Баргашт Чоп кардан

НБО «ҚАЙРОҚҚУМ». НЕРУИ РУШД ВА АМНИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои об, Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ин иншооти азими гидроэнергетикӣ, ки беш аз ним аср боз ба мардум ва иқтисодиёти кишвар хизмат мерасонад, имрӯз пас аз навсозии ҳамаҷониба ба марҳалаи нави рушди худ ворид гардидааст.


НБО «Қайроққум» аз ҷумлаи он иншоотест, ки фаъолияти он танҳо бо истеҳсоли неруи барқ маҳдуд намешавад. Неругоҳ, ҳамзамон, вазифаи танзими маҷрои дарёи Сир, таъмини оби полизии заминҳои кишоварзӣ ва нигоҳдории мувозинати экологии минтақаи шимоли кишварро ба уҳда дорад.
Пояи фаъолияти устувори Неругоҳро обанбори Қайроққум ташкил медиҳад. Ин обанбор, ки аз бузургтарин обанборҳои сунъии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, дар фасли гармо захираи обро барои обёрии ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ таъмин менамояд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ барои Неругоҳ давраи дигаргуниҳои куллӣ гардид. Дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби беш аз 200 миллион доллари ИМА сармоя ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки сармоягузории Аврупо лоиҳаи таҷдиди пурраи Неругоҳ амалӣ гардид. Корҳои азнавсозӣ аз соли 2019 оғоз шуда, дар доираи онҳо таҷҳизоти асосии Неругоҳ, аз ҷумла гидроагрегатҳо, турбинаҳо, генераторҳо, таҷҳизоти барқӣ ва низомҳои муосири идоракунии автоматӣ пурра нав карда шуданд. Марҳалаи муҳими ин лоиҳа моҳи ноябри соли 2025 анҷом ёфта, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се гидроагрегати таҷдидшуда расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Имрӯз самараи таҷдид аз нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ баръало эҳсос мегардад. Агар пеш аз навсозӣ иқтидори муқарраршудаи Неругоҳ 126 мегаваттро ташкил медод, имрӯз он ба 174 мегаватт расидааст. Технологияҳои нави насбшуда талафоти техникӣ ва хароҷоти истифодаи таҷҳизотро коҳиш дода, муҳлати хизмати агрегатҳои асосиро барои чанд даҳсолаи дигар таъмин месозанд.


Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”


МУЛОҚОТИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА
БО НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТИ ГЛОБАЛИИ РУШДИ САБЗ
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони Институти глобалии рушди сабз (Global Green Growth Institute-GGGI) мулоқот намуд. Зимни он, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои рушди маблағгузории устувор, таҳкими низоми молиявии сабз, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои экологӣ ва густариши ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ мавзуи тағйирёбии иқлим на танҳо масъалаи экологӣ, балки яке аз омилҳои муҳими иқтисодӣ ва молиявӣ ба ҳисоб меравад ва рушди низоми "маблағгузории сабз" аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Бонки миллии Тоҷикистон барои ташаккули муҳити мусоид ҷиҳати ҷалби сармояи хусусӣ, рушди бозори сармоя ва идоракунии хавфҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим тадбирҳои пайгиронаро амалӣ менамояд.
Дар ин замина, таҷрибаи барориши аввалин вомбарги сабзи корпоративӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК “Бонки Эсхата”, ки бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ сурат гирифт, заминаи муҳими рушди минбаъдаи бозори сармоя ва маблағгузории устувор арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот, инчунин, масъалаҳои расондани кумаки техникӣ аз ҷониби Институти глобалии рушди сабз барои таҳияи заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва муайян намудани лоиҳаҳои мутобиқ ба талаботи "маблағгузории сабз" арзёбӣ ва баррасӣ шуданд.
Сипас, ҷонибҳо омодагии хешро ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди рушди маблағгузории устувор, таҳкими бозори сармоя, ҷалби сармоягузориҳои дарозмуҳлат ва барориши вомбаргҳои сабзи квазисуверенӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”