![]()
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2026»
Дар ин филворд насаби футболбозҳои маъруфи Чемпионати ҷаҳон – 2026 аз мунтахаби кишварҳои гуногуни олам ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
ҶАВОБ БА КАЛИДКАЛИМА АЗ ШУМОРАИ 17-УМИ ИЮЛ (№140):
1. Фаридунсиришт 2. Дурустпаймон 3. Кишоварздухтарон 4. Азросухан 5. Афсонатироз
6. Ваҳшатхиром 7. Фасонамоил 8. Фасоҳатбаён 9. Тасаллидушман 10. Надоматофарин
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 935 35 51 50
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ТИМИ ИСПАНИЯ ПЕШ АЗ ЧЕМПИОНӢ ХӮРОКҲОИ ТОҶИКӢ ХӮРДАНД
Ҳайти тими мунтахаби Испания ҳангоми дар Лос Анҷелес буданашон аз хӯрокҳои омоданамудаи ошпази тоҷик Фарҳод Расулов тановул карданд.
Ба иттилои ТВ “Варзиш”, Фарҳод Расулов зодаи ноҳияи Нурободи Тоҷикистон буда, дар шаҳри Душанбе ба воя расидааст. Ӯ чанд соли охир дар шаҳри Лос-Анҷелес ҳамчун ошпази касбӣ фаъолият мекунад ва соҳиби тарабхона мебошад. Бо маҳорати баланди худ Фарҳод имкони омода кардани таом барои яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои футболи ҷаҳонро пайдо кард. Пеш аз финали Ҷоми ҷаҳон футболбозони мунтахаби Испания маҳз аз таомҳои пухтаи ӯ тановул карданд.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ҶОРҶ БЕСТ
Давидан ба хотири зинда мондан
Дар таърихи футболи Ирландияи Шимолӣ бозигарони достонзеб зиёд нестанд. Аммо порае аз зиндагиномаи яке аз онҳо дар ҳақиқат қаҳрамониро мемонад. Сухан дар бораи Ҷорҷ Бест, узви дастаи «Манчестер Юнайтед», меравад. Ҷорҷе, ки дар айни бозӣ хабар меёбад, ки ба ҷонаш сӯиқасд хоҳад шуд.
Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки октябри соли 1971 террористони зархарид ба хотири маблағи калон кӯшиш мекунанд Ҷорҷ Бестро дар майдон ҳадафи тир қарор диҳанд. Вақте полис аз қазия варзишгарро огоҳ сохта, пешниҳод мекунад, ки берун аз майдон дар ҳимояти онҳо бошад, Ҷорҷ чунин посух медиҳад:
– Дар майдон қариб, ки беист медавам. Чунин ҳолат ба нишон гирифтани ман аз сӯйи зархаридон ғайриимкон мегардад. Бинобар ин, аз он ки дар ҷоям беҳаракат мешинам, дар майдон буданам беҳтар ва бо ҳамин то ҳуштаки охири довар бозӣ мекунад.
Аҷиб аст, баъдтар худи Ҷорҷ қоил мешавад, ки дар ягон бозӣ то ин ҳад зиёд ва тез надавида буд.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
ҶОМИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ–2026
ХОТИРМОНТАРИН МУСОБИҚА
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол–2026 бо чандин навоварӣ ва рекордҳо дар хотираи мухлисон боқӣ хоҳад монд.
Мусобиқа бори аввал бо иштироки 48 дастаи миллӣ баргузор гардид. Яке аз рӯйдодҳои бесобиқа он буд, ки мусобиқа, ҳамзамон, дар се кишвар – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор шуд. Мексика бошад, аввалин кишвар дар ҷаҳон гардид, ки бори сеюм мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол шуд.
Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, инчунин, бо истифодаи васеи технологияҳои нав фарқ мекард. Аз ҷумла, низоми VAR, технологияи муайян кардани гол, низоми нимахудкори муайян кардани ҳолати офсайд ва тӯби дорои сенсори электронӣ барои баланд бардоштани дақиқии доварӣ истифода шуданд.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ
ҚИССАИ ҶОМИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ
Пас аз он ки Бразилия соли 1970 сеюмин маротиба дар Чемпионати ҷаҳон ғолиб шуд ва ҳаққи абадӣ нигоҳ доштани Ҷоми аввалинро ба даст овард, FIFA озмуни кушодаро барои тарҳи нави Ҷом эълон намуд. Дар озмун ҳайкалтарош Силвио Гас-занига аз Милани Италия ғолиб омад.
Аммо аввалин Ҷом, ки соли 1930 дар нахустин Чемпионати ҷаҳонии футбол пешниҳод гардида буд, аз ҷониби ҳайкалтароши фаронсавӣ Абел Лафлер тарҳрезӣ шудааст. Он соли 1970 аз қароргоҳи Федератсияи футболи Бразилия дуздида шуда, то ҳол пайдо нагаштааст.
Ҷом, ки капитани дастаи ғолиб пас аз финал онро болои сар мебардорад, 36 сантиметр баландӣ ва 6,175 кг вазн дорад. Он аз 5 кило тиллои 18-карата (пробаи 750) иборат аст. Қисмати поёнаш бо ду ҳалқаи сабзи малахит оро дода шудааст, ки рамзи майдони футбол мебошад. Воқеан, Ҷоми Чемпионати ҷаҳонии футбол дар арафаи баргузории ин мусобиқа соли 2018 дар Русия ба Тоҷикистон оварда шуд. Онро футболбози маъруфи ҷаҳон, чемпиони ҷаҳон ва Аврупо, собиқ нимҳимоятгари мунтахаби Фаронса Кристиан Карамбе ҳамроҳӣ кард. Ҷомро дар Кохи Борбад ҳазорон нафар диданд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
МУКОФОТПУЛИИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2026 ЧӢ ҚАДАР БУД?
Бо истинод ба Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), сомонаи “business-gazeta.ru” хабар медиҳад, ки фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳонии футбол – 2026-ум 871 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Гуфта мешавад, ки тими миллии Испания барои пирӯзӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз соҳиби 51 миллион доллар гардид. Ҳамзамон, бори аввал дар таърихи футбол FIFA ба ғолибон ангуштарии чемпионӣ тақдим намуд.
Барандаи мақоми дуюм – мунтахаби Аргентина – 34 миллион доллар ва соҳиби ҷойи сеюм – дастаи миллии Англия – 30 миллион доллар гирифтанд.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛО
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2026
* Унай Симон, дарвозабони тими миллии Испания, 609 дақиқа ба дарвозааш гол сар надодааст, ки рекорди нав дар таърихи мусобиқа маҳсуб меёбад.
* Эрлинг Ҳоланд нахустин бозигари аврупоии асри 21 шуд, ки дар ҳар кадоме аз чор бозии аввали худ дар Чемпионати ҷаҳон гол задааст.
* Аз 49 зарбаи пеналтии таъиншуда танҳо 32-тоаш ба ҳадаф расид (65,3%). Ин бадтарин нишондиҳанда дар таърихи мусобиқа ба шумор меравад.
* Марокаш ба аввалин дастаи миллии африқоӣ дар таърих табдил ёфт, ки дар ду Чемпионати ҷаҳон пай дарпай ба марҳалаи чорякфинал роҳ ёфт.
* Бори аввал дар таърихи Чемпионати ҷаҳон се футболбоз дар як мусобиқа ҳафт ё зиёда аз он гол задааст. Инҳо Килиан Мбаппе, Лионел Месси ва Эрлинг Ҳоланд мебошанд.
