ВАЗОРАТИ МОЛИЯ
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,3 дарсад иҷро шуд
Бо назардошти тамоюли мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад дар сатҳи 114,3 дарсад иҷро шуда, ба хазина 36,4 миллиард сомонӣ ворид гардид.
Иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҳисоби Кумитаи андоз 123,3 дарсад ё 17,4 миллиард сомонӣ ва Хадамоти гумрук 107,6 дарсад ё 7,8 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Ин матлабро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон ироа дошт.
Ба иттилои вазир, барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ҷиҳати пешрафти соҳаҳо дар кишвар бо шарикони рушду созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкориҳо боз ҳам тақвият ёфта, 17 созишномаи қарзию грантӣ дар самти татбиқи 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 386,9 миллион доллари ИМА имзо гардид. Дар ин радиф, 2-юми июли соли равон бо Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 495,5 миллион доллари ИМА созишномаи грантӣ ба тасвиб расид, ки 300 миллиони он ба сохтмони НБО “Роғун” пешбинӣ гардидааст.
НУСРАТУЛЛО ДАВЛАТЗОДА:
“Афзоиши даромадҳои андозӣ гувоҳи рушди истеҳсолот аст”
Тайи шашмоҳаи аввали соли равон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар сатҳи 123,3 дарсад таъмин шуда, ба буҷети давлатӣ 17 миллиарду 402,5 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 3 миллиарду 292,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳои дигар дар ВМКБ ба анзодаи 100,2 дарсад, вилоятҳои Хатлон 103, Суғд 106,3, шаҳри Душанбе 126,7 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 109,4 дарсад ба иҷро расидааст. Пардохти андозҳо тибқи нақша аз ҷониби андозсупорандагони калон 141,6 дарсадро ташкил медиҳад.
Раиси Кумитаи андоз афзоиши истеҳсолотро сабаби асосии зиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои андозӣ арзёбӣ намуд.
Ташрифулло САЪДУЛЛО
ДДТТ
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино хориҷиён аз 32 давлат ихтисос мегиранд
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шумораи донишҷӯёни хориҷӣ назар ба соли 2025 афзоиш ёфта, айни замон 2161 нафарро аз 32 кишвари ҷаҳон ташкил медиҳад.
Дар ин бора ректори Донишгоҳ Нуриддин Муҳиддин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Таъкид гардид, ки Донишгоҳ дар самти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ аз рӯйи ҳафт ихтисос – «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология», «Фарматсия», «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» мутахассис омода месозад. Имрӯз дар ин боргоҳи илму дониш 14 ҳазору 879 донишҷӯ таҳсил дорад, ки нисбат ба соли пеш 1107 нафар зиёд мебошад. 7304 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Маҷаллаи илмии «Паёми Сино»-и Донишгоҳ ба Пойгоҳи байналмилалии маълумотии библиографии «Scopus» шомил гардид, ки дастоварди шоён аст.
Сайфиддин СУННАТӢ
ДДОТ
РОБИТАҲОРО БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ХОРИҶӢ ГУСТАРИШ МЕДИҲАД
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки Донишгоҳ ҳамчун муассисаи илмӣ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS (Elsevier) ба қайд гирифта шуд.
Ба гуфтаи мавсуф, Донишгоҳ робитаҳоро бо муассисаҳои таҳ-силоти олии хориҷӣ густариш медиҳад. Дар доираи барномаҳои табодули академӣ 26 донишҷӯ барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус, Корея ва Қазоқистон фиристода шуд. Инчунин, 2 омӯзгор барои такмили ихтисос ба Русия ва Олмон ва 16 нафар баҳри иштирок дар конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ба Англия, Фаронса, Русия, Ҳиндустон, Туркманистон, Озарбойҷон, Корея, Чин ва Ӯзбекистон сафари эҷодӣ кард. Теъдоди донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳ дар ҳама зинаҳои таҳсил 350 нафарро ташкил медиҳад, ки аз Афғонистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон, Русия, Чин ва Корея мебошанд.
Дар Донишгоҳ 19 ҳазор донишҷӯ (6 ҳазор рӯзона ва 13 ҳазор ғоибона) таҳсил дошта, таълим аз рӯйи 93 ихтисос ба роҳ монда шудааст.
Кароматулло АТО