками дар кам ба чашм мехӯранд.
Мошинҳои навъи «Land Cruiser», гуфтан мумкин, нестанд. Автомобилҳое, ки мардум истифода мекунанд, аз рӯйи ҳаҷм хурд ва андозаи муҳаррик дар сарфи маводи сӯхт каммасраф мебошанд.
Қоидаи одитарини британиҳо будааст, пулро дар ҷойе гузоранд, ки ҳадди ақал як тин фоида бинанд. Барои оила манфиат орад. Чунин муносибат дар қаламрави як давлати бузург боигарӣ ва имконоти муассири миллиро ташкил мекунад. Бидуни шак, ин нишонаи дурандешӣ ҳамчун намунаи хулқу атвор ва характери миллӣ аст.


ВОҚЕИЯТ ВА ТАХАЙЮЛИ БАДЕӢ


Мисли он ки тақдири ҳар инсон дар дасти худи ӯст, айнан, ҳамин тавр миллат тақдири худашро худаш муайян мекунад.
Адабиёти миллӣ воситаи муҳимми бо шаклу усулҳои бадеӣ тафсир кардани фалсафаи руҳ, табиат, вазъи иҷтимоӣ, маънавиёт, хосияти этнографӣ ва характери ҳар халқу миллат мебошад.
Барои донистани мардуми олам дарки моҳиятии фарҳангу тамаддуни онон муҳимтарин васила аст.
Дар ин ҳошия, асарҳои машҳури нависандагони англис Даниэл Дефо «Робинзон Крузо», Редярд Киплинг «Китоби ҷангал», Томас Майн Рид «Савораи бесар» ва садҳо осори дигар маводи беҳтарини шиносоӣ бо хулқу атвори ин миллатанд.
Ҳангоми сафар ба шаҳри Лондон, таваҷҷуҳи моро музейи Шерлок Холмс, ҳамноми қаҳрамони асари нависандаи машҳур Артур Конан Дойл ба худ ҷалб кард.
Тавре дар китоб ва кинофилми маъруфи аз рӯйи он ба навор гирифташуда дарҷ гаштааст, хона-музейи Шерлок Холмс дар кӯчаи Бейкер-стрит, 221 «б» ҷойгир мебошад.
Тибқи асар, Шерлок Холмс бо дӯст ва ҳамкори худ доктор Ватсон дар ин нишона аз соли 1881 то соли 1904 зиндагӣ ва кор кардаанд.
Аммо дар замоне ки Артур Конан Дойл ин асарро таълиф мекунад, чунин хона ва чунин суроға аслан вуҷуд надоштаанд.
Баъдтар, дар давраи нав, воқеан, сохтмони шаҳр вусъат пайдо мекунад. Дар идомаи бунёди манзилу муассисаҳо бо ҳамин рақам бинои чорошёна пайдо мешавад. Аз қайд мегузарад.
Бузургии Конан Дойл ҳам дар ҳамин аст, ки бо санъати баланди офаридани сужет тавассути образҳо, тавонистааст, ки мардумро ба воқеият доштани чунин шахсияти барҷаста, мутахассиси бахши кофтукову таҳқиқи ҷиноёт муътақид созад. Одамон умед банданд, ки дар назди хадамоти кофтукови ҷиноятӣ дар мубориза ба муқобили аъмоли тахассусмандонаи ашхоси палид, сарфи назар аз умқи тафаккури онон барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои разилонаи худ, танҳо нестанд. Шахсиятҳое ҳам ҳастанд, ки онҳоро аз чунин сарбастагиҳо раҳо месозанд. Ҷиноёти печидатаринро мекушоянд. Ба ноумедиҳо умед мебахшанд.
Воқеан, табиати инсон уқёнуси нопайдоканор аст. Ба ҳар роҳу восита, дар кадом ҳолате бошад, орзуи зиндагии шоиста ва ояндаи некуро дорад. Маҳз ба ҳамин хотир, итминони комил бояд дошт, ки пайдоиши муқаддасоти олам, яъне қудсияти эътиқоду эътимоди фавқуттабиӣ ҳам, аз ҳамин тарзи бархӯрд сарчашма мегирад.
Ман дар назар дорам Биҳиштро.