* Дар бозии чорякфинал бар зидди Фаронса, бозигарони Парагвай аз 183 партофт танҳо 99-тоашро (54%) бомуваффақият анҷом доданд. Ин пасттарин нишондиҳандаи дақиқии партофтҳо дар бозиҳои марҳалаи плей-оффи Чемпионати ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Аз русӣ тарҷумаи С. АШУРОВ
ПРЕЗИДЕНТИ FIFA МЕХОҲАД ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН
64 ДАСТА ШИРКАТ КУНАД
Президенти FIFA Ҷанни Инфантино зиёд кардани дастаҳоро дар Чемпионати ҷаҳонии футболи оянда эълон кард. Тибқи нақшаи ӯ, 64 тим дар марҳалаи ниҳоӣ барои ҷоизаҳо рақобат хоҳанд кард. Соли равон дар Амрикои Шимолӣ дастаҳои иштирокчӣ 48 ва аз он пештар 32 буд. Инфантино дар ин бора зимни мусоҳиба бо “Blue Sport” изҳори назар карда, афзудааст: "Мо бояд дар ҳар сурат, пас аз Чемпионати ҷаҳон дар ин бора фикр кунем".
"Мусобиқа бо иштироки 48 даста хеле хуб буд. Ҳамаи дастаҳо сатҳи баланди бозиро нишон доданд. Нуҳ тим аз даҳ дастаи африқоӣ ба плей-офф роҳ ёфтанд. Дар Чемпионати ҷаҳонии қаблӣ Африқоро танҳо панҷ даста намояндагӣ мекард. Ин бори дигар тасдиқ мекунад, ки ба ҳамаи дастаҳо додани имкони бозӣ кардан дар Чемпионати ҷаҳон то чӣ андоза муҳим аст", – шарҳ додааст, президенти FIFA.
Тибқи нақшаи нав, дастаҳо дар Чемпионати ҷаҳонии оянда метавонанд ба 16 гурӯҳ тақсим шаванд. Ин, маънои онро дорад, ки 128 бозӣ баргузор мешавад, 24 бозӣ бештар аз Ҷоми ҷаҳонии соли 2026.
Чемпионати ҷашнии ҷаҳонии соли 2030 (100-солагӣ) дар Испания, Португалия, Марокаш, Аргентина, Уругвай ва Парагвай баргузор мешавад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ЛИОНЕЛ МЕССИ БЕҲТАРИН БОЗИГАРИ ЧҶ – 2026
Тибқи иттилои сомонаи “sportilinet.kz”, Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол ҳамлагари мунтахаби Аргентина Лионел Мессиро беҳтарин бозигари Чемпионати ҷаҳон оид футбол – 2026 эълон намуд.
Бояд тазаккур дод, ки Мессии 39-сола дар 8 бозии ин мусобиқа 8 тӯб ба самар расонда, 4 партофти головар анҷом дод.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи байналмилалии футбол нимҳимоятгари тими миллии Испания Родри (Родриго Эрнандес)-ро беҳтарин бозигари Чемпионат эътироф кард.
Таҳияи Фарзона АБДУЛЛО
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БЕҲТАРИН БОЗИГАР
– Шунидам, ки футболбози касбӣ шудаӣ.
– Бале, қариб чор сол мешавад.
– Хайр, чанд гол дар номат сабт кардӣ?
– Ҳисобашро гум кардам, шояд аз сесадто ҳам гузашт.
– Оҳо, чаро номатро дар рӯйхати беҳтарин бозигарҳо намебинам.
– Шумо рӯйхати бадтарин дарвозабонҳоро бинед.
Таҳияи Ф. Раҳмонзода
АҶИБ
Капитане, ки аниқ аз ноадолатиҳои пайдарпайи довар ба ғазаб омада буд, пеш аз баланд шудани охирин садои ҳуштак фурсат ёфта мепурсад:
– Мебахшед, сагатон чӣ лақаб дорад?
– Ман саг надорам, – бо ҳайронӣ мегӯяд довар.
– Аҷиб, дар шаҳраки мо шахсони нобино ҳатман саг мегиранд.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
ХУШҲОЛИИ МОДАР БАРТАР АЗ ҲАР ЧИЗ
Вақте тими миллии Испания дар Чемпионати ҷаҳонии футбол ғолиб шуду ҳамаи бозингарон дар майдон пирӯзиашонро ҷашн мегирифтанд, нимҳимоятгари ин тим Нико Уилямс дунболи як нафар мегашт – модараш.
