![]()
Сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Муғулистон на танҳо як рӯйдоди муҳим дар сиёсати хориҷии кишвар, балки қадами нав дар роҳи таҳкими муносибатҳои ду давлате мебошад, ки бо вуҷуди дурии ҷуғрофӣ манфиатҳои муштараки сиёсӣ, иқтисодӣ ва минтақавӣ доранд. Музокироти сатҳи олӣ бори дигар собит сохт, ки Душанбе ва Улан-Батор омодаанд ҳамкориҳои худро аз доираи муколамаи сиёсӣ фаротар бурда, ба ҳамкориҳои воқеии иқтисодӣ ва сармоягузорӣ табдил диҳанд.
Сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар соли 2025 ба Тоҷикистон ва сафари ҷавобии Пешвои миллат ба Муғулистон аз идомаи мантиқии сиёсати ҳамкориҳои созандаи ду кишвар дарак медиҳад. Маҳз дар натиҷаи сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба рушди минбаъда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба, инчунин даҳ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадҳо соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, илм, фарҳанг, сайёҳӣ, ҳолатҳои фавқулода ва таҳқиқоти стратегиро дар бар гирифта, муносибатҳои ду кишварро ба марҳалаи сифатан нав ворид намуданд.
Муғулистон барои Тоҷикистон танҳо як шарики сиёсӣ нест. Ин кишвар ҳамчун давлати маҳсур дар хушкӣ таҷрибаи арзишманд дар масъалаҳои рушди инфрасохтор, истифодаи захираҳои табиӣ, чорводорӣ ва идоракунии минтақаҳои васеи чарогоҳӣ дорад. Тоҷикистон бошад, дар самтҳои гидроэнергетика, истифодаи захираҳои об, ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои обу иқлим ва рушди «иқтисоди сабз» таҷрибаи ғанӣ андӯхтааст. Маҳз ҳамин хусусиятҳо муносибатҳои ду кишварро тақвият медиҳанд.
Яке аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ энергетика мебошад. Ҷониби Муғулистон, аллакай, ба омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар сохтмон ва истифодаи неругоҳҳои барқи обӣ ҳавасмандӣ зоҳир кардааст. Дар шароите, ки масъалаи гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҷаҳон аҳамияти бештар пайдо мекунад, таҷрибаи Тоҷикистон метавонад барои Муғулистон низ муфид бошад.
Ҳамзамон, ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ низ дорои имкониятҳои васеъ мебошад. Муғулистон аз кишварҳои пешсафи минтақа дар соҳаи чорводорӣ маҳсуб мешавад, Тоҷикистон бошад, барои рушди боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи бой дорад. Аз ин рӯ, табодули таҷриба, татбиқи технологияҳои нав ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ метавонанд ба рушди иқтисоди ҳар ду кишвар мусоидат намоянд.
Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар созмонҳои байналмилалӣ низ намунаи ҳамдигарфаҳмии сиёсӣ мебошад. Муғулистон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо пуштибонӣ намуда, Тоҷикистон низ ташаббусҳои Муғулистонро дар масъалаҳои марбут ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ дастгирӣ мекунад. Ҳар ду давлат ҷонибдори таҳкими амният, мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Дар маҷмуъ, сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Муғулистон аҳамияти бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад. Ин сафар нишон дод, ки Тоҷикистону Муғулистон ба шарикии дарозмуддат манфиатдоранд ва барои истифодаи имкониятҳои нав иродаи сиёсӣ доранд. Агар санадҳои имзошуда амалӣ шаванд, солҳои наздик муносибатҳои ду кишвар метавонанд аз ҳамкориҳои анъанавии сиёсӣ ба шарикии воқеии иқтисодӣ ва стратегӣ табдил ёбанд. Ин на танҳо ба манфиати Тоҷикистону Муғулистон, балки ба таҳкими ҳамкориҳо ва суботи тамоми минтақа низ мусоидат хоҳад кард.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»