Рости гап, аз сафари эҷодии муштарак – «Корвони журналистон» ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷаҳон-ҷаҳон таассурот бардоштам. Воқеан ҳам, муваффақият, дастовардҳои бузурги ҳамдиёрон дар ҳама бахшҳо: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу варзиш касро ба ваҷд меорад.
Солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мо тадбирҳои бузурги созандагиро амалӣ намуданд, ки онҳо боиси рушди иқтисодӣ, ифтитоҳи ҳазорон корхонаҳои хурду бузург, таъсиси ҳазорон ҷойи нави кор, шарик шудан ба бозори ҷаҳонӣ, бунёди шаҳракҳову неругоҳҳои барқи обӣ ва таъмини зиндагии осоишта гардиданд.
Зимни сафари “Корвони журналистон”-и вилояти Суғд ба шаҳри бостонии Истаравшан созандагию ободкориҳоро бо чашми худ дида, изҳори шодмонӣ кардам.
Абдусаттор Қодирӣ, раиси шаҳр, зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон дар бораи вазъи кунунии иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр ҳарф зада, иброз дошт: “Натиҷаи панҷмоҳаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр мувофиқи талаботи рӯз аст. Пардохти андоз 106 дарсад иҷро гардида, рушди саноат ба 114 фоиз расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Дар доираи истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ пурра амалӣ гашта, дар ин давра 990 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва иловатан боз 175 иншооти дигар то 9-уми сентябр сохта мешавад”.
Дар мавзеи Уяз раиси шаҳр моро бо майдони парвариши сабзавот ошно сохт. Гуфта шуд, ки соҳибкор Фирдавс Обидов замини солҳо боз бекорхобидаро ҳамвор карда, аз масофаи 5 километр об оварда, ба киштзор табдил додааст ва ин раванд идома ёфта, даштҳои бекорхобидаи ин мавзеъ бӯстон мегарданд. Дар оянда дар ин мавзеъ бунёди шаҳраки замонавӣ пешбинӣ шудааст.
Истаравшан дар парвариши ток ва картошка машҳур аст. Навъҳои ангури «кишмиш» ва «чиллагӣ» бо таъми хосаашон фарқ мекунанд ва ҳосилнокии картошка дар ин ҷо баланд аст.
Дар деҳоти Чорбоғ кишоварзон бори нахуст ба усули обёрии қатравии боронӣ гузаштанд, ки натиҷаи дилхоҳ мебахшад, инро мо – эҷодкорон, мушоҳида кардем, ки басо хотирмон аст.
Кишоварзӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти Истаравшан ба шумор меравад, аммо дар шароити саноатикунонии босуръати кишвар, соҳибкорони маҳаллӣ барои таъсиси корхонаҳои муосир қадамҳои муҳим мебардоранд. Дар шаҳр корхонаҳое, ки, асосан, ба истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот нигаронда шудаанд, қомат рост кардаанд. Аз ҷумла, ҶДММ "Адл" бозичаҳои кӯдакона, сечарха, электромобилҳои бачагона, дар маҷмуъ, беш аз 30 намуди маҳсулот истеҳсол менамояд, ки қаблан ин намуди бозичаҳову сечархаҳо аз хориҷи кишвар ворид мешуданд.
Дар ҶДММ "Асри обод", ки сарвари он ҷавонмарди ҷаҳондидаву ҳимматбаланд Умари Қодирҷон аст, ҷевону курсӣ, партаҳои мактабӣ, асбобҳои рӯзгори маишӣ истеҳсол мешаванд. Дар корхона аксаран бонувони маҳаллӣ фаъолият доранду маоши хуб ҳам мегиранд. Бонувони шаҳри Истаравшан дар дигар самтҳо, аз ҷумла ҳунармандӣ, маориф ва тандурустиву фарҳанг, низ хеле пеш мераванд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷумлаи нахустин корхонаи мустақил ва муаррификунандаи кишвар дар Истаравшан, бешубҳа, ҶСП "Оби зулол" аст, ки 26 сол боз ороишгари дастархони мо бо нӯшобаҳои гуногун аз меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Имрӯз маҳсулоти ин корхона боиси фахри кишвар аст.
Хулоса, истиқлолият моро зина ба зина ба боло, марҳала ба марҳала ба пеш мебарад. Албатта, шукр мегӯем, ки дар муҳити озоду ободи даврони соҳибистиқлолӣ зиндагӣ ва кор мекунем, месозем, хуррам мегардонем.
Ҷовиди АШТӢ, рӯзноманигор