Баргашт Чоп кардан

ГУЛИСТОН. АРМУҒОНҲОИ ШАҲР БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ


Ҳар рӯзе, ки мегузарад, моро ба яке аз идҳои азизу муқаддас – Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, наздик мекунад. Миёни мардуми тоҷик аз қадимулайём як анъанаи хубе роиҷ аст, ки то ба имрӯз аз тарафи мо – ворисон, сарфи назар аз ҳама ҳолатҳои зиндагӣ, самимона, бо чеҳраҳои кушод, қалбҳои беғубор риоя мешавад. Ин анъанаи хуб – ҳама гуна иду рӯзҳои хотирмонро бо армуғонҳои сазовор истиқбол кардан аст.
Сокинони ҳимматбаланду ватандӯсти шаҳри Гулистон ҳамчун дигар манотиқи азизи кишвар мехоҳанд, ки Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гиранд. Бо ин мақсад, дар шаҳри Гулистон баҳри истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 280 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Дар маркази шаҳр нақшаҳои муайяншуда сад дарсад ба иҷро расиданд. Яъне, 147 иншооти пешбинишуда пурра бунёд ёфт.
Аз рӯйи тақсимоти нақшаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 280 иншоот бояд ба истифода дода мешуд, вале бо талоши соҳибкорони бонангу номуси шаҳру шаҳракҳо то имрӯз 287 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 102,5 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Боиси ифтихори сокинони шаҳри Гулистон аст, ки солҳои охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи иншооти сершумори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ иштироку суханронӣ карда, ба соҳибкорони бонангу номуси Гулистон изҳори сипос намудаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, соҳибкорони ватандӯст бунёдкориву созандагиро дар самти иҷрои барзиёди нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам идома дода, саъю талош доранд, ки саҳми арзандаи хешро дар ин иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкорӣ гузоранд ва ба ҷаҳониён худро чун ворисони сазовори тамаддунсози Сосониёну Сомониён муаррифӣ намоянд.


Ҷовиди АШТӢ, рӯзноманигор


SHOHIN AIRLINES. ФАРМОИШИ ЧОР ҲАВОПАЙМОИ СИЛСИЛАИ AIRBUS A320NEO
Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» аз фармоиши чор ҳавопаймои Airbus A320neo иттилоъ медиҳад. Ин аввалин фармоиши ҳавопаймоҳои Airbus барои Ширкати ҳавопаймоии мазкур буда, теъдоди онҳо аз ҳар ду тамға: A320neo ва A321neo дутоӣ мебошад.
Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз», ки моҳи июни соли 2025 ба қайд гирифта шудааст, тасмим дорад шабакаи васеи хатсайрҳо ва бренди устуворро ташаккул дода, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоён намояндагӣ кунад.
Ҳавопаймоҳои A320neo 176 ва A321neo 196 ҷойи нишасти дараҷаҳои бизнес ва эконом дошта, ба Ширкат имкони роҳандозии парвозҳои минтақавӣ ва байналмилалиро фароҳам меоранд.
Директори генералии Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” Зафар Аҳмадзода дар ин маврид чунин гуфт: «Тасвиби шартномаи нахустин бо "Airbus" на танҳо барои "Shohin Airlines", балки барои авиатсияи граждании Тоҷикистон низ рӯйдоди муҳим ва иқдоми рамзӣ аст. Ҳавопаймоҳои силсилаи A320neo асоси маҷмааи муосиру самаранок ва экологии Ширкати ҳавопаймоии мо хоҳанд буд. Мекӯшем барои мусофиронамон сатҳи баланди бехатарӣ, бароҳатӣ ва сифати хизматрасониҳоро таъмин намуда, ҳамзамон, алоқаи ҳавоии Тоҷикистонро вусъат диҳем. Итминон дорем, ки шарикӣ бо "Airbus" барои рушди густурдаи "Shohin Airlines" ва татбиқи стратегияи мо оид ба таъсиси ширкати ҳавопаймоии сатҳи ҷаҳонӣ заминаи устувор мегузорад».
Бенуа де Сен-Экзюперӣ, ноиби президенти иҷроияи "Airbus", оид ба фурӯши ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ, роҷеъ ба мавриди фавқуззикр назарашро ин тавр баён намуд: «Истиқболи фармоишгари нави оилаи "Airbus" бароямон хушоянд аст ва ифтихор дорем, ки "Shohin Airlines" бо оғози фаъолияти худ маҳз "Airbus"-ро интихоб кард. Аз дастгирии талошҳои "Shohin Airlines" барои таҳкими равобити Тоҷикистон бо ҷаҳон ниҳоят хушҳол ҳастем. Созишномаи батасвибрасида оғозбахши ҳамкориҳои эътимодноку мустаҳкам буда, ба Ширкати ҳавопаймоӣ имкон медиҳад, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият стандартҳои нави минтақавиро дар самти мукаммалсозии маҷмааи ҳавопаймоӣ, самаранокии амалиётӣ ва сифати хизматрасониҳо муқаррар намояд».
Бояд гуфт, ки ҳавопаймоҳои A320 маъмултарин силсилаи ҳавопаймоҳои камбар буда, аз саросари ҷаҳон беш аз 20 000 маротиб фармоиш шудаанд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»