Фақат дин аст, ки дар тамоми ҳолат ба одам ваъдаи фардои серӣ, пурӣ, фаровонӣ, табиати зебо, боду ҳавои хуш, чашмаҳои мусаффо, боғу роғи дилоро, ҷӯйи хамр, насяи васли ҳурони чеҳрапардоз, маликаҳои танноз ва сад ҳазор имтиёз медиҳад. Дуруст, ки бе замонати таъмини иҷро.
Адабиёт ҳам бо инфрасохтори тавъам бо таърихи таҳаввулоти ҷомеаи инсонӣ, қисман ҳамин вазифаро дар доираи салоҳият ва имконоти худ иҷро мекунад. Ва бо қудрати инъикоси бадеии олами ҳастӣ, намунаи барҷастаи фарҳанг ва тамаддуни халқу миллатҳоро ба намоиш мегузорад.
Ҳамин зарурати иҷтимоиро Артур Конан Дойл дар умқи хаёлоти хеш ҳис кардааст. Офаридани чунин образро ҳамчун талаботи замон ҳисобидааст.
Бо гузашти айём, вақте ки асари нависанда аз забон ба забон мегузарад, бузургии шахсияти ӯ дар назди наслҳои оянда бо ҳам зиёдтар ҷилвагар мешавад. Ин муҳимтарин сифати эҷодии нависанда аст.
Ба тарзи дигар, Артур Конан Дойл ҳангоми эҷоди асар имтиҳони замони ояндаро низ ба инобат гирифтааст. Музейи як қаҳрамони ӯ дар пойтахти Британияи Кабир, далели бузурги ақлофаринии нависанда аст.
Хосияти эҷодиёти бадеӣ он аст, ки муаллиф наметавонад худро, аниқтар, муносибати хешро аз қаҳрамони офаридааш ҷудо тасаввуру тасвир намояд.
Тамоми сужет ва амалкарди қаҳрамонҳои нависанда маҳсули таҷриба, дида ва шунидаҳои ӯ мебошанд. Гап сари он аст, ки то кадом дараҷа сифатҳои интеллектуалӣ, психологӣ, руҳиву равонии эҷодкор бо дарк ва коркарди моҳиятии мавзуъ мувофиқ меоянд.
Конан Дойл духтур будааст. Вақте ки дар соли 1880 муддати ҳашт моҳ дар киштии «Hope» («Умед»), дар обҳои хунуки Арктика ба сифати табиб хизмат мекунад ва ҳамагӣ панҷоҳ фунт стерлинг маош мегирад, ранҷу азоби зиёд мебинад, таҷрибаи зиндагӣ меандӯзад, баъдан, дар шарҳи ҳолаш менависад: «Ман ба ин киштӣ ҳамчун ҷавони бетаҷрибаи лаванди бесулуқ ба синну сол баромадам, аммо аз зинапояҳои он ҳамчун марди бавоярасида пойин омадам».
Зиндагӣ устоди асили нависанда аст, агар охирин қудрати омӯхтан ва сабақ бардоштан аз онро дошта бошад. Тимсоли қаҳрамони марказии Конан Дойл, Шерлок Холмс – Ҷозеф Белл, профессори университети Эдинбург мебошад, ки тавассути истеъдоди фавқулодаи худ дар асоси таҳлили сифатҳои шахсии инсон, метавонист гузашта ва имрӯзаи аъмоли ӯро фаҳмад, рафторҳои иҷтимоиашро дар оянда пешгӯӣ карда тавонад.
Вақте асари Артур Конан Дойл – «Шерлок Холмс» машҳур мегардад ва тавассути он худи нависанда ҳам маъруфи олам мешавад, дар яке аз суҳбатҳо бо фарзанди дӯстдошта, қарин ва ҳамнишини доимиаш Андриан мегӯяд: «Агар Холмс ҳам мебуд, яқин, ки ин худи ман будам».
Ҳамин тариқ, замоне ки дар ин хиёбон таҳти чунин рақам хона пайдо мешавад, одамон гумон мекунанд, ки Шерлок Холмс ҳоло дар қайди ҳаёт набошад ҳам, агентии кофтуков ва тафтишотии таъсисдодаи ӯ ҳатман дар ҳамин суроға фаъолият мекунад.
Корафтодагоне, ки аз таку дави зиёд хаста шудаанд ва ба дарди онон ягон сохтор даво шуда наметавонад, маҷбур ба ҳамин нишона, ба «шогирдон»-и Шерлок Холмс муроҷиат менамоянд.
Воқеияти масъала оид ба мавҷуд набудани «Идораи Шерлок Холмс» чандин маротиба эълон шуда бошад ҳам, муштариён ноумед намегаштанд. Пайдарпай ба ин нишона нома менавиштанд.
Барои ҳамин, сохторҳои муайян маҷбур шуданд, ки як вазифаи котибро дар ин макон таъйин кунанд, то ба мукотиботи мардум вокуниши марбута нишон диҳанд. Ҷойе имкон ҳаст, ба онҳо ёрӣ расонанд.
Аз ҷониби дигар, худи Ҳукумати шаҳри Лондон ноилоҷ, дар ин хона як тахтачаи сабзро бо нишон додани суроға овезон кардааст. Дар тахтача бо ранги сабз чунин матн омадааст: «Дар ин хона байни солҳои 1881 то соли 1904 корманди соҳаи кофтукови ҷиноятӣ – машваратчӣ Шерлок Холмс зиндагӣ кардааст».
Роҳбалади мо таъкид кард, ки барои пайдо кардани билет на кам аз се рӯз қабл, бояд тавассути интернет ба маъмурияти музей муроҷиат кард. Дар акси ҳол, навбат гирифтан ва даромадан ба осорхона ниҳоят душвор аст.
Мошини мо ҳамагӣ понздаҳ дақиқа қабл аз вақти муайяншуда ба назди музей расид. Аммо дар наздикиҳо ҷойи мошинмонӣ набуд. Гурӯҳи тамошогар аз дунболи якдигар, гӯё ба дидани манораи Эйфел омода бошанд, навбат меистоданд. Аз тарафи чапу рости музей кафе ва мағозаи «Шерлок Холмс» ҷойгир буданд. Онҳо низ пуродам.
Ахиран навбати мо ҳам расид.
Музейи Шерлок Холмс яке аз даромадгоҳҳои хонаи чорошёнаро дар бар мегирад. Қабатҳои музей аз толор, ҷойҳои кории Шерлок Холмс ва доктор Ватсон иборат буданд. Дар табақаи сеюм хоначаи миссис Хадсон ҷойгир мебошад. Дар чор қабати бино, тамоми ашё ва ҷиҳози тахассусии замонавии хосси агентии шахсии кофтукови ҷиноятҳо дар охирҳои асри XIX ва аввали асри XХ мавҷуданд.
Кулли ҷиҳоз, портретсозии қаҳрамонон, сифатномаи А.К. Дойл, муаллифи асари машҳур дар алоқамандӣ бо сужет, таъмини мақсади бадеии асар мувофиқати мутаносиб доранд.
Роҳбалади музей бо либоси асри Шерлок Холмс, аз ёд донистани асари бадеӣ, решаҳои заминии пайдоиши сужет, сарчашмаҳои истифодакардаи нависанда, вазифаи худро ба навъи аъло иҷро мекард.
Муҳтавои матлаб он аст, ки британиягиҳо аз як асар, ки натиҷаи тафаккур ва хаёлоти бадеии шаҳрванд, нависанда, адиб аст, тавонистаанд бо камтарин харҷ барои сайёҳон як макони ҷолибу диданӣ созанд. Ақлу фаросат ва хиради худро на танҳо тавассути асари бадеӣ, рӯйи саҳнаи кишварҳои олам овардани он, балки бо ин кӯшиши дар назар хоксорона, аммо дар асл шуҳратсоз ва аз лиҳози ҳастии зиндагӣ даромаднок, манфиатҳои маънавӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва моддӣ бубинанд.
Суруду тантанаи хушки ватансароӣ ягона роҳи тарбияи ватандӯстӣ нест.
Осорхонаҳо, муҷассамаҳо, қаҳрамонҳои воқеӣ ва асарҳои бадеӣ бояд тарзе таҷассум ёбанд ва офарида шаванд, ки худ ҷолиб ва барандаи мантиқи гӯёи фарҳанг, тамаддун, воситаи тарбияи одамон ва ҳамзамон, дорои имконоти ҳадди ақали худкифоии молии боиси ҳифзашон бошанд.


(Аз китоби академик С. Ятимов «Ёддоштҳо», қисми 2, Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 517 - 530)