Байни он ҳама шавқу шӯр ва наворбардорҳо модарашро пайдо карду медали тиллояшро ба ӯ тақдим сохт. Ин барои хелеҳо як ҳаракати эҳсосӣ буд, вале вақте достони зиндагиашонро бидонем, мефаҳмем, ки он модар воқеан, сазовори медали тиллост.
Солҳо пеш падару модари Нико барои сохтани як зиндагии беҳтар кишвари Ганаро тарк карда, бо пардохти тамоми пасандозашон кӯшиш намуданд, ки бачаҳояшон ояндаи беҳтар дошта бошанд. Солҳо баъд ҳамон бачаҳо табдил ба футболбозони касбӣ шуданд. Нико баъд аз расидан ба бузургтарин ифтихори даврони футболбозиаш аввалин касе, ки хост хушҳолаш кунад, модараш буд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ
Соли 2007, аксбардор Ҷоан Монфорт аз иқдоми хайрияи UNICEF барои рӯзномаи “Diari Sport” сурат мегирифт, ки дар он кӯдакони хурдсол иштирок карданд. Оилаи Ламин Ямал тасодуфан имкони аксбардориро бо бозигари 19-солаи “Барселона” Лионел Месси ба даст овард.
Месси кӯдакро дар оғӯш гирифт ва ҳатто ӯро дар тағора шуст. Маҳз ҳамин акс баъдтар машҳури ҷаҳон шуд.
Аксҳо қариб 17 сол фаромӯшшуда монданд. Тобистони соли 2024, вақте ки Ламин Ямал дар Чемпионати Аврупо дурахшид, падараш ин аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо зернавишти "Оғози ду достон" нашр кард.
Ин қисса соли 2026 боз ҳам рамзӣ гардид. Дар Чемпионати ҷаҳон Ламин Ямал, ки ҳамагӣ 19 сол дорад, бо рақами 19 дар ҳайати тими миллии Испания ба майдон баромад ва дар финал бо Месси вохӯрд.
Хулоса, Ламин Ямал дар таърихи футбол аввалин бозигаре шуд, ки то 19-солагӣ ҳам дар Чемпионати Аврупо ва ҳам дар Чемпионати ҷаҳон ғолиб омадааст. Ямал 19-уми июл, бо рақами 19, бо гузашти 19 сол аз замоне ки Мессии 19-сола, бозигари «Барселона» бо рақами 19, дар тағора ӯро мешуст, чемпиони ҷаҳон шуд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
10 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ ПАС АЗ КАРЙЕРА АЗ ФУТБОЛ ДУР ШУДАНД
4. ҶОРҶ ВЕА
Ягона дорандаи “Тӯби тиллоӣ” аз Африқо Ҷорҷ Веа ба сиёсат гаравида, шаш сол Президенти Либерия буд.
Соли 1995 ӯ аз ҷониби ФИФА беҳтарин бозигари соли ҷаҳон, Аврупо (тӯби тиллоӣ) ва Африқо эътироф гардид. Яке аз ду барандаи ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" аст, ки ҳеҷ гоҳ дар Ҷоми ҷаҳон бозӣ накардааст (дигараш Ҷорҷ Бест мебошад).
Пас аз ба нафақа баромадан аз футбол, Веа ба фаъолиятҳои башардӯстона ва сиёсӣ машғул шуд ва соли 2005 барои президентии Либерия номзад шуд, аммо мағлуб гашт. Соли 2017 дар даври аввали интихоботи президентии Либерия Веа бо 39% овозҳо ҷойи аввалро гирифт ва бо Ҷозеф Бокайе ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар даври дуюм пирӯз ва 25-ум Президенти Либерия шуд ва то соли 2023 дар ин мансаб фаъолият кард.